Амалкарди паймони НАТО дар Афғонистон, ки нахустин маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии ин паймони низомй аз замони таъсиси он дар соли 1945 мебошад, баёнгар аз ин воқеият аст, империализми байналмилал ба саркардагии Амрико дар пайи фурупошии низоми истеъмории асримиёнагй, бо таъсиси ниҳодҳое аз ин қабил, бар он шуд, ҳокимияти худ бар кишварҳо ва давлатҳоро ҳифз кунад.Таърихи ташкили паймони НАТО ва наҳваи пазириши аъзо ба он, ба хубй ин нуктаро ба исбот расондааст, ки Амрико дар чорчуби барномаҳои роҳбурдии худ, кишварҳои аврупоиро ба ин ниҳод чалб ва дар ростои амалй кардани барномаҳои худ ҳидоят кардааст. Руёруйии дарозмуддати чаҳони сармоя ба саркардагии Амрико алайҳи урдугоҳи сотсиалистй ба саркардагии Шуравии собиқ, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Кохи сафед ба унвони иддаогари раҳбари чаҳон, кишварҳои ғарбиро ба ичбор дар чорчуби сиёсатҳои худ қарор додааст. Аввалин иқдом дар ин замина, таъсиси паймони НАТО буд ва бо эчоди по
...
Идомаи матлаб>