Главная | Регистрация | Вход | RSS Понедельник, 06.05.2024, 15:51
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Февраль » 27 » Медведев ва Рахмон: аз музокирот то мохигирй
07:50
Медведев ва Рахмон: аз музокирот то мохигирй

Сафари рузи сешанбеи 24 феврали Эмомалй Рахмон, раиси чумхури Точикистон ба Маскав, аз нигохи банду басти дипломатй яке аз душвортарин сафархо дар таърихи раёсати чумхури окои Рахмон буд. Зеро раиси чумхури Точикистон ин бор дар шароите ба дидори хамтои руси худ мерафт, ки дар таърихи 17 солаи равобит бо Русия барои аввалин бор норизоятии худ аз сиёсатхои Маскавро баён намуда буд.
Карори маълум дар пайи мавзеъгирии ахири Медведев дар Тошканд, ки ба эътикоди Душанбе химояти ошкори Маскав аз манофеи Узбакистон ва нодида гирифтани манфиатхои Точикистон буд, вазорати хоричаи Точикстон маротиби эътирози худро ба сафорати Русия дар Душанбе баён намуд. Ба илова Эмомалй Рахмон ба мулокоти Медведев (2 феврал дар Маскав) хозир нашуд. Дар он рузхо бисёре аз доирахои расонайи ва коршиносй аз эхтимоли уручи Точикистон аз ниходхои минтакайи сухан ба миён оварданд ва пешбинй мекрданд, ки Душанбе ру ба суйи Гарб хохад овард. Аммо харгиз ин тавр нашудва бо як ё ду руз таъхир раиси чухури Точикистон ба Маскав дафар намуд ва дар нишастхои Иттиходияи Авруосиё ва Паймони амияти чамъй ширкат кард. Дар дидори кутохе, ки миёни Медведев ва Рахмон дар хилоли ин нишастхо баргузор шуд, раиси чумхури Русия аз хамтои точики худ даъват кард дар фурсати муносиб ба Маскав сафар кунад.
Фазои хоким дар махалли мулокото окоён Медведев ва Рахмон - хузури теъдоди ками хабарнигорон дар Завидово - баёнгар аз гайримаъмулй будани ин дидор буд.
Бар пояи навиштахои расонахои русй, дар махалли дустдоштаи хокимони вакти Шуравй хамрох бо Рахмон ба мохигирй пардохтани Медведев, ба ин маънй буд, ки Маскав барои рахбари Душанбе ахамият ва эхтироми вижае коил аст. Бо ин хол аз хамон огози музокирот, ки Дмитрий Медведев баъд аз саломуалейк хитоб ба хамтои худ аз ин дидор ба унвони саври дуввуми омодагихо ба мулокоти расмй ёд кард, мушаххас буд, ки дар нихоят тасмимоти чиддие дар ин дидор гирифта нахохад шуд. Аз лахни суханронии раиси чумхури Русия бармеомад, ки Маскав омодааст тамоми масъалахои марбут ба хамкорихои ду кишварро мавриди баррасй карор дихад.
Музокироти Медведев ва Рахмон пушти дархои баста анчом шуд, аз ин ру аз чузъиёти он гузорише дарёфт нашудааст. Дафтари матбуотии раёсати чумхурии Русия дар поёни руз зимни мусбат арзёбй кардани натичаи гуфтугухо, иброз дошт, ки дар бисёре азмасъалахои баррасй шуда, тавофукхои мавриди кабули ду тараф хосил шуд. Ин манбаъ афзуд, тарафайн тасмим гирифтанд, ки гуфтугу дар мавриди тарххои гидроэнергетикиро идома хоханд дод.
Вокеият он аст, ки тайи 2-3 соли охир робитахо миёни Точикистон ва Русия аз раванди маъмулй хорич шуда, ба сардй гароида аст. Аз тарзи бархурд ва рафтори Русия бо Точикистон бармеояд, ки гуё Маскав ба хадафхои мавриди назари худ дар ин кишвар даст ёфта, тамоили чандоне ба ичрои карордодхои имзошуда бо давлати Душанбе надорад. Ба иборати дигар, чунин коре ахамияти худро барои Русия бохтааст. Боло бурдани макоми лашкари Русия ба пойгохи низомй, ба ивази бахшидани карзхои Точикистон, вогузории пойгохи родории "Окно" ба Русия аз чумлаи ин хадафхои Русия унвон мешаванд. Дар он замон карордодхои калоне миёни ду кишвар ба имзо расид ва Русия ваъдаи сармоягузории 2 миллиард долларй дар иктисоди Точикистон ва такмили ниругохи Рогунро дод. Хамон гуна ки медонем, ин ваъдахо харгиз амалй ншуданд.
Коршиносони рус дар ин замина давлати Душанберо мукассир медонанд ва мегуянд ихрочи марзбонони рус аз марзи миёни Точикистон ва Афгонистон ва бекор кардани карордод бо ширкати "Рус Ал" икдомхое буданд, ки харгиз хушоянди Кремл набуданд.
Албатта дар робита ба ин ду мавзуъ гуфта мешавад, ки Точикистон дар чорчуби манфиатхои миллии худ амал намудааст,аммо маълум мешавад, ки доирахое дар Маскав интизороти дигареро дунбол мекардаанд.
Бархе аз сохибназараон дар остонаи сафари Эмомалй Рахмон ба Маскав, авзоъро ба нафъи Точикистон арзёбй мекараднд ва мегуфтанд раиси чумхур метавонад бо истифода аз ракобат миёни Русия ва Амрико имтиёзоти бештареро аз Маскав касб кунад (назири Киргизистон).
Амал накардани Русия ба карордодхо ва ваъдахояш дар нисбати Точикистон ин хакро ба Душанбе медихад, ки барои халли мушкилоти хеш ва бароварда намудани ниёзхояш роххои дигареро чустучу кунад. Дар Маскав низ ба ин вокеият эътироф доранд. аммо ба назар мерасад Дмитрий Медведев бар он шудааст, ки бархе иштибохоти Владимир Путинро ислох кунад. Вуруди амрикоихо ва умуман Гарб ба минтакаи стротегии Осиёи Марказй, ки бо чароги сабзи Путин сурат гирифт, аз нигохи рахбарони имрузи Маскав ба нафъи Русия нест. Аз ин ру Медведев талош хохад кард бо хар рохи мумкин хузури амрикоихо дар ин минтакаро махдуд ва заминаи ихрочи ононро фарохам кунад. Бо таваччух ба он ки вактхои охир рафту омади макомоти баландпояи Вашингтон ба Душанбе зиёд шудааст, Русия низ чойгохи дар сиёсатхои худ барои Точикистон боз намудааст ва моил нест миёни Маскав - Душанбе фосила эчод гардад. Ин албатта, фурсати хубе барои Точикистон аст. Дар Маскав ба хубй дарк карданд, ки Точикистон дар пайи гирифтани сиёсати чандсамтй, хамкорихо бо кишвархои мухталифро густариш додааст ва ин раванд дар ростои кохиши вобастагихо факат ба як кишвар хамчунон идома дорад. Аз суе, дар канори Амрико, Гарб ва кишвархои исломй Чин низ хузури худ дар Точикистонро пурранг намудааст. Яъне идомаи дилсардй аз Маскав наздикии Точикистонбаин кишвархоро бештар хохад кард. Ба иборати дигар,ахамияти Точикистон дар сиёсатхои геополитикии Русия ба куввати худ бокй аст. Аммо бим аз он меравад, ки дар тасмимгирихои Душанбе дар мавриди масъалахои хассос,эхсосот бар мантик чира шавад ва бархе макомоти точик манфиатхои шахсй ва гурухии худро аз манфиатхои миллй боло гузоранд.

 

Просмотров: 1444 | Добавил: did | Рейтинг: 4.7/3
Всего комментариев: 5
5 ShandSold  
0
Забавно читать :)

4 AgeworRew  
0
Этот пост — одно из немногих исключений, когда читаешь с удовольствием и что-то для себя выносишь. Спасибо Вам. Добавлю в избранноеhttp://voronezh.recikl.ru/ - . :)

3 gazels.ru  
0
Otlichno mne nravitsya.

2 Liska  
0
Аж читать приятно. Спасибо.

1 abusioxia  
0
У нас на сайте вы найдете:[url=http://filmsonline2012.ru/] кино новинки 2012
[/url]

Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Февраль 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz