Главная | Регистрация | Вход | RSS Понедельник, 29.04.2024, 08:16
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Апрель » 23 » Сугнома(Чанд харфе дар ёди Устод Тохири Абдучаббор)
06:57
Сугнома(Чанд харфе дар ёди Устод Тохири Абдучаббор)
Тохири Абдучаббор. Ин исм дар фазои сиёсю  маънавй ва идеологии Точикистони поёни умри императории Шуравй, рамз ва намоди бедории миллии точикон буд. Бо зухури ин ном дар афкори чомеаи точик андешае шакл гирифт, ки нахзати худшиносиро ба вучуд овард ва онро дар масири эчоди вахдат дар миёни тудаи мардум, карор дод.

 Тохири Абдучаббор бо таъсиси созмони "Растохез" аввалин сангари мухолифатро дар баробари хокимони комунист устувор кард. Хазорон рушанфикри чуёи хештани хеш дар саросари Точикистон ба сафхои ин созмони мардумй пайвастанд. Дар шахру нохияхои кишвар бахшхои созмони "Растохез" яке паси дигаре ташкил мешуданд ва мардум бо иштиёки зиёд дар нишастхо ва хамоишхои ин созмон хузур ёфта, ба суханони бедоргаронаи аъзои он гуши чон месупорданд.
 Тохири Абдучаббор ба минтакахо сафар мекард ва бо суханронихои хидояткунанда раванди худшиносию хакталабиро дар зехнхо ва калбхо рушан мекард.
 Мардуми точик садои "микрофони 6"-ро дар порлумон ба хубй дар ёд доранд. Андешахои шахшудаи хокимони вакт бо далелу мантик ба воситаи ин микрофон ва бо садои Тохири Абдучаббор рад ва рохи халли масъалахо баён мешуданд. "Микрофони 6" як навъ рамзи озодии баён, дигарандешй ва озодгуйи буд. Ба иборати дигар, Тохири Абдучаббор нишон дод,  дар чомеа андешаи дигаре созандатар аз андешаи хокимон метавонад буда бошад ва дигарандеш будан харгиз ба маънии "душмани халк" будан нест. У сухан мегуфт, бомантиктар ва илмитар аз харфхои хар раисе, аммо харгиз дар сар хаёли раис шуданро намепарварид. Ин хислатест, ки хамагон онро дар шахси Тохири Абдучаббор дидаанд ва ба хубй дарк кардаанд, ки ин родмард харгиз дар сар хавои садорату раёсат надошт...
 Имруз дар хамаи ёдворахое, ки дар бораи Тохири Абдучаббор ба табъ расидаанд, аз у ба некй зикр шудааст, яъне бар асоси таомул, мо точикон ба кадри инсонхо дар вакте мерасем, ки кайхо дер шудааст. Дар зиндагй ва замони беморй Тохири Абдучаббор харчанд дар халкаи дустону пайвандон, аммо танхо буд.Вай бо хазорон хасрат он Точикистонеро ки орзу дошт ва барояш талош кард, надида рафт.
 Имруз мо бояд аз худ суол кунем:Оё мерасад замоне, ки дар ТОЧИКИСТОН "магзхоро" кадр кунанд?
 Рохкоре  барои халли ин мушкил:кадрнашносй аз андешамандон ва мутафаккирон, ки хамчунон гиребонгири чомаеи мост, бояд пайдо кард!!!

 

 

 

Просмотров: 1372 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz