Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 24.11.2017, 17:58
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Июнь » 14 » Чаро Аҳмадинажод ба Душанбе омад?
18:13
Чаро Аҳмадинажод ба Душанбе омад?
 Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Чумҳури Исломии Эрон баъд аз ширкат ва суханронй дар "Конфаронси ҳамкорй ва таҳкими эътимод дар Осиё" дар Истонбули Туркия, бомдоди 9 июн ба Душанбе омад, то дар дигар нишасти байналмилалй ҳузур ёбад. Раиси чумҳури Эрон танҳо мақом дар чунин сатҳе буд, ки дар конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" дар шаҳри Душанбе ширкат намуд. Суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод дар ин нишаст, ки бо ташаббуси Точикистон ва пуштибонии Созмони миллали муттаҳид дар чорчуби барномаи рушди ҳазора баргузор шуд, дорои паёме муҳим ба аҳли нишаст ва ҳамаи чаҳониён дар мавриди чиддй гирифтани масъалаи истифода аз об буд. Оқои Аҳмадинажод беадолатиҳо ва суиистифодаҳои қудратҳои султачу аз масоили муҳими дунёи имруз, аз чумла баҳрабардорй аз манобеии обиро зулм ба башарият унвон кард. Раиси чумҳури Эрон гуфт: "Камбуди об ва оби муносиб, дар манотиқе аз чаҳон дар нуқтаи буҳрон аст ва бар асоси бархе пешбиниҳо дар оаянда об аз чолишҳои муҳими чаҳонй хохад буд... Мутаассифона давлатҳое, ки сирфан манофеи ширкатҳо ва ашхос ва аҳзоби хосро мадди назар доранд ва суд ва қудрати ҳаддиаксарй ҳадафи онон аст, ҳуқуқи соири миллатҳо ва ҳуқуқи умумии инсониро қурбонй мекунанд".
 Суханони раиси чумҳури Эрон дар нишасти мазкур мавриди истиқболи густурда қарор гирифтанд. Аммо нуктаи чолиби таваччуҳ дар сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Душанбе, тарзи пушиши хабарии он дар расонаҳои минтақа ва хорич аз он буд. Нашрияҳои вобаста ба қудратҳои чаҳонй талош карданд ин гуна илқо кунанд, ки сафар ба Точикистон ҳосили дар инзивои байналмилалй қарор гирифтани Эрон буд. Ин нашрияҳо бо такрори иддаоҳои бе появу асос матлабхое бар зидди барномаҳои суломези ҳастайии Чумҳурии Исломии Эрон ба табъ расонда, тасвиби тарҳи таҳримҳои чадид алайҳи Теҳрон дар Созмони милали муттаҳидро як зарбае чиддй ба Эрон тавсиф карданд. Аммо раиси чумҳури Эрон ҳануз дар соатҳои аввалияи тасвиби ин таҳримҳо бо қотеият таъкид кард:"Тасвиби қатъномаи чадид бар алайҳи миллати Эрон ғайри қонунй аст ва ҳеч арзишу эътиборе назди миллати Эрон нахоҳад дошт, чаро ки судури ин қатънома бар хилофи тавофуқоти байналмилалй дар заминаи табодули сухт аст”. Маҳмуд Аҳмадинажод зимни суханрониаш дар Душанбе, иқдоми Созмони миллал дар тасвиби таҳримҳо алайҳи кишварашро дастмоли истифодашуда номида гуфт: "Аз чапу рост алайҳи мо қатънома содир мекунанд, вале пашизе арзиш надоранд. Ин қатънома мисли дастмолест, ки истифода шудааст”.     Сарфи назар аз фазосозиҳои расонаҳои фурсатталаб, сафари Маҳмуди Аҳмадинажод ба Точикистон, дорои ин паём буд, ки Чумҳурии Исломии Эрон дар рузҳои сахту душвор ва мароҳили ҳассос дустони худ, ба вижа кишвари ҳамзабону ҳамдин ва ҳамфарҳангу ҳамтаърихи Точикистонро танҳо нахоҳад гузошт. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита гуфт: "Точикистон ва Эрон пайвандҳои амиқи таърихй ва фарҳангй доранд, ин пайвандҳо аз як ҳуввият ва аз як фарҳанг аст.Равобити мо бисёр хуб ва дар ҳоли густариш дар ҳамаи заминаҳо, дар ҳамаи самтҳо аст ва ҳеч маҳдудияте вучуд надорад. Ман ва оқои Раҳмон ду бародар ва ду дустe ҳастем, ки дар ҳамаи масъалаҳо машварат мекунем, тасмим мегирем.Дар ин чо ичлоси об буд, эшон аз ман даъват карданд, ба эҳтироми оқои Раҳмон, ба эҳтироми мардуми Точикистон мо ин сафарро анчом додем барои ин ки ҳам хаста набошед бигуем ба оқои раиси чумҳур ва ҳамкоронашон, ҳам ташаккур кунем ба хотири ин кори бузурге, ки анчом доданд, ичлоси байналмилалии обро баргузор карданд. Ва ҳам корҳои дучониба, минтақаи ва байналмилалиро бо ҳам пеш барем ва машварат кунем. Мо машваратҳои бисёр хубе доштем ва тасмимоти хубе гирифтем. Корҳое, ки буд бояд бо суръати бештаре пеш раванд. Корҳои чадидеро мучаддадан дар дастури муштарак карор додем.Равобит мумтоз аст, Алҳамдуллилоҳ ва ҳар руз беҳтар хоҳад шуд."
 Дидор бо фарҳангиёни точик аз чумлаи барномаҳои сафари раиси чумҳурии Исломии Эрон ба Душанбе буд. Дар ин мулоқот, ки дар фазои дустй ва самимият баргузор шуд, Маҳмуди Аҳмадинажод бо зикри чойгоҳи фарҳанг дар бақои миллатҳо аз чумла гуфт:"Ҳафтод сол талош карданд, ки вижагиҳои фарҳангии мардуми Точикистонро маҳв ва ё камранг кунанд, аммо муваффақ нашудаанд, зеро фарҳанг дар умқи чону руҳи мардуми ин диёр зинда аст”. Раиси чумҳури Эрон ба қудрати фарҳанг дар шаклгирии ҳуввияти миллатҳо ва ояндаи онҳо ишора кард ва иброз дошт:"Миллати Эрон дар канори соири миллатҳои мустақил, бо андеша ва фарҳанги инсонй ва бо ҳамдилй ва ахлоқ импротуриҳои дуруғро соқит ва ба чои он адолат, сулҳ ва бародариро дар чаҳон ҳоким хоҳад кард”. Ба баёни дигар, раиси чумҳури Эрон ба Точикистон омад, то ба точикон, танҳо мардуми форсигу дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй бори дигар тазаккур диҳад, ки Чумҳурии Исломии Эрон чуз хайру саодати Точикон ва рушду таолии Точикистон ва дигар кишварҳои минтақа, ҳадафи дигаре надорад. Вай дар ин робита аз корномаи дурахшони Эрон дар дарозои таърих ёдовар шуд ва гуфт:"2500 сол қабл импротурии азим, хашин ва зидди башарй ба номи Бобил бар бахши васее аз чаҳон ҳукумат мекард ва инсонҳоро ба асорат мегирифт, аммо марде аз Эрон ба номи Куруш бапо хост ва тавонист бо ёрии миллати Эрон ва бо андеша ва барнома ва мудирияти сиёсй ва албатта бидуни чангу хунрезй импротурии зидди башарии Бобилро соқит ва аз миён бардорад".
 Маҳмуди Аҳмадинажод хадафхои Чумҳурии Исломии Эронро дар руёруйи бо истикбори чаҳонй ва барномаҳои моддигароёнаи он баршумурд ва зимни ёдоварии масъулияти Эрону Точикистон таъкид кард:"Дунёе, ки миллати Эрон ба думболи он аст, ба бомби атом ниёзе надорад. Касоне метавонанд дар ояндаи чаҳон нақшофаринй кунанд, ки дилу чони онҳо саршор аз андешаи инсонй ва илоҳй бошад.Пайравони андешаи моддй ва ғайри илоҳй, инсонро тахриб кардаанд ва имруз миллати Эрон ба думболи эҳёи мучаддади шахсият ва шаъни волои инсонй аст ва ду миллати Эрон ва Точикистон, масъулият доранд, ки фарҳанги мутаолии худро ба дунё дар ин замина собит кунанд".
 Дар дидори як ба як ва ҳамроҳ бо ҳайатҳои Маҳмуди Аҳмадинажод ва Эмомалй Раҳмон, раисони чумхури Эрон ва Точикистон масъалаҳои муҳими марбут ва тавасъаи равобит миёни Теҳрон - Душанбе, аз чумла роҳҳои раҳойии ҳарчй зудтари Точикистон аз бунбасти иртиботй ва дастёбй ба истиқлолияти энержй мавриди баррасй қарор гирифт.Дар ин робита тавофуқ ҳосил шуд, ки бо ибтикори Чумҳурии Исломии Эрон тарҳи сохтани роҳи оҳан аз Точикистон то Эрон ба воситаи каламрави Афгонистон, дигар кишвари форсизабони минтака дар ояндаи наздик оғоз хоҳад шуд ва мушорикати Эрон дар тарҳҳои гидроэнергетикии Точикистон афзоиш хоҳад ёфт.Ҳамчунин ба манзури мусоидат ба заминасозии тавлиди тачҳизоти зарурй дар дохили кишвар, тасмим гирифта шуд, ки шуъбае аз дафтари фановариҳои раёсати чумҳурии Эрон дар Душанбе таъсис шавад.  
  Густариши ҳамкориҳо миёни Теҳрон - Душанбе ҳамвора бо ҳассосиятҳо ва ҳатто норизоятиҳои бозигарони минтақа ҳамроҳ будааст, аммо раиси чумҳури Эрон бо сафар ба Точикистон нишон дод, ки ин ҳассосияту норизоятиҳо барояш арзише надоранд ва муҳимтар аз ин ҳама он аст, ки дар ҳаллу фасли мушкилоти кишвари дуст ва бародари худ саҳим бошад. Оқои Аҳмадинажод дар ин робита дар дидори фарҳангиёни точик гуфт:"Имруз ба фазли илоҳй бадхоҳону душманони миллати Эрон қодир нестанд зарба ва садамае ба кишварамон ворид кунанд". Аз суи дигар густариши ҳамкориҳо бо Точикистон, зимни ба намоиш гузоштани қудрат ва тавоноиҳои Эрон дар бахшҳои мухталиф, заминаи тавсаъаи равобит миёни Чумҳурии Исломии Эрон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро фароҳам хоҳад кард, амре ки ба суди ҳамаи миллатҳои минтақа таъбир мешавад. Зеро дар шароити кунунии минтақа ва чаҳон собит шудааст, ки Эрон ба унвони қудрати чаҳонй, нақш ва чойгоҳи хосе дар муодилоти минтақайи ва байналмилалй дорад ва дар хамкорй бо кишварҳо ҳеч хадафи муғризонаеро дунбол намекунад.
Просмотров: 590 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 2
2  
у нас на вышеприведенном интернет-сайте собран громадный набор умных статей про http://medbaz.com/pages-more-450.html - витамины для сердца.

1  
на этом портале можно почитать громадный набор умных статей про http://ublaze.ru/forum/ftopic1149.html - настройка ресивера gs 8306

Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz