Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 21.09.2017, 07:54
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Октябрь » 20 » Фурудгохи Айнй ва муборизоти дипломатй
09:17
Фурудгохи Айнй ва муборизоти дипломатй
 Ҳамрохон Зарифй, вазири корҳои хоричаи Точикистон дар як нишасти хабарй дар шаҳри Душанбе гуфт, миёни Русия ва Точикистон дар мавриди тарзи баҳрабардории Маскав аз фурудгоҳи низомии "Айнй", музокирот чараён доранд.Дар ин нишасти хабарй, ки рузи 18 октябр доир гардид, вазири корҳои хоричаи Точикистон ба манзури он чй ворид накардани халал ба раванди музокирот унвон кард, аз ироаи тафсилот дар ин замина худдорй намуд.
 Албатта то ин дам хабару гузоришҳои мухталифе дар мавриди сарнавишти фурудгоҳи "Айнй" тавассути расонаҳои мухталиф мунташир шуда буд ва нуктаи муштарак дар ин иттилоот он буд, ки сухан аз эҳтимоли вогузории фурудгоҳи мазкур ба Русия мерафт. Зеро Русия беш аз ҳар қудрати дигаре дар Осиёи Марказй, аз чумла дар Точикистон нуфуз дорад ва дар сиёсатгузориҳои давлатҳои ин минтақа ба ҳар навъе манфиатҳои Кремл дар назар гирифта мешуд. Дар ин миён хабарҳое низ дар мавриди музокирот миёни Точикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҳиндустон дар мавриди истифода аз фурудгоҳи "Айнй" мунташир шуда буд.
 Фурудгоҳи низомии "Айнй" дар замони Шуравй дар ғарбй пойтахти Точикистон сохта шуда буд.Баъди касби истиқлоли Точикистон ин фурудгоҳ чандон мавриди истифода қарор надошт ва бисёре аз бахшҳои он ғайрифаъол шуда буданд. Рузи 3 сентябри соли чорй баъд аз анчоми умури таъмиру бозсозй тавассути мутахассисони ҳйндй, ин фурудгоҳ дубора ба таври расмй мавриди баҳрабардорй қарор гирифт.Акнун аз фурудгоҳи мазкур тамомии анвоъи ҳавопаймоҳои низомй ва борбарй бидуни истисно, метавонанд истифода кунанд ва ин як имтиёзи ин фурудгоҳ аст. Фурудгоҳи "Айнй" мутаалиқ ба вазорати дифоъи Точикистон мебошад.Он чй ба таъмиру бозсозии фурудгоҳи "Айнй" тавассути мутахассисони ҳиндй бармегардад он аст, ки Деҳлй ин иқдомро дар идомаи рақобатҳои низомии худ бо рақиби суннатиаш - Покистон, анчом дод.Покистон тайи солҳои охир дар бахши ҳамкориҳои низомй бо Точикистон пешрафтҳое касб кард ва Ҳиндустон низ даст ба иқдом шуд ва қарордодоҳое дар чиҳати тавсаъаи ҳамкориҳои низомй бо Точикистон имзо намуд. Тармиму бозсозй ва тачҳизонидани фурудгоҳи низомии "Айнй" аз чумлаи бахшҳои ҳамкориҳои низомй миёни Душанбе ва Деҳлии нав мебошад.
 Дар соли 2009, дар замоне ки ҳануз корҳои таъмиру бозсозии фурудгоҳи "Айнй" идома дошт, Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия дар нишасти матбуотй дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон гуфт:дар сурати оғози баҳрабардории мучаддад, ба эҳтимоли қавй аз фурудгоҳи "Айнй" Точикистон ва Русия ба таври муштарак истифода хоҳанд кард. Аммо бо гузашти беш аз як моҳ аз оғози фаъолияти фурудгоҳи Айнй, ҳануз ҳеч ҳавопаймои русй дар он мушоҳида нашудааст.
 Масъалаи марбут ба баҳрабардорй аз фурудгоҳи "Айнй" дар сатҳи олй миёни Маскав ва Душанбе тобистони гузашта дар Сочй, миёни Димитрий Медведев ва Эмомалй Раҳмон, райисони чумҳури ду кишвар мавриди баррасй қарор гирифт.Ҳарчанд ҳеч тафсилоте дар бораи тавофуқи тарафҳо дар ин замина мунташир нашуд, аммо маълум буд, ки масъала ба баррасиҳои бештар тавассути коршиносони ду тараф вогузор шуд. Баъд аз оғози ба истилоҳ чанг алайҳи терроризм тавассути кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико дар Афғонистон, аҳамияти фурудгоҳи "Айнй" беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфт. Аммо Русия беш аз ҳар кишвари дигаре ниёз ба ин фурудгоҳ пайдо кард, то битавонад ҳузури низомии худ дар минтақаро бештару беҳтар тасбит кунад. Ин ниёз ба вижа дар пайи тағйир дар қарордодҳои низомй миёни Русия ва Точикистон, ки бар асоси он ҳавопаймоҳои низомии Русия аз фурудгоҳи Душанбе ба фурудгоҳи "Кант" дар Қирғизистон мунтақил шуданд, ошкортар шуд. Дар айни ҳол дар фурудгоҳи Душанбе неруҳои ҳавойии Фаронса чойгир ҳастанд ва ҳавопаймоҳои низомй ва борбарии Амрико ва Олмон барои сухтгирй ва идомаи парвоз ба Афғонистон, аз ин фурудгоҳ истифода мекунанд.
 Масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи "Айнй" миёни Русия ва Точикистон дар ҳоле мавриди баррасй қарор дорад, ки бино бар пояи иттилоъи бархе аз сойтҳои интернетй, Саидмуъмин Ятимов, раиси кумитаи амнияти миллии Точикистон рузи 14 октябр ба таври ғайримунтазира ба Маскав сафар ва бо мақомоти русй гуфтугуҳое анчом додааст.Дар ин музокирот авзоъи амниятй дар шарқи Точикистон дар меҳвар қарор доштааст, аммо табии аст, ки масъалаи фурудгоҳи "Айнй" низ матраҳ шудааст.Зеро Русия мехоҳад дар чорчуби муқаррароти Паймони амнияти чамъй аз ин фурудгоҳ ба таври ройгон истифода кунад ва ҳавопаймоҳои чангии худро дар ҳамин фурудгоҳ мустақар кунад. Русия дар айни ҳол барои пойгоҳи низомии худ дар Душанбе ва воҳидҳои низомии воқеъ дар вилояти Хатлон ҳеч маблағе ба Точикистон пардохт намекунад. Аммо акнун Точикистон мехоҳад барои истифода аз фурудгоҳи "Айнй" ичорабаҳо дарёфт кунад.   Душанбе ва Маскав дар шароите масъалаи баҳрабардорй аз фурудгоҳи "Айнй"ро мавриди баррасй қарор додаанд, ки барои дастёбй ба аҳдофи хеш ҳар кадом нуқоти заъф ва қувватҳое дар ихтиёр доранд.Маскав қабл аз ҳама мехоҳад аз нооромиҳои шарқи Точикистон ба унвони аҳрами фишор бар давлати Душанбе, кор гирад ва масъаларо ба нафъи худ ҳал ва ҳаққи истифодаи ройгон аз фурудгоҳи "Айнй"ро касб кунад.Дар ин миён дигар барги барандаи Русия таваққуфи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон аст.    
  Точикистон низ ба хубй медонад, ки хоҳишмандони истифода аз фурудгоҳи Айнй кам нестанд ва ин фурудгоҳ дар айни ҳол барои Русия аз чй арзише бархурдор аст. Ба илова, барои Душанбе рушан аст, ки Маскав мехоҳад ба ҳар қимате ки шуда, дар масъалаи фурудгоҳи "Айнй" бар рақибони ғарбии худ пируз ояд. Бо ин ҳол дастёбй ба ҳадафҳои хеш барои ҳар як аз тарафҳо, ниёз ба дипломатияи қавй дорад.Он чй дар ин робита ба тарафи Точикистон бармегардад он аст, ки дипломатияи Душанбе то кунун дар набарди сиёсй бо Русия корномаи шоистае надоштааст ва қариб дар ҳама маворид тарафи гузашткунанда будааст.
Просмотров: 597 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz