Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 24.11.2017, 17:57
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Июнь » 27 » Бахси об дар Осиёи Марказй
06:59
Бахси об дар Осиёи Марказй



 Рузи 14 июн сойти сафорати Точикистон дар Русия таҳти унвони "Захоири обии Точикистон, омили ваҳдат дар Осиёи Марказй" матлаберо ба табъ расонд, ки дар он бо ишора ба вучуди захоири фаровони гидруэнержй дар Точикистон, таъкид шудааст, ки  баҳрабардорй аз ин захоир ба нафъи тамомии кишварҳои минтақа хоҳад буд. Ин матлаб меафзояд, Точикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, манобеи гидруэнержии мавчуд дар минтақа ва зарфияти рудхонаҳои муштаракро омили муҳим дар чиҳати тавсаъа ва таҳкими ҳамгаройи ва ваҳдат дар минтақа медонад.Дар идомаи мақолаи мазкур, ки тавссути дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Русия мунташир шудааст, тазаккур шудааст, ки ҳеч як аз тарҳҳои гидруэнержии дар ҳоли ичро дар Точикистон, ба зиёни кишварҳои ҳамсоя набуда, дар ин тарҳҳо манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа дар назар гирифта шудааст. Дар мавриди мухолифати бархе кишварҳои минтақа ба тарҳҳои гидруэнержии Точикистон, дар ин мақола омадааст:"Бар хилофи дигар кишварҳои бародари минтақа, Чумҳурии Узбакистон бо бархе далелҳо аз ниятҳои нек ва хайрхоҳонаи Точикистон дар мавриди баҳрабардорй аз манобеи обии худ, ки ба нафъи миллати бародари узбак ва тамоми минтақаи Осиёи Марказй хоҳад буд, мухолифат мекунад.Қобили зикр аст, ки хушкшавии дарёчаи Арал ба ҳеч вачҳ марбут ба фаъолияти кишварҳои "болооб" набуда, ҳосили истифодаи ғайриистондорд аз манобеии обй тавассути кишварҳои "поёноб", аз чумла Чумҳурии Узбакистон мебошад.Ҳамон гуна ки таҳқиқоти мутахассисон нишон медиҳад, зарфи 50 соли охир Узбакистон дар бахши обёрии заминҳои чадиди кишоварзй, зимни поймол кардани муқаррароти байналмиллалй, аз захираҳои обии минтақа, суиистифода кардааст, ба гунае ки 60 дар сад аз оби масрафшуда тавассути ин кишвар ба тури бебозгашт, ҳадар рафта аст.

 Дар бахш дигаре аз ин матлаб омада:мавзеъи Точикистон дар мавриди тавсаъаи ҳамкориҳо дар баҳрабардории судманд аз манобеии обй, чонибдории густурдаи мачомеи байналмилалиро касб кардааст.Бо таваччуиҳ ба ин, такмили неругоҳи Роғун ва баҳрабардорй аз зарфиятҳои ин тарҳи муҳим, ба нафъи мардуми точик ва тамоми миллатҳои минтақаи Осиёи Марказй хоҳад буд.Аммо тамоми талошҳои давлат ва миллати Точикистон дар чиҳати рафъи буҳрони энержй, дар пайи мавозеи ғайридустонаи Узбакистон ҳосиле ба ҳамроҳ надоштаанд, ки чои таассуф аст. Дар шароити барои мардуми точик душвор, мақомоти кишвари ҳамсоя бо беэътинои ба дархостҳои Точикистон дар бораи ҳамкорй дар чиҳати рафъи мушкилоти муштарак, бар чанбаҳои мушкилот дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Точикистон афзудаанд

  Бахши дигаре аз мақолаи сафорати Точикистон дар Маскав, ки низ бештар чалби таваччуҳ мекунад, дахолатҳои огоҳонаи Тошканд дар халъи силоҳи давлати Душанбе дар нахустин рузҳои касби истиқлоли ин кишвар аз Шуравии собиқ мебошад.Дар ин робита дар мақолаи мазкур омадааст:"Ин мавзуъ фаромуш нашуданй аст, замоне ки чумҳуриҳои Шуравии собиқ баъд аз фурупошии иттиҳод, тачҳизот ва таъсисоти низомии мавчуд дар қаламрави худро моликияти миллй эълом карданд, фақат Точикистон буд, ки ба "баракати" дустии "хирсонаи" Тошканд, натавонист ин корро анчом диҳад.Агар ин "ҳамсояи нек", манзури мо миллати бародари узбак нест, раванди милликунонии тачҳизот ва таъсисоти низомии боқимонда аз Шуравиро блока намекард, дар солҳои 90 асри гузашта як гуруҳи кучаки тундравҳо ба худ ичоза намедоданд, ки алайҳи давалти Точикистон вориди чанг бишаванд".

  Сафорати Узбакистон, ба унвони нахустин мақоми расмии давлати Тошканд, вокуниши шадиде нисбат ба мақолаи ҳамтоёни точики худ нишон дод.Намояндагии Узбакистон дар Русия мақолаи дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Маскавро матлаби эҳсосотй арзёбй кард.Қобили зикр аст, барои нахустин бор аз замони имзои созишномаи сулҳ ва ризояти миллй миёни тарафҳои ба ҳам рақиби точик, дар Маскав, дар 14 соли қабл аст ки Душанбе ба таври ошкоро чунин иттиҳомотеро ба Узбакистон ворид мекунад.Рузи 18 июни соли чорй дар сомонаи интернетии сафорати Узбакистон дар Маскав матлабе дар посух ба мақолаи дафтари матбуотии сафорати Точикистон дар Русия, мунташир шуд.Дар ин матлаб тарафи Узбакистон бо эҳсосотй арзёбй кардани мақолаи сафорати Точикистон, онро бе появу асос хондааст ва таъкид кардааст ки фарофиканй ва чустучуи душмани хоричй, як сиёсати шикастхурда дар равобити байналмилал аст.Сафорати Узбакистон ҳамчунин он чиро ки талоши бархе мақомоти точик барои омили чанги шаҳрвандии ин кишвар муаррифй кардани Узбакистон гуфтааст, хилофи сиёсатҳои раиси чумҳури Точикистон, ки хостори густариши равобит миёни ҳамаи кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгхой мебошад,арзёбй кард.

 Дар мачмуъ дар посухи сафорати Узбакистон ба мақолаи сафорати Точикистон дар Маскав, тамомии далоили ироашуда дар мавриди нақши манфии Узбакистон дар равобити дучониба, рад шудаанд.Ин посух ки иборит аз ҳафт банд мебошад, ба хубй нишон медиҳад, ки Тошканд ба ҳеч вачҳ ҳозир нест ба таври одилона масоили мавчуд дар равобити ду тарафро баррасй кунад, балкй бар талошҳои худ дар чиҳати нодида гирифтани манофеи давлат ва миллати точик идома медиҳад.Аз чумла ин гуфтаи Тошканд, ки Душанбе ҳақ надорад дар бораи тарҳҳои гидруэнержии худ мустақилона иқдом кунад, хорич аз урфи байналмилал ва хилофи ойини ҳамсоягй аст.Ба илова, дар ҳоле Узбакистон аз пайомадҳои зистмуҳитии неругоҳи Роғун сару садо ба роҳ андохтааст, ки худ бо минакории манотиқи куҳистонй дар марзҳо бо Қирғизистон ва Точикистон, амре ки дар пайи он даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи се кишвари Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистон кушта шуда, садҳо ҳайвони нодири ин манотиқ аз байн рафтааст.Ҳамчунин ҳар таркиш боиси вайрон шудани лояи хок ва осеб дидани гунаҳои гиёҳй шуда, муҳити зисти ин манотиқро дар маърази осебҳои калоне қарор додааст.

 Коршиносон дар арзёбиҳои худ аз ин иқдоми сафоратҳои Точикистон ва Узбакистон дар Маскав, онро талоши ду тараф барои чалби ҳимоятҳои Маскав тавсиф карданд.Воқеият он аст, ки иқдоми сафорати Точикистон дар Маскав дар мавриди арзёбй аз амалкарди солҳои ахири Узбакистон, ҳаргиз иттифоқй набуда, балкй як амали ҳисобшуда аст.Ин мақола дар шароите мунташир шуд, ки дар шаҳри Душанбе музокироти тарафҳои рус ва точик дар бораи ҳамкориҳои марзй чараён дорад.Дар ин музокирот Маскав саъй дорад чун солҳои қабл бо додани ваъда ва имтиёзоти андак, манофеи худ дар Точикистонро ҳифз ва имтиёзоти зиёде аз давлати Душанбе дар масъалаи истифода аз пойгоҳҳо ва фурудгоҳҳои ин кишвар, касб кунад.Аммо акнун авзоъ тағйир кардааст ва Точикистон дар равобит бо Русия, худро фиребхурда эҳсос мекунад, ба илова ҳимоятҳои ошкори Маскав аз Тошканд дар масоили гидруэнержии Осиёи Марказй, як таҳқири сиёсй барои Точикистон буд.Акнун давлати Душанбе бо эъломи мавозе дар қиболи амалкарди солҳои ахири Узбакистон, ин паёмро ба Русия эълом кард, ки "ё бо мо бош, ё бо Тошканд".Аз суи дигар мақолаи сафорати Точикистон дорои паём барои мачомеи байналмилал низ мебошад, яъне Душанбе ба чомеъаи чаҳонй эълом кард, ки ба амалкард ва иддаъоҳои Узбакистон дар мавриди масоили гидруэнержии Осиёи Марказй, аз зовияи ин масоил бингаранд, то ба худии худ рушан шавад, ки иллати аслии мухолифатҳои Узбакистон ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон  чист.

 Бо ин ҳол ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки руёруиҳои матбуотии сафоратҳои Точикистон ва Узбакистон дар Маскав, идомаи чанги лафзй миёни ду кишвари ҳамсоя ҳаст, ки идомаи он ва вогузор кардани ҳаллу фасли он ба тарафҳои саввум ва ё чаҳорум, ба нафъи ҳеч як аз тарафҳо набуда, заминаи вобастагиҳои бештари онон ба қудратҳои бегонаро, фароҳам хоҳад кард.Аз ин ру музокираи ру дар руи мақомоти ду кишвари ҳамсоя, беҳтарин роҳест, ки зимни мусоидат ба ҳаллу фасли масоили фимобайн, раванди ҳамгаройи дар минтақаро тақвият ва суботу оромишро тазмин ва танзим хоҳад кард.

Просмотров: 406 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz