Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 29.03.2024, 13:26
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Март » 16 » Барномаҳои Амрико барои Точикистон ва Қирғизистон
06:12
Барномаҳои Амрико барои Точикистон ва Қирғизистон
 Давлати Барак Абама, раиси чумҳури Амрико ду кишвари Точикистон ва Қирғизистонро дар авлавияти сармоягузориҳои худ барои соли 2012 қарор додааст. Дар барномаи пешниҳодии давалати Амрико барои сармоягузорй дар Қирғизистон 40,8 миллион доллар дархост ва таъкид шудааст, ки ин маблағ умдатан барои бахшҳои зербинойи ва таҳкими суботу амният дар ин кишвар ҳазина хоҳад шуд. Кумак ба бахши хусусй ва тақвияти фаъолиятҳо дар бахши кишоварзй, аз дигар ҳадафҳои ин сармоягузорй унвон шудааст. Дар барномаи мазкур барои Точикистон дар соли 2012 38,8 миллион доллар тақозо шудааст.Таҳкими амният, ҳалли масоили мавчуд дар бахши беҳдошт ва омузишу парвариш аз чумлаи маҳалли харчи ин сармоягузориҳо унвон шудаанд. Ҳамчунин таъкид шудааст, ки барномаҳо ва тарҳҳои Амрико дар ростои барқарории суботу амният дар Афғонистон, эчоб мекунад, ки барои таҳкими субот дар Точикистон талошҳои зиёде анчом шавад.Аз ин ру Вошингтан таҳкими марзҳои миёни Точикистон ва Афғонистонро аз чумлаи авлавиятҳо дар ин замина қаламдод кардааст.
  Дар тарҳи будчаи пешниҳодии давлати Барак Абама барои соли 2012 дар бахши кишварҳои Осиёи Марказй бари Қазоқистон 14,1 миллион, Туркманистон 8 миллион ва Узбакистон 7,6 миллион доллар дархост шудааст.Дар мачмуъ барои панч кишвари ин минтақа дар соли 2012 112,8 миллион доллар дар назар гирифта шудааст, ки 13,6 миллион доллар камтар аз соли 2010 мебошад.
 Дар кул, нигоҳе ба таҳаррукоти дипломатии Иёлоти муттаҳида Амрико дар Осиёи Марказй ва рафту омадҳои мақомоти амрикойи ба кишварҳои ин минтақа ва билъакс, ҳокй аз ин воқеият аст, ки Кохи сафед бо бознигарй дар сиёсатҳои худ дар садад аст, чойгоҳи худ дар ин минтақаи ҳассосро тақвият кунад. Дар ин миён таваччуҳи вижа ба Қирғизистон ва Точикистон ин паёмро ба ҳамроҳ дорад, ки ин ду кишвар дар маркази рақобат миёни Маскав ва Вошингтан қарор хоҳанд гирифт. Сафари ахири Роза Отунбоева, раиси чумҳури Қирғизистон ба Амрико ва натоичи ин сафар, ҳамчунин пушиши хабарии таҳаввулоти марбут ба ин сафар, ин дидгоҳро тақвият кард, ки Амрико дар сиёсатҳои осиёи марказии худ, руи Бишкек ҳисоби вижае боз кардааст.
 Барак Абама, раиси чумҳури Амрико дар дидор бо ҳамтои қирғизи худ, аз талошҳои Бишкек дар чиҳати бунёди чомеаи демократй тамчид ва тақдир кард ва қавл дод, ки Вашингтан аз ин талошҳо пуштибонй карда ва мусоидатҳои лозимро анчом хоҳад дод.Роза Отунбоева низ аз кумакҳои Амрико дар бозгашти субот ба кишвараш тақдир кард.Дар ин дидор ва дигар музокироте, ки раиси чумҳури Қирғизистон бо мақомоти амрикойи дошт, тарафайн дар мавриди баҳрабардорй аз "Манас" ба унвони маркази тронзити коло ва тачҳизоти мавриди ниёзи неруҳои мустақар дар Афғонистон иттифоқи назар доштанд.Аз натичаи музокироте ки раиси чумҳури Қирғизистон бо Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико дошт, бармеояд, ки дар мавзуи "Манас" ва масоили сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон миёни тарафҳо як муомилаи сиёсй - иқтисодй сурат гирифтааст.Дар ин дидор Роберт Блейк талоши Бишкек дар чиҳати касби истиқлолияти энержиро як амре зарурй ва қонунй тавсиф ва ба таври зимнй ишора ба кумакҳои кишвараш дар ин замина кард.Мақомоти амрикойи ташкили системи порлумонй дар Қирғизистонро тачрибае муваффақ дар Осиёи Марказй унвон карданд ва ваъда доданд, ки кумак ва мусоидатҳои лозимро дар ростои таҳким ва тавсаъаи равандҳои демукросй дар ихтиёри давлати Бишкек қарор хоҳанд дод.
 Дар мачмуъ мақомоти амрикойи ва қирғиз натоичи гуфтугуҳои ду ва чандчонибаро мусбат ва созанда арзёбй карданд ва дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳо барномаҳоеро низ дар назар гирифтанд.Дар ҳамин ҳол, маҳофили мухталифи минтақайи ва хорич аз он дар мавриди барномаҳои Амрико ва муттаҳидонаш дар мавриди эчоди "Осиёи Марказии бузург", ибрози нигаронй мекунанд. Коршиносони тарафдори ин дидгоҳ бар ин боваранд, ки Ғарб ба саркардагии Амрико қасд дорад бо эчоди ноамниҳо ва ба чолиш кашидани давлатҳои минтақа, тарҳи Осиёи Марказии бузургро ичро бахшад.Албатта ичрои ин тарҳ дар руёруйии шадид бо манофеи Русия ва дигар даъвогарони ҳузур дар ин минтақа хоҳад буд. Аз ин ру ҳар як аз қудратҳо саъй хоҳанд кард, аз гуруҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлатҳои Осиёи Марказй дар ростои аҳдофи худ истифода кунанд ва ҳамин амр боиси ноамн шуданй минтақаи мазкур хоҳад шуд.Ба гумони сиёсатмадорони Кохи сафед ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон аз заминаҳои лозим барои амалй шудани тарҳи Осиёи Марказии бузург бархурдоранд.Яъне акнун Амрико бо дарс гирифтан аз таҳаввулоти шимоли Африқо, талош хоҳад кард дар Осиёи Марказй муваффақ амал кунад ва ба руъёи деринаи худ - ихрочи Маскав аз минтақаи суннатии нуфузаш - Осиёи Марказй, даст ёбад.
  Ба назар мерасад дар Вашингтан ба ин натича расиданд, ки бо ду далел метавонанд дар Қирғизистон ва Точикистон муваффақтар амал кунанд.Аввал, ҳам Бишкек ва ҳам Душанбе дар мақтаи кунунй ба сармоягузориҳои калон дар тарҳҳои азими иқтисодии худ ниёз доранд ва дар ин замина аз Маскав чуз ваъда ва вақткушй чизе надидаанд.Дуввум, ду кишвари Қирғизистон ва Точикистон тавассути Русия таҳқир шуданд, яъне Маскав бо ваъдаи сармоягузориҳои чанд миллирддоларй ба ин кишварҳо, хостаҳои худро ба онон таҳмил кард.Аз суе Русия бо ҳимояти ошкор аз мавзеи Узбакистон дар масоили гидроэнержии Осиёи Марказй, ба ин ду кишвар пушт кард.Натичаҳои сафари раиси чумҳури Қирғизистон ба Амрико аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Аммо таҳаввулоти ахири Қирғизистон баёнгар аз он аст, ки муомила бар сари Манас метавонад эътилофи ҳоким дар порлумони ин кишварро пароканда кунад.Хамин мавзуъ, яъне дар ихтиёри хонаводаи Боқиев, раиси чумҳури пешини Қирғизистон қарор доштани таъмини сухти Манас, аз чумлаи авомили сарнагунии Боқиев шуд.Инак Отунбоева низ ин вазифаи пурдаромадро дар ихтиёри наздикони худ қарор додааст. Бо чунин руйкарде ояндаи таҳаввулоти Қирғизистон дар дохили ин кишвар рақам мехурад, то дар солунҳои Кохи сафед ё Кремл.Албатта нақшофаринии ин дуро дар раванди руйдодҳои ояндаи Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказй набояд нодида гирифт.
Просмотров: 509 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Март 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz