Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 05.05.2024, 04:00
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Май » 16 » Андичон баъд аз чахор сол
18:08
Андичон баъд аз чахор сол
Чаҳор соли пеш дар рузҳои 12-13 майи соли 2005 баъд аз он ки додгоҳи шаҳри Андичон 23 тан аз точирони маҳаллиро ба иттиҳоми робита бо гуруҳҳои тундрав ва ҳамкорй бо Акрам Юлдошев (раҳбари чараёни "Акрамия") маҳкум ва равонаи зиндон кард, мардум дар дифоъ аз ин афрод ба хиёбонҳо рехтанд. Шаби 12 ба 13 май афроди мусаллаҳ  ба зиндони маҳаллй ҳамла намуда ҳудуди 1600 нафарро озод карданд. Сипас ин афрод бинои ҳукумати вилоятро низ ишғол карданд. Рузи 13 май неруҳои мусаллаҳи Узбакистон вориди амал шуданд ва тазоҳуркунандагонро ба рагбори оташ бастанд...
 Бино ба гуфтаи мақомоти расмй дар ин даргириҳо 30 нафар кушта шуданд, аммо манбаъҳои мустақил шумори кушташудагонро беш аз 300 нафар эълом карданд.Баъдан ин рақам то 800 нафар афзоиш ёфт.

 Ба3д аз ин ҳодисаҳо давлатҳои ғарбй зимни маҳкум кардани амалкарди давлати Тошканд, дархост намуданд, ки ин руйдод тавассути коршиносони мустақил мавриди таҳқиқ қарор гирад. Аммо Тошканд бо маҳкум кардани чунин дархостҳое, онро дахолат дар корҳои дохилии худ арзёбй кард. 23 ноябри соли 2005 Иттиҳодияи Аврупо ва Конгресси Амрико алайҳи мақомоти узбак таҳримҳо чорй карданд.

 Дар он айём мавзеъгирии давлатҳо нисбат ба руйдодҳои Андичон гуногун буд. Қудратҳои Шарқу Ғарб ниҳояти талошро намуданд, то аз ин фурсат барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ кор гиранд. Чин бо ҳимоят аз мавзеъҳои Тошканд, бар тамоилоти Узбакистон барои густариши робитаҳо бо Пекин афзуд. Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дар аввалин сафари хоричии худ баъд аз ҳодисаҳои Андичон ба Чин сафар кард ва рузи 25 май дар Пекин миёни ду кишвар қарордоди дустй ва ҳамкорй ба имзо расид.

 Русия низ бо истифода аз сардии робитаҳо миёни Узбакистон ва Ғарб дар пайи таҳкими чойгоҳи хеш дар ин кишвар баромад. Дар пайи ҳимоятҳои Маскав аз мавзеъҳои мақомоти Тошканд дар арсаи байналмилал, Узбакистон дар иқдодмоти чавобй хуручи худро аз созмони ГУУАМ (ки як ниҳоди зиддирусй тавсиф мешавад)ро эълом кард. Аз суйе рузи 16 август соли 2006 дар Сочй узвияти Узбакистон дар Паймони амнияти чамъй дубора барқарор шуд.

 Дар ин миён кишварҳои ғарбй ва ниҳодҳои мудофеи ҳуқуқи башар пайваста талош карданд то имкони анчоми таҳқиқоти мустақил аз руйдодҳои Андичонро касб кунанд, аммо то кунун ин талошҳо натичае ба ҳамроҳ надоштааст. Бар асоси гузориши созмони "Мемориал" (Маскав) баъд аз ҳодисаҳои Андичон 357 нафар, аз чумла 40 хабарнигор ва фаъоли ҳуқуқи башар ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодисаҳо муҳокима ва мучозот шуданд.

 Дар чаҳорумин солрузи ҳодисаҳои Андичон паноҳандагони узбаки муқими Шведсия бо тачаммуъ дар муқобили бинои порлумони ин кишвар дар Стокголм, ёди қурбониёни ин рузро гиромй доштанд. Дар ин гирдиҳамойи 50 нафар ширкат доштанд ва барои аввалин бор паноҳандагони узбаки шоҳиди куштори мардуми Андичон низ дар чамъи тазоҳуркунандагон ҳузур доштанд. Ширкаткунандагон тақозо карданд, ки дар мавриди руйдодҳои Андичон таҳқиқоти байналмилай анчом гирад. "Аврупо, диктаторро мутаваққиф кун!", "Озодй ба зиндониёни сиёсй!", "Мо Андичонро фаромуш нахоҳем кард!", аз чумлаи шиорҳое буданд, ки тазоҳуркунандагон дар даст доштанд. Гирдиҳамомадагон аз он ибрози нигаронй карданд, ки Иттиҳодияи Аврупо бо нодида гирифтани чиноятҳои зиддибашарии мақомоти Тошканд, дар пайи густариши робитаҳо бо Узбакистон баромадааст.

 Хонуми Елин Ийонсон, рузноманигори шведсиягй дар китоби худ таҳти унвони "Маҳорати пинҳон кардани қатлиомҳо", ки то ин дам ягона китоб дар бораи ҳодисаҳои Андичон аст, тазаккур додааст, ки руйдодҳои Андичон барои чаҳониён бештар аз он ки фаромушшуда бошанд, ношинохтаанд.

  Рузи 13 майи соли 2009 дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон фаъолони ҳуқуқи башар бо барпойии митинг дар муқобили сафорати Узбакистон ёду хотираи қурбониёни руйдодҳои Андичонро гиромй доштанд. Аммо дар Тошканд хадамоти махсуси Узбакистон аз баргузории гирдиҳамойии фаъолони ҳуқуқи башар пешгирй карданд. Соати 10 рузи 13 май дар назди мучасамаи "Мардонагй" - маҳалли баргузории ин гирдиҳамойи, дар замоне, ки аввалин нафар ҳозир шуд ва шиори дар дасташ бударо намоиш дод, маъмурони амниятии узбак ба у ҳамла карданд ва дастонашро баста ба тарафи номаълум бурданд. Дар ин руз ба воситаи мошинҳо атрофи мучассамаи мазкур баста шуда буд.

 Руйкарди чомаеи чаҳонй, махсусан кишварҳои даъвогари демократия ва дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар нисбати ҳодисаҳои Андичон, баёнгар аз ин воқеият аст, ки чаҳони Ғарб ба саркардагии Амрико, имруз сарнавишти миллатҳоро ба бозй гирифтааст ва бо истифодаҳои абзорй аз масъалаҳое  назири  "ҳуқуқи башар", "демократия", "озодии баён" ва ... ҳадафҳои султачуёнаи худро пеш мебаранд. Муомилаи сиёсие, ки 13 октябри соли 2008 дар Люксембург миёни Узбакистон ва ИА сурат гирифт ва тайи он аксари таҳримҳои ин Иттиҳодия нисбат ба Узбакистон бекор шуданд, намунаи рушане аз чунин амалкарди Ғарб мебошад.

 Дар шароити имруз низ бо таваччуҳ ба ниёзи Ғарб ба Узбакистон, интизор намеравад, ки масъалаи қатлиоми тазоҳуркунандагони Андичон масъалае муҳим барои "ҳомиёни демократия" ба ҳисоб равад. Зеро сарнавишти Саддом Ҳусейн ба хубй нишон медиҳад, ки Гарб дар фурсатҳои барои худ зарурй масъалаҳоро матраҳ мекунад ва афродеро, ки ба андешаи Ғарб "замони  истифодаашон гузаштааст", аз саҳна мебардоранд.Вақте ки ҳадафҳои Ғарб эчоб мекард, аз Саддом Ҳусейн пуштибонй намуд ва замоне, ки Саддом истифодае барои Ғарб надошт, уро ба дор кашиданд.

 Бо таваччуҳ ба рафтори Ғарб,  масъалаи руйдодҳои Андичон ҳамчунон руи мизи дипломатияи ғарбиҳо боқй хоҳад буд, ба вижа ки Андичон дар водии Фарғона воқеъ аст ва коршиносону сиёсатмадорони Ғарб барои ин минтақа аз Осиёи Марказй ояндаи печидаеро пешбинй мекунанд.

 

 

Просмотров: 976 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 1
1 shaha  
0
it's good site, keep going on

Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz