Главная | Регистрация | Вход | RSS Понедельник, 29.04.2024, 08:01
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Апрель » 29 » Узбакистон ва Точикистон: шарик ё ракиб?
17:06
Узбакистон ва Точикистон: шарик ё ракиб?
 

Решаxои ихтилоф

   Нигохе ба тарзи бархурд ва руйкарди Узбакистон дар баробари Точикистон, ин акидаро таквият мекунад, ки давлати Тошканд ба хамсояи худ ба унвони як ракиб (агар на душман) дар тамоми заминахо рафтор мекунад.

 Бисёре аз коршиносон решахои ин хама сардй дар робитахои ду хамсояро бархоста аз робитахои шахсии ду раиси чумхур медонанд. Гурухи дигар аз таxлилгарон сабаби вазъи xоким дар муносибатxои Тошканд - Душанберо, ки дар нисбати дигар кишварxои минтақа низ ба мушоxида мерасад, xосили қудратталабиxои сарони узбак дар ростои ба даст гирифтани нақши раxбарй дар Осиёи Марказй медонанд.

 Воқият он аст, ки дар робитаxои ду кишвари xамсоя "як бому ду xаво" ба мушоxида мерасад: муносибати мақомот руз ба руз ба самти сард шудан пеш меравад, аммо мардуми оддй, пойбанд ба одобу суннатxо, алоқаxои xамсоягиро идома медиxанд.

 

 

Коршиканиxои Тошканд

 

 Узбакистон дар нахустин икдоми зиддиточикистонии худ, бо "мутақоид" кардани масъулони ширкати "Русал", ононро аз раванди сохтани неругоxи "Роғун" хорич кард. Сипас тамоми талоши худро ба харч дод ва тавонист Чинро аз ичрои қарордоди имзошуда бо Точикистон, дар мавриди сoхтани неругоxxо дар дарёи Зарафшон, боздорад.

 Бар асоси бароварди мутахассисон, ин ду иқдоми Тошканд зарбаи "нокдаункунандае" буд ба пайкари иқтисоди дар xоли эxёи Точикистон ва истиқлоли энергетикии ин кишварро барои чанд соли дигар ба қафо андохт. Зарару зиёнxои молии ин амалро бояд ба таври чудогона xисобу китоб кард.

 Акнун ба назар мерасад Узбакистон дар пайи ворид кардани зарбаи "нокаутовар" ба Точикистон аст. Карори маълум, Узбакистон тасмим гирифтааст аз тариқи созмонxо ва ниходхои байналмилалй Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишор қарор диxад, то аз сохтани неругоxxои азим дар дарёxои ба истилоx "фаромарзй" сарфи назар кунанд.Давлати Тошканд дар ростои расидан ба ин xадаф бо анчоми муомилаxое, Русия, Амрико ва давлатxои таъсиргузори аврупойиро дар чабxаи худ қарор додааст, то Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишорxои бештаре қарор диxанд. Аз номаи ахири Роберт Зеллик, раиси Бонки чаxонй ба Ислом Каримов бармеояд, ки дар айни xол дар арсаи дипломатй таxаввулот ба нафъи Узбакистон пеш меравад.

 

Узбакистон ва Точикистон: xамсоя ё ...

 

 Сардй дар робитаxои ду кишвари xамсоя аз ибтидои асри 21 оғоз шуд. Аввалин иқдоми кишвари xамсоя он буд  хати сарxад бо Точикистонро, ки дар бисёре аз минтақаxо xануз мушаххас нашуда буд, минагузорй кард ва дар ин бора на фақат назари давлати Душанберо чуё нашуд, балки конвенсиюн ва меъёрхои байналмилалиро зери по гузошт. Хосили ин амал кушта ва захмй шудани даxxо шаxрванди Точикистон (хатто шаxрвандони Узбакистон!) аст, ки xеч робитае ба гуруxxои терористй надоштаанд.

 Иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон бештар чанбаи дипломатй ва иқтисодй доштаанд. Дар заминаи дипломатй ин руйкардxо дар ширкат накардан ва ё xузури камранги мақомоти узбак дар нишастxои байналмилалй ва минтақайи ба мизбонии Душанбе хулоса мешуд. Аммо дар чанбаи иқтисодй xар аз гоxе қатъ кардани интиқоли газ ё барқ ба Точикистон аз чумлаи амалкардxои кишвари xамсоя будаанд. Дар ин радиф бояд аз таваққуфxои тулонимуддати борxое, ки ба воситаи қаламрави Узбакистон ба Точикистон транзит мешуданд, низ ёд кард. Бозчуйиxои бамавқа ва бемавқ аз шаxрвандони Точикистон тавассути  сарxадбонон, гумрукчиён ва милисаи узбак, аз дигар "коpномаи" кишвари бародар мебошад, ки бар раванди фосила гирифтани ду xамсоя аз якдигар, афзудааст.

 

Терористон аз Точикистон ба Узбакистон xамла мекунанд

 

 Рузи 8 апрел воxидxои вижаи Хадамоти амниятии Узбакистон (СНБ) ва вазорати дохилаи ин кишвар дар минтақаи Бекобод, дар наздикии марзи Точикистон машқxои низомй баргузор карданд. Бар асоси сенарияе, ки хадамоти амниятии ин кишвар таxия кард, як гуруxи терористон аз қаламрави кишвари бародар (Точикистон) барои гаравгонгирй вориди хоки Узбакистон шуданд... Алабатта натичаи ин тамрин он буд, ки неруxои шучоъи давлати Узбакистон ин терористонро нобуд карданд. Аммо нуктаи чолиб макони баргузории ин машкxо ва маxалли вуруди терористон аст: корхонаи оxани Бекобод xадафе буд,ки "терористон"  барои дастёбй ба он аз қаламрави Точикистон ворид шуда буданд. Ба эътиқоди аксари таxлилгарон ин мавзуъ тасодуфй нест, зеро корхонаи мазкур, ки гуфта мешавад баъзе аз таъсисоташ дар қаламрави Точикистон мебошанд, асбоби нигаронй ва ташвиши Тошканд аст. Хамин таxлилгарон вуруди "терористон" ба ин маxаллро як аломати рамзй ва маънидор аз тарафи мақомоти амниятии узбак, таъбир мекунанд.

 Аз ин чо баъзе хулосаxо зуxур мекунад, ки оё иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон ва Кирғизистон аз доираи диломатия хорич хохад шуд?

 

Рушанй дар охири тунел

 

 Дар нишасти ахири Остона, ки бо xузури раисони чумxури Осиёи Марказй ва ба манзури баррасии масъалаxои марбут ба кули Арал баргузор гардид, Ислом Каримов бар хилофи рузномаи нишаст ва  таъкидxои Нурсултон Назарбоев, мизбони ин нишаст, масъалаxои гидроэнергетикиро матраx кард, ки боиси эътирози шадиди раиси чумxури Точикистон гардид.

 Ин фоли неке нест. Аммо дар зимистони имсол, дар шароите, ки мардуми Точикистон аз сармо ранч мебурданд, масъулони вилояти Суғд дар ростои манфиатxои мардуми xамсоя истеxсоли неруи барқро коxиш доданд, то оби бештаре дар обанбори Қайроққум захира шавад ва кишоварзони узбак дар тобистон ба камбуди об ру ба ру нашаванд. Аз суи дигар давлати Тошканд руз хои 29-30 апрел мизбони нишасти комиссиюни муштараки ду кишвар буд, ки дар он тавофукхои мухиме дар ростои халли мушкилоти ду кишвар хосил шуд.

 Пас роxи xал вучуд дорад! Хеч зарурати кашондани пойи бегонагон ба минтақа барои "қозигй" ва "доварй" нест. Ду xамсоя метавонанд ба роxатй ва осонй мушкилоти xамдигарро баррасй ва xаллу фасл кунанд.

 Аммо ин нуктаро низ бояд таъкид кард, ки ёрй гирифтан аз кишварxои хоричй ва ниxодxои минтақайи, xар давлатеро вобастаи дигарон хоxад кард ва ин вобастагй дар канори такрори сарнавишти Саакшвилй, заминаи гирифториxои мардуми xамон кишвар ба бегонагонро бештар фароxам хоxад кард.

Просмотров: 1408 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 3
3 Bahrom  
0
Бародарони мухтарам! Мо хама бандагони Худо хастем ва хама даъвои Ислом ва Мусалмони дорем. Ва ин ду давлат Точикистон ва Узбекистон такрибан бисёри халкашон бо хамдигар хешу табор хастанд. Ва мо набояд бо онхо ки чунину чунон корхо кардаанд душмани кунем. Мо бояд як рохеро пеш гирем, ки хар дуи инхо дуст шаванд. Зеро ки дусти яке аз нишонаи мусалмонии мо мебошад. Ва Худованд кинагиру хасадхурро дуст намедорад. Ва мо хамаги мехохем ки кори хайре анчом дихем ва бо мукофоти ин ба Чаннат дохил шавем. Вале он душмание, ки бар алайхи онон мекунем чуноне, ки Садриддин дар боло гуфта гузашт. Ин окибати хубе надорад. Худо хохад нияти нек кунем Иншоаллох ба максад мерасем. Вале бо максад ва нияти бад хеч кас ба максад нарасидааст. Худо хамаи моро дар панохаш нигах дорад ва аз шарри душман низ.

2 Amir  
0
Намешавад ки мо, ба Узбакистон об надихем, барой чи мо барой онхо, замистон об чаъм мекунем дар обамборхо, як фасли бохор ва тобистон ба вайхо об надихем, мебинем ки чикор мекунан, вакте онхо ба инкадар бади мекунан, мо чи мутахамем ки сар хам мекунему местем, аз ин сар хам истодан кор ба ким кучо меравад.

1 Sadriddin  
0
Ба пиндори ман Узбакистон дар тули таърих харгиз шарики боэътимоди Точикистон набудааст ва факат ба зарари ин давлат кор кардааст.дар холе ки Узбакистон инро салох медонад, пас чаро мо коре накунем,манзур несту бадарга намудани он хама узбакхое ки имруз дар хама гуша канори Точикистон кору зиндаги мекунанд.Узбакистон нисбати хамсояи худ харгиз амали хаире накардааст, ки таърих шаходат бидихад.Аслан наметавон ахли ин сарзаминро аз начоди наздик ба худ номид.Узбакистон чун як зани бахилу хасуд менамояд, ки аз муваффакиятхои Точикистон азият мекашад.Хулоса Узбакистонро наметавон шарики Точикистон номид.

Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz