Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 24.11.2017, 17:57
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Июнь » 29 » Иттиҳоди кишварҳои форсизабон
07:52
Иттиҳоди кишварҳои форсизабон
 
 Дар пайи ҳушдори Чумҳурии Исломии Эрон, давлати Тошканд теъдоде аз вагонҳои Точикистонро ба истилоҳ аз ҳабс озод кард.Садҳо вагони дорои масолеҳи сохтмонй, маводи ғизойи, сузишворй ва тачҳизот барои неругоҳи "Сангтуда- 2" ба қаламрави Точикистон расиданд ва аз чумла фаъолиятҳо дар тарҳи муҳими неругоҳи "Сангтуда-2" аз сар гирифта шуд. Мақомоти эронй дар шарҳи ҳушдори худ ба Узбакистон гуфтанд, ки ин корро барои ҳимоят аз манофеи Точикистон анчом доданд.Дар ҳушдори Теҳрон ба Тошканд гуфта мешуд, ки дар сурати идомаи монеътарошй дар убури вагонҳои Точикистон аз қаламрави Узбакистон, Эрон тронзити мошинҳо ва вагонҳои Узбакистон ва қаламравашро маҳдуд хоҳад кард.Ин ҳушдор қасри ҳубобии худхоҳиҳои мақомоти узбакро ба ларза даровард ва ба онон ёдовар шуд, ки дар дунёи имруз ҳануз неруҳое ҳастанд, ки аз ҳақ ва адолат пуштибонй мекунанд ва дар баробари зулму қонуншиканиҳо қад алам мекунанд.
 Бидуни иғроқ, ин иқдоми башардустона ва навъдустонаи Чумҳурии Исломии Эрон бори дигар қудрат ва чойгоҳи Эронро ба унвони кишвари таъсиргузор дар муодилоти байналмилалй, ба намоиш гузошт. Аз суи дигар, бори дигар собит шуд, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон дар вазъияти кунунии минтақа ва чаҳон,як амре ичтинобнопазир аст.Зеро нигоҳе ба мавқеияти се кишвари форсизабони Афғонистон, Эрон ва Точикистон ба хубй нишон медиҳад, ки имруз ин кишварҳо дар баробари як чанги эъломнашуда ва табъизҳои золимона қарор гирифтаанд.Ишғоли Афғонистон тавассути неруҳои низомии кишварҳои ғарбй ба саркардагии Амрико ба баҳонаи мубориза бо терроризм, таҳмил кардани фишорҳои бе ҳадду марз бар Эрон ба баҳонаи талош барои сохти силоҳи атомй ва муҳосираи иқтисодии Точикистон ба баҳонаи харобии роҳи оҳани Узбакистон, ҳама баёнгар аз он аст, ки неруҳои бадхоҳ сафарбар шудаанд, то бо ҳар роҳи мумкин форсизабононро аз равнақу пешрафт ва шукуфойи боздоранд.
 Дар ин миён Чумҳурии Исломии Эрон бештар мавриди фишорҳои Ғарб қарор дошт.Бо барқарории низоми Чумҳурии Исломй дар сарзамини Эрон дар соли 1979, дунёи истикбор дар як чабҳаи воҳид дар муқобили ин низоми навпо сангар гирифт.Нахустин зарба ба манзури аз байн бурдани Чумҳурии Исломии Эрон, таҳмили як чанги 8 сола ба ин кишвар буд.Дар соли 1980 режими баъсии Ироқ таҳти сарварии Саддом Ҳусейн бо таҳрики Амрико ва дигар қудратҳои султачу ба Эрон ҳамла кард, аммо миллати эрон дар як чанги нобаробар, бар душмани қудратманди худ, ки мавриди ҳимоятҳои густурдаи қудратҳои Шарқу Ғарб буд, пируз шуд.Ин пирузии Чумҳурии Исломй фақат бар Ироқи баъсй набуд, балкй пирузии як низоми навпои исломй бар чаҳони истикбор буд.Гузашта аз ин тайи беш аз 30 сол баъд аз пирузии инқилоби исломй, Эрон мавриди таҳримҳои беадолатона қарор гирифт.Аммо бар хилофи интизороти душманони Эрон, ин кишвар на танҳо аз ин таҳримҳо осебе надид, балкй ин иқдом боис шуд миллати эрон дар бисёре аз бахшҳо ба худкафойи даст ёбад. Имруз Эрон дар бисёре аз бахшҳои санъатй, илмй, фановарй, кишоварзй, нонотекноложй, пизишкй ва ... дар мақоми аввали Ховари Миёна қарор дорад.Ба иборати дигар, ҳамин таҳримҳо боис шуд, то Эрон бо такя ба зарфият, имконият, дониш ва тавонойиҳои худ, аз вобастагй ба кишварҳои хоричй раҳо шавад.Дар шароити кунунй ин тачрибаи Эрон метавонад намунаи ибрати муносиб барои Точикистон бошад.Дар ҳоле ки вобастагиҳои энержй ва иртиботй ба кишварҳои ҳамсоя, латмаи зиёде ба пешрафту тараққии Точикистон ворид мекунад, фаъол кардани зарфиятҳои дохилй ва чустани роҳҳои бурунрафт аз ин вазъ метавонад заминаи рушду пешрафти Точикистонро фароҳам кунад.Дар ин миён сохтани роҳҳои иртиботй ба хорич ва берун аз қаламрави Узбакистон дар авлавият қарор дорад, амре ки Чумҳурии Исломии Эрон барои амалй шудани он эъломи ҳамкорй намудааст. Бо чунин руйкарде метавон гуфт, таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон як заруратест, ки бархоста аз манофеи муштарки се кишвари Афғонистон, Эрон ва Точикистон мебошад.
 Албатта дар ин замина то имруз иқдомҳои зиёде сурат гирифтаанд ва ҳануз дар даҳаи 90 милодй дар нишасти сечонибаи оқоён Рафсанчонй, Раббонй ва Раҳмонов дар шаҳри Душанбе, нахустин гуфтугуҳо дар ин замина сурат гирифтанд.Аммо, акнун шароити имрузи минтақа ва чаҳон эъчоб мекунад, ки се кишвари дорои забон, дин, фарҳанг ва таърихи муштарак дар ҳифзи арзишҳо ва манофеи муштараки худ бештар кушо бошанд.Барои ин се кишвар собит шуда, ки дар чиҳати ҳифзи манофеи худ ба умеди дигарон буданд чуз зиён ва гирифториҳои бештар, ҳосиле ба ҳамроҳ нахоҳад дошт.Ба вижа дар пайи хорич кардани Эрон аз довталабии узвият дар Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳимоятҳои ошкори Маскав аз манофеи Тошканд дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй ва иқдомоти Ғарб барои музокира бо гуруҳ Толибон дар Афғонистон, собит шуд, ки як Иттиҳоде барои се кишвари форсизабон зарурй аст.Албатта метавон бидуни ташкили созмон ё ниҳоде низ ҳадафҳои худро дунбол кард, аммо ташкили Иттиҳод масъулиятҳо ва вазифаҳоро мушаххастар бозгу мекунад. Бо таваччуҳ ба тавоноиҳои билқувваи Эрон дар бахши иқтисодй ва ниёзҳои мубрами Точикистон ва Афғонистон ба ҳамкорй ва кумакҳои иқтисодй таъсиси як ниҳоде дар ростои тавсаъаи ҳамкориҳои иқтисодй миёни Теҳрон-Кобул-Душанбе метавонад оғозе муносиб дар шаклгирии Иттиҳод бошад. Дар ин замина баҳори соли 2008 вазирони хоричаи се кишвари форсизабон дар Душанбе ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Тачрибиёт ва пешрафтҳои Эрон дар бахши иқтисод ва манобеи саршори табиъии мавчуд дар Афғонистон ва Точикистон, ҳамчунин мавқеъияти чуғрофиёйии ин се кишвар, ояндаи дурахшоне аз ҳамкориҳои иқтисодиро замонат медиҳад. Дар ин миён набояд нодида гирифт, ки таъсиси Иттиҳоди кишварҳои форсизабон мухолифони сарсахти худро дар минтақа ва берун аз он дорад.Аз чумла, Русия ба унвони меросхури Шуравй, ба ҳеч вачҳ намехоҳад ҳар гуна иттиҳод ё созмоне бе мушорикати у дар ин қаламрав шакл гирад.Маскав чунин иқдомеро хилофи манофеи худ дар минтақа медонад, зеро аз густариши нуфузи Эрон дар минтақаи стротргии Осиёи Марказй бим дорад. Монеътарошй дар роҳи узвияти Чумҳурии Исломии Эрон ба Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки хорич аз иродаи Маскав набуда, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Аз суи дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ мухолифи ташкили иттиҳоди се кишвари форсизабон аст, чунки Вашингтон мехоҳад бо ҳар роҳи мумкин Эронро дар инзиво қарор диҳад ва аз густариши нуфуз ва чойгоҳи Теҳрон дар минтақа ва чаҳон пешгирй кунад.Музокироти низомиёни амрикойии мустақар дар Афғонистон бо Толибон ва барномаҳои мушорикат додани онон дар идораи давлати Кобул, ҳамчунин афзоиши кумакҳои мухталифи Вошингтан ба Душанбе, аз ҳамин зовия қобили тааммул аст.
 Аз суи дигар монеъаҳои дохилии мавчуд дар бархе аз ин кишварҳои форсизабонро низ набояд нодида гирифт.Аз чумла ҳануз бархе доираҳо дар Душанбе аз он ҳарос доранд, ки наздикии беш аз ҳад бо Эрон мучиби тақвияти исломгаройи дар чомеъа шавад.Чунин ақидаҳои воҳй аз чумлаи сабабҳоест,ки Точикистонро дар аз миён бардоштани раводид бо Эрон сардаргум кардааст.То ҳануз роҳандозй нашудани шабакаи телевизионии форсизабонон далели дигари вучуди бархе ихтилофи дидгоҳҳо мебошад, ки сарони се кишвар дар талошанд ҳарчй сареътар онҳоро рафъ кунанд. Сарфи назар аз ин ҳама, сарони се кишвари форсигу борҳо дар нишастҳои худ таъкид кардаанд, ки ҳамкориҳои онон ба ҳеч вачҳ алайҳи ҳеч кишваре нахоҳад буд ва дар ростои тавсаъа ва таҳкими ҳамгароиҳои ҳарчй бештар дар минтақа сурат мегирад. Амре ки кишварҳои минтақаро аз вобастагиҳо ба қудратҳои судчуи фароминтақайи раҳо хоҳад кард. Аз суи дигар дар дунёи имруз таъсиси иттиходияхо ба як амре маъмулй табдил шудааст ва кишвархо дар ростои бароварда намудани ниёзхои худ иттиходияхо таъсис мекунанд. Иттиходияи Аврупо, Иттиходияи араб, Иттиходи туркзабонхо ва.. аз хамин чумлаанд.
Просмотров: 671 | Добавил: did | Рейтинг: 3.0/2
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz