Главная | Регистрация | Вход | RSS Вторник, 30.04.2024, 16:16
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Декабрь » 28 » Ахмадинажод ба Душанбе меояд
14:42
Ахмадинажод ба Душанбе меояд
Бар асоси иттилои сафорати Чумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси чумҳури Эрон рузҳои 6-7 январи соли 2010(16-17 даймоҳ) дар чорчуби як сафари расмй, аз Точикистон боздид хоҳад кард.Интизор меравад тайи ин сафар музокирот миёни мақомоти олирутбаи ду кишвар дар масоили иқтисодй, тичорй ва фарҳангию илмй анчом шуда, чанд санади ҳамкорй миёни тарафҳо ба имзо расад. Нигоҳе ба раванди муносибот миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки муносиботи ду кишвар дар бахшҳои сиёсй, иқтисодй,фарҳангй ва тичорй бо пуштивонаи вучуди иштирокоти фаровони фарҳангй, таърихй, динй ва забонй аз замони истиқлоли Точикистон дар 18 соли пеш то кунун, ҳамвора масири пешрафтро паймудааст. Зикри ин нукта дорои аҳамият аст, ки то ин дам баргузории ҳафт ичлоси кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодй, тичорй, илмй ва фарҳангии Эрон ва Точикистон, имзои беш аз 107 тавофуқнома ва тафоҳумнома сафарҳои мутақобили масъулони ду кишвар ва муҳимтар аз ҳама ҳузури бахши хусусии Эрон дар Точикистон заминаи робитаи барои ду тараф судмандро беш аз пеш тақвият кардааст. Эрон ва Точикистон то қабл аз фурупошии Шуравй равобити бисёр заъифе доштанд ва он ҳам аз тариқи коноли Маскав анчом мешуд.Ҳамин амр боис шуд, ки ду миллат тайи ҳафтоду анд соли режими коммунистй аз ҳам дур буданд.Албатта сиёсатҳои ғарбгароёнаи ражими Паҳлавй низ дигар омили дар ҳошияи сиёсатҳои Эрон қарор гирифтани Точикистон ба унвони танҳо кишвари форсизабон дар қаламрави Иттиҳоди Шуравй буд.Бо касби истиқлоли Точикистон дар соли 1991, Чумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ кард.Баъд аз ин равобити мустақими ду кишвари ҳамзабон поягузорй шуд, ки имруз шоҳиди тавсаъа ва таҳкими рузафзуни он ҳастем. Аз вижагиҳои равобити миёни Теҳрон - Душанбе он аст, ки ин равобит бидуни фарозу нишеб ва масоили чонибй будаанд ва ин мар аз хосту иродаи раҳбарони олирутбаи ду тараф, ҳамчунин вучуди эътимоди мутақобил нашъат мегирад. Сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе дар шароите анчом мешавад, ки ахиран рафту омадҳои мақомоти ду кишвар то ҳадде коҳиш ёфтааст, ки далели он баргузории интихоботи раёсати чумҳурй дар Эрон ва омодагиҳо ба интихоботи порлумонй дар Точикистон будааст. Аз ин ру мавзуоти ниёзманд ба баррасиҳои бештари мақомоти олирутбаи ду тараф кам нестанд.Аз чумла, бо таваччуҳ ба мушкилоти таъмини неруи барқ дар Точикистон, интизор меравад, ки суръат додан ба раванди баҳрабардорй аз неругоҳи барқи обии «Сангтуда 2», ки тавассути мутахассисони эронй дар ҳоли сохт дар Точикистон аст, аз мавзуоти меҳварй дар музокироти Аҳмадинажод ва Раҳмон, раисони чумҳури Эрон ва Точикистон бршад. Албатта, он гуна ки зикр шуд, имзои чанд тарҳ ва санади муҳим, ки робитаҳои ду кишвари ҳамфарҳангро вориди марҳалаи чадиде хоҳанд кард, низ дар назар гирифта шудааст. Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки равобит миёни ду кишвари Эрон ва Точикистон бидуни масоили ҳалталаб аст. Бе кор кардани раводид миёни ду кишвари ҳамзабон, ҳамфарҳанг, ҳамтаърих ва ҳамдин аз чумлаи маворидест, ки бояд масъулони ду тараф дар ичрои он чиддияти бештаре нишон диҳанд. Аз суҳбатҳо бо соҳибкорону точирони эронй бармеояд, ки бархе аз онҳо ба далели вучуди ришвахорй дар сохторҳои хукумати Точикистон, аз фаъолият дар ин кишвар дилсард шудаанд. Хамин амр боис шудааст, ки ҳамкориҳои иқтисодй ва тичории дучониба миёни Эрон ва Точикистон пойинтар аз ҳадди зарфият ва имкониятҳои мавчуд дар ду кишвар бошанд. Аз суи дигар мо шоҳиди он ҳастем, ки бозорҳои Точикистон ба тадрич таҳти тасаллути маҳсулоти Чинй қарор мегиранд ва ҳузури колоҳои эронй дар муқоиса ба 8-9 соли қабл дар ҳоли камранг шудан аст. Агар аз як тараф сабаби чунин саҳнае вучуде бархе мушкилот (сахтгириҳои бархе гумрукчиён, ришваситонй, набуди хати мустақими автомобилй ва релй миёни ду кишвар ...)бошад, аммо аз суи дигар иллати аслии ин амр он аст, ки дар ибтидои вуруди точирон ва бозаргонони эронй ба Точикистон, бисёр точирони ғайрикасбй(омотур) ибтикори амалро дар даст доштанд. Ин афрод бидуни барномаҳои мушаххас ва фақат барои касби даромади «ҳарчи бештар ва ҳарчй зудтар» даст ба кор шуданд ва натича он буд ба аввалин рақобатҳо, ки хоси иқтисоди бозаргонй аст, тоб наоварданд ва на танҳо худ варшикаст шуданд, балки чойгоҳи маҳсулоти эрониро дар бозорҳои Точикистон тазъиф карданд. Дар бахши фарҳангй , ки зоҳиран муваффақтар аз дигар бахшҳо будааст,ҳануз ҳам чойи як нашрияи муштараки кишаврҳои форсизабон, ки дар се кишвари Эрон, Афғонистон ва Точикистон мунташир шавад, холист. Манофеи ду кишвари Эрон ва Точикистон, ҳамчунин авзои минтақа ва чаҳон эчоб мекунад, ки чиҳати баҳрабардорй аз имконият ва зарфиятҳои мавчуди ду кишвар ва рафъи мавонеи мавчуд дар масири ҳамгаройиҳои ҳарчй бештар, тайи ин сафари раиси Чумҳури Исломии Эрон ба Точикистон асноди стротегй, ки зомини таҳким ва тавсаъаи ҳарчй бештари ҳамкориҳои дучониба дар тамомии заминаҳо бошад, ба имзо бирасад. Барои ин амри начиб хост ва иродаи раҳбарон, масъулон ва миллатҳои ду кишвар дар мизони зарурй вучуд дорад.
Просмотров: 614 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Декабрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz