Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 25.04.2024, 05:02
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Апрель » 16 » Амрико ва нигохе ба Точикистон
18:44
Амрико ва нигохе ба Точикистон
 Рузи 12 апрел дар шаҳри Душанбе даври саввуми машваратҳои байниҳукуматии Точикистон ва Амрико баргузор гардид, ки дар он ҳайати амрикои тахти сарпарастии Роберт Блейк, ёвари вазири умури хоричаи ин кишвар ҳузур дошт.Машваратҳои сиёсй бо кишварҳои Осиёи Марказй, барномаест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тайи солҳои охир дар чорчуби стротегияи ҳузури худ дар минтақа таҳия ва тадвин кардааст.Моҳи феврали соли 2010 нахустин даври ин ройзаниҳо бо Точикистон, дар Вашингтон баргузор гардид ва дар тирамохи гузашта Роберт Блейк ба манзури баррасии натоичи даври аввал, ба Душанбе омад ва бо мақомоти точик дидору гуфтугуҳо анчом дод. Ин бор низ ин мақоми баландпояи амрикойи дар чорчуби ҳузур дар нишасти дучонибаи Точикистон - Амрико, бо масъулони давлати Душанбе дидор ва гуфтугуҳо анчом дод.Вай баъд аз музокира бо Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар суҳбат бо хабарнигорон, раванди ҳамкориҳо миёни Душанбе - Вашингтонро мусбат арзёбй кард ва тазаккур дод, ки сармоягузорони кишвараш омодаанд дар бахшҳои муҳими иқтисодии Точикистон, аз чумла дар тарҳҳои гидруэнергетикии ин кишвар сармоягузорй кунанд.
 Албатта зимни баррасии ин мавзуъ бо раиси чумҳури Точикистон, Роберт Блейк таъкид кард, ки мушорикати сармоягузорони амрикойи дар тарҳҳои иқтисодии Точикистон, ниёзманди рафъи мушкилот дар бахши андоз аст. Мақоми амрикойи яке аз далоили камранг будани ҳузури сармоягузорони кишвараш дар Точикистонро вучуди бархе ноҳамоҳангиҳо дар хадамоти молиётй ва набудани замонатҳои лозим дар чиҳати фаъолияти бахши хусусии кишвараш баршумурд. Бо ин ҳол, эъломи омодагии Амрико барои сармоягузорй дар тарҳҳои муҳими иқтисоди Точикистон, ки тарҳҳои гидроэнергетикй дар авлавияти он қарор доранд, баёнгар аз тағйири руйкарди Вашингтон дар хамкорй бо Точикистон аст. Албатта зимни баррасии ин мавзуъ бо раиси чумҳури Точикистон, Роберт Блейк таъкид кард, ки вучуди бархе монеъахо дар қавонини молиётии Точикистон ва набудани замонатҳои лозим дар чиҳати сармоягузорй дар иқтисоди ин кишвар, бахши хусусии Амрикоро аз фаъолият дар Точикистон дур нигоҳ доштааст.Вай афзуд, чунончй ислоҳот дар бахши иқтисоди Точикистон амалй шавад, сармоягузорони амрикойи ҳузури пурранге хоҳанд дошт. Бо ин ҳол тасмими Амрико дар чиҳати ҳузури фаъолтар дар тарҳҳои иқтисодии Точикистон аз чанд зовия қобили арзёбй аст.Аввал ин ки талоши Амрико барои ҳузури бештар дар арсаҳои мухталифи ҳаёти кишвари Точикистон, чудо аз рақобати Вашингтон бо Маскав дар чҳати нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй нест, зеро ин мавзуъ дар пайи то ҳадде ниҳойи шудани масъалаи хуручи низомиёни Гарб аз Афғонистон, бештар аҳамият касб кардааст.Акнун Амрико бар он шудааст бо ворид шудани аз роҳҳои иқтисодй ва кумак ба ҳалли мушкилоти иқтисодии Точикистон, ҳадафхои худро дар маинтақа дунбол кунад.Баррасии тарҳи "Каса-1000" дар дидори Блейк ва Раҳмон дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Дуввум, Амрико дар пайи нокомй дар тарҳи роҳандозии инқилобҳои рангй дар қаламрави Шуравии собиқ, бо тағйир дар сиёсатҳои худ, зимни чашмпушй аз амалкарди масъулони Точикистон дар риоят накардани ҳуқуқи башар ва меъёрҳои демократй, акнун ин мавзуъҳоро фақат барои зоҳири қазия матраҳ мекунад, то аз як су мухолифон ва мунтақидони давлати Душанберо беш аз ҳад аз худ дур накунад ва аз суи дигар аҳраме барои фишор ба Душанбе дар ихтиёр дошта бошад.Аз ин чост, ки дар остонаи сафари Роберт Блейк ба Точикистон вазорати хоричаи Амрико гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар дар чаҳонро мунташир намуд, ки 27 сафҳаи ин санад ба Точикистон ихтисос дошт.Дар ин гузориш аз чумла гуфта шудааст, ки Раҳмон ва тарафдоронаш, ки ҳама намояндагони як минтақа аз Точикистон мебошанд, ҳаёти сиёсии кишварро таҳти назорат доранд.Тазаккур шудааст, ки ҳарчанд бар асоси қонуни асосй бисёрҳизбй амал мекунад, аммо дар интихоботи гузаштаи порлумон ҳизби раиси чумҳур яккатозй кард.Дар гузориши мазкур ҳамчунин аз густариши фасоди молй, маҳдудияти озодиҳои шаҳрвандй ва фаъолиятҳои мазҳабй интиқод шудааст. Аммо ҳамон гуна ки ишора шуд, ин маворид бештар чанбаи ташрифотй доранд.
 Алорағми ин ҳама, нигоҳе ба ҳайати амрикойии ширкаткунанда дар нишасти Душанбе, ки муташаккил аз намояндагони аршади вазоратҳои хорича ва дифоъ ва ожонси рушди байналмилали Иёлоти муттаҳидаи Амрико буд, дарки ин мавзуъ душвор нест, ки дар чорчуби ҳамкориҳои чадиди Амрико - Точикистон масоили низомй дар авлавият қарор доранд. Зеро Амрико бо дарс гирифтан аз шикасти Шуравии собиқ дар Афғонистон, тасмим гирифтааст ҳузури дарозмуддате дар Осиёи Марказй дошта бошад.Ин ҳузур бо чанд ҳадаф дар ҳоли тарроҳй ва ичро аст:таъсиргузорй бар таҳаввулоти Афғонистон ва Покистон ва дар ихтиёр доштани имконоти тоза барои назорат бар таҳаррукоти Чин дар минтақа.Генеролҳои амрикойи бар ин боваранд, ки барои дастёбй ба ин аҳдоф қаламрави Точикистон аз беҳтарин имконот ва зарфиятҳо бархурдор аст, ба вижа дар шароите ки фурудгоҳи низомии "Айнй" ҳануз ба истилоҳ молики худро пайдо накардааст ва Амрико ҳар аз гоҳе масъалаи истифода аз ин фурудгоҳҳро матраҳ мекунад, аҳамияти ин мавзуъ беш аз ҳар замони дигаре бар мало шудааст.
 Карори маълум баъд аз он ки Амрико дар талош барои пуштибонй аз неруҳои демократии Узбакистон ноком шуд ва фурсатҳои зиёдеро дар ин кишвар аз даст дод, тасмим гирифт дар Осиёи Марказй ба дунболи баркарории меъёрҳои демократй набошад.Дар ҳамин росто буд, ки бо Курмонбек Боқиев, раиси чумҳури вақти Кирғизистон бар сари истифода аз пойгоҳи низомй вориди муомила шуд.Бар асоси ин муомила Амрико ҳозир шуд бобати истифода аз пойгоҳи низомй дар Кирғизистон солона ба чои 17 миллион доллар, 160 миллион доллар пардохт намояд.Хамчунин масъалаи ифтитоҳи пойгоҳи дуввум дар Кирғизистон бо сарони Бишкек ҳал шуд. Аммо табаддулоти давлатй дар апрели соли 2010 авзоъро ба нафъи Русия тағйир дод.Акнун дар шароите ки Точикистон ба тадрич ба муттаҳиди Амрико табдил шудааст, Амрико бар он шудааст аз қаламрави ин кишвар дар чиҳати барномаҳои тронзитии худ ба Афғонистон, ниҳояти истифодаро намояд. Дар ҳамин чорчуб бо кумаки молии Амрико чандин пули кучаку бузург бар руи рудхонаи Панч миёни Точикистон ва Афғонистон сохта шуд. Аз суи дигар дар тарҳи будчаи Амрико барои соли 2012 Точикистон дар феҳристи кишварҳои созгор барои сармоягузориҳои калон зикр шудааст ва ин тсдике дигар бар ин дидгоҳ аст, ки Вошингтан ҳисоби вижае барои ҳамкориҳо бо Точикистон боз кардааст.Бино ба гуфтаи Роберт Блейк, Амрико то имруз дар ҳачми як миллиард доллар дар Точикистон сармоягузорй кардааст.Чои шакку шубха нест, ки ин ҳама сармоягузориҳо ҳарчанд дар бахшҳои иқтисод, вале аҳдофи сиёсй доранд, аҳдофе ки рақобати қудратҳо таъсири мустақим бар раванди амалй шавии онҳо дорад.Аз ин ру барои давлати Душанбе фурсати дигаре пеш омадааст, ки мизони садоқати ҳар як аз кишварҳои муддаъйии кумак ба пешрафт ва рушди Точикистонро, маҳак занад.
Просмотров: 924 | Добавил: did | Рейтинг: 1.5/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz