Главная | Регистрация | Вход | RSS Вторник, 16.04.2024, 21:16
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Апрель » 7 » Гарб ва Узбакистон
08:22
Гарб ва Узбакистон
 Таҳаввулоти ахири кишварҳои арабй ва мавзеъгирии давлатҳои ғарбй дар қиболи ин таҳаввулот, бори дигар чеҳраи воқеъйии Ғарбро барои чомеъаи чаҳонй бармало кард.Албатта дар мавриди авомили тахриккунандаи чунбишҳои мардумй дар шимоли Африқо дидгоҳҳо мухталифанд, аммо он чи бештар чалби таваччуҳ карда, куниш ва вокуниши давлатхои ғарбй дар қиболи ин чунбишҳо будааст.Дар ибтидои ин таҳаввулот, дар ҳоле ки давлатҳои ғарбй бо тамоми тавон талош карданд аз Ҳуснй Муборак, раиси чумҳури Миср дифоъ кунанд, ба ҳамон андоза ва ҳатто бештар аз он саъй доранд Муъаммар Қаззофй, раиси чумҳури Либиро сарнагун кунанд. Аз суи дигар, бо фиристодани неруҳои низомй ба Баҳрайн, бар он шудаанд аз ҳокимони худкомаи ин кишвар низ дифоъ кунанд. Оё чунин руйкарде аз кучо маншаъ мегирад? Чаро дар як кишвар чунбиши мардумй ба унвони инқилоб арзёбй мешавад ва ин инқилоб мавриди ҳимоятҳои ҳамачонибаи Ғарб қарор мегирад, дар кишвари дигар инқилобиюн тудаи чинояткору авбош муаррифй ва мавриди саркуби ҳамон ғарбиҳо воқеъ мешаванд? Посухи ин пурсишҳо кори душворе нест ва ин амр аз хуйи тавсаъаталабона ва судчуёнаи истеъмори чаҳонй маншаъ мегирад.Яъне бо таваччуҳ ба ин ки дар чаҳони имруз сиёсати истеъмории асримиёнагй роҳ ба чое намебарад, аз ин ру кишварҳои ғарбй истеъморро дар шаклхои дигаре идома бахшиданианд.Аз намунаҳои роичи ин истеъмор, руйи кор овардани афроди вобаста дар кишварҳои мавриди назар мебошад.Ҳар вақт эҳсос шуд, ки сарони ин ё он давлат аз истиқлоли амал кор мегиранд, ба истилоҳ ҳомиёни ҳуқуқи башар ва демократия вориди амал мешаванд ва заминаи инқилобҳои мардумй, ки дар асл ҳамон табаддулотҳои байналмилалй астро фароҳам мекунанд. Борҳо шоҳид будаем, дар чунин шароите давлатҳое ки на ба мардум, балкй ба қудратҳои ғарбй иттико мекарданд, чй гуна тавассути ҳамин ҳомиёни худ ба осонй сарнагун ва ҳатто катл шуданд.Сарнавиши талхи Саддом Ҳусейн фақат як мисоли кучаке дар ин замина аст. Чунин амалкарди Ғарб фақат дар шимоли Африқо хулоса намешавад, имруз мо ин сенариёро дар ақсо нуқоти чаҳон мушоҳида мекунем.Аз чумла дар Осиёи Марказй, дар шароите ки ҳамаруза бар рақобати қудратҳо чиҳати нуфуз ва тақвияти чойгоҳи худ меафзояд, ба вузуҳ дида мешавад ки давлатҳои ин минтақа таҳти ҳимоят, ё баръакс таҳти фишори давлатҳои Ғарб қарор гирифтаанд. Бархурди дугона ба масоиле назири ҳуқуқи башар ва демукратия, ки ғарбиҳо дар муносибат бо давлатҳои Осиёи Марказй аз он кор мегиранд, ин ҳақиқтро ба намоиш гузошта аст, ки истикбори чаҳонй ҳаргиз шарикони стротегй надошта, балки хадафхои стротегй дорад, ки бино бар такозои ин аҳдоф, шарикони худро интихоб ё тарк мекунад. Замзамаҳо дар бораи тағйири руйкарди давлатҳои ғарбй дар қиболи амалкарди Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон, тасдике бар ин гуфтаҳост.То ин дам Ғарб дар мавриди сиёсатҳои давлати Тошканд дар саркуби дигарандешон, мунтақидони давлат, фаъолони мазҳабй ва мухолифони сиёсй, ё хомушй ихтиёр кардааст ва ё бо додани тазаккурҳои шифоҳй иктифо намудааст.Аммо акнун дар маҳофили ғарбй ҳар аз гоҳе ибрози назарҳои интиқодй дар мавриди амалкарди Ислом Каримов,қотеъонатар аз ҳар замони дигаре шунида мешаванд.Ин мавзуъ тайи сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Бруссел дар ибтидои соли чорй бештар рушан шуд. Баъд аз ин сафар Каримов ба ин натича расид ки Ғарб ба Узбакистон ба унвони танҳо гузина дар чиҳати интиқоли коло ва тачҳизот ба Афғонистон, ҳоло ҳолоҳо ниёз дорад, аз ин ру бо қотеъият дастури қатъи фаъолияти созмони дидабони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch-ро содир кард.Ин ниҳоди амрикойи нақши муҳиме дар таҳияи аснод ва хуччатхо дар мавриди амалкарди хилофи қонуни мақомоти узбак дар руйдодҳои Андичон(майи соли 2005)ичро кард ва Каримов дунболи фурсати муносиб мегашт, то фаъолияти онро дар кишвараш мутаваққиф кунад.Ба гумони раиси чумҳури Узбакистон дар айни ҳол чунин шароите фароҳам омадааст.Аммо раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз фароянди чадиде дар ин минтақа аст, фароянде ки ҳаргиз ба нафъи Ислом Каримови по ба син гузошта, арзёбй намешавад.Аз ибрози назарҳои мақомоти ғарбй дар мавриди амалкарди Каримов дар нишастҳо ва маҳофили мухталиф бармеояд, ки Гарб аз мавзеъхои тагйирёбандаи раиси чумҳури Узбакистон ва бозиҳои сиёсии вай хаста шуда, дигар ҳеч эътимоде ба сарони Тошканд надорад. Афзоиши қимати тронзити коло ва тачҳизоти Ғарб ба Афғонистон, ки баъд аз сафари Каримов ба Аврупо чорй шуд, охирин ҳушдоре ба Ғарб буд, ки бояд дар пайи роҳҳои олтернотиф бошад. Аз ин чост ки тарҳи ба хам васл кардани роҳи оҳани Туркманистон ба Қазоқистон, ки хорич аз қаламрави Узбакистон ба Афғонистон пайваст хоҳад шуд, дар дастури кори ниҳодҳои ғарбй қарор гирифтааст. Бо такмили ин масир коридори шимол бо давр задани қаламрави Узбакистон ба Афғонистон пайванд хоҳад шуд ва ин амр боиси он хоҳад шуд, ки дигар Гарб дар масоили марбут ба Афғонистон, ниёзи ончунонй ба қаламрави Узбакистон надошта бошад. Яъне ин ба он маъност, ки дигар раиси чумҳури Узбакистон наметавонад мисли қабл, дар масъалаи тронзити коло ба Афғонистон, аз Ғарб бочгирй кунад.Албатта масъалаи рақобат миёни қудратҳо, ҳамчунон ба қуввати худ боқй хоҳад буд, ки дар ин миён Узбакистон низ истисно нест, фақат бо ин тафовут ки ин рақобат метавонад ба баҳои бақо ё суқути давлати Тошканд тамом шавад.Хамин мавзуъ, яъне камранг шудани нақши Узбакистон дар таҳаввулоти Афғонистон сабаб шудааст, ки мақомоти ғарбй бо истифода аз ҳар фурсате масъалаи бархурди чиддй бо сиёсатҳои зиддидемократии Ислом Каримовро матраҳ мекунанд. Ба вижа баъд аз он ки давлати Тошканд дар 23 моҳи март дастури қатъи фаъолияти дафтари Human Rights Watch-ро содир кард, дархостҳо дар мавриди бархурди чиддй бо сиёсатҳои зиддидемукросии Тошканд беш аз ҳар замони дигаре доман задаанд.
 Аз раванди таҳаввулот бармеояд, ки барои қудратҳои ғарбй он гуна ки худи онҳо тавсиф мекунанд, таърихи истифодаи бархе ҳокимони Осиёи Марказй низ ба поён расидааст ва дар пайи барномарезй барои иваз кардани муҳраҳо дар ҳай ати ҳокимаи давлатҳои ин минтақа баромадаанд.Ба иборати дигар, ин интизор чой дорад, ки дар ояндае на чандон дур шоҳиди таҳаввулоте назири шимоли Африқо дар Осиёи Марказй низ бошем.
Просмотров: 575 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz