Главная | Регистрация | Вход | RSS Вторник, 30.04.2024, 15:35
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Декабрь » 22 » Япония ва Осиёи Марказй
06:39
Япония ва Осиёи Марказй
 
Ахиран Қурбонқулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон дар чорчуби як сафари расмй ба Япония сафар кард.Ин нахустин сафари як раиси чумҳури Туркманистон ба Токио буд. Дар поёни ин сафар як баёния миёни ду кишвари Япония ва Туркманистон ба имзо расид. Ин санад, ки иборат аз шаш мода аст, густариши ҳамкориҳои Ашқобод ва Токиоро дар заминаҳои сиёсй, иқтисодй, тичорй, фарҳангй ва омузишй пешбинй мекунад. Ҳамчунин дар ин баёния ду тараф бар ҳамкории бештар дар мубориза бо тероризм, қочоқи маводи мухаддир, силоҳҳои куштори чамъй ва дигар таҳдидҳои минтақаи ва чаҳонй таъкид карданд. Нахуствазири Япония дар дидор бо раиси чумҳури Туркманистон аз ифтитоҳи қарибулвуқуи сафорати кишвараш дар Ашқобод хабар дод ва таъкид кард, ки аз тамоили Туркманистон дар чиҳати густариши ҳамкориҳо дар заминаҳои тичорй, иқтисодй, энержй ва ҳамлу нақл миёни ду тараф истиқбол мекунад.Юкиё Ҳотуёмо эълом кард, ки Япония дар бозсозии бандари «Туркманбошй» ва дигар тарҳҳои бузурги иқтисодии Туркманистон мушорикати фаъолона хоҳад кард. Албатта муҳимтарин дастоварди сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Япония тавофуқи ду тараф дар заминаи энержй арзёбй мешавад. Нахустин сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Япония дар шароите сурат гирифт, ки таҳлилгарон аз муддатҳо қабл пешбинй мекарданд, дер ё зуд Япония ба унвони рақиби Русия ва Чин вориди муодилоти Осиёи Марказй хоҳад шуд.Қобили зикр аст, ки Япония ҳануз дар замони Шуравй таваччуҳи вижае ба Осиёи Марказй ба унвони бахши муҳими «Чодаи абрешим» дошт ва бо фурупошии Иттиҳоди Шуравй фаъолиятҳои пажуҳиширо дар ин шоҳроҳ тақвият кард.Акнун дар шароите, ки Чин ва Кореяи чанубй дар канори Русия нуфузи худро дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй ҳамвора густариш медиҳанд, Япония наметавонад назорагари ин раванд бошад. Зеро амнияти Япония ба таври мустақим ё ғайримустақим ба амалкарди ин се кишвар дар минтақа низ марбут аст ва манофеи Токио эчоб мекунад, ки ин кишвар вориди муодилот дар Осиёи Марказй шавад.Дар ин миён мавзуи манобеи фаровони энержии Осиёи Марказй аз аҳамияти вижае бархурдор аст, ки бидуни шаку шубҳа Япония ҳозир нахоҳад буд имкониятҳои хешро дар ин замина нодида гирад.Аз суе таҳлилгарони японй пешниҳод мекунанд, ки бояд Токио аз Созмони ҳамкории Шонгҳой истифода ва барои пайвастан ба ин ниҳоди минтақайи талош кунад.Бо таваччуҳ ба ин ки ду қудрати муҳими атомй - Русия ва Чин узви Созмони ҳамкории Шонгҳой мебошанд, аъзои нозир ё узви доим будани Япония имконияти манёври ин кишварро дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй бештар хоҳад кард. Имкониятҳои фаъол шудани дипломатия ва тақаррукоти Токио дар Осиёи Марказй аз чанбаҳои мухталифе имконпазир аст.Аввал ин ки Япония ба унвони шарики Амрико дар минтақа, метавонад дар ҳамсуи бо сиёсатҳои Вошингтон, рақобатеро бо Русия ва Чин дар ин минтақа шакл диҳад.Дар ин росто Токио метавонад дар ичрои барномаҳои хеш дар минтақа ба пуштибонии Амрико умед бандад.Дуввум, бо таваччуҳ ба ин ки кишварҳои Осиёи Марказй, ба вижа кишварҳое, ки аз манобеи саршори энержй бархурдоранд, барои иктишоф ва истихрочи нафту гази худ ба фановариҳои пешрафтаи Япония эҳтиёч доранд. Ҳамин амр тамоили ин кишварҳо ба ҳамкорй бо Япнияро афзоиш додааст, аз ин ру ба таври мустақил ворид шудани Токио ба муодилоти Осиёи Марказй низ аз эҳтимол дур нест.Саввум, дар шароити кунуни минтақа ва чаҳон, ки Осиёи Марказй дар конуни таваччуҳи қудратҳои Шарқу Ғарб қарор гирифтааст, Япония наметавонад аз ин раванд дар канор бимонад ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии ин кишвар эчоб мекунад, ки Токио ба таври фаъолонатаре вориди амал шавад.Ин сиёсатро ҳануз дар соли 2006 Асо Таро, нахуствазири вақти Япония таъйин карда буд.Вай тарҳеро бо номи «Осиёи Мраказй - коридори сулҳ ва субот» ироа карда буд.Бар асоси ин тарҳ сиёсатмадорони япон ба Осиёи Марказй ба унвони долоне ба Афғонистон нигоҳ мекунанд. Бо чунин руйкарде ин дидгоҳ бештар тақвият мешавад, ки Япония дар ҳамсуи бо тарҳи амрикойии «Осиёи Марказии бузург», ки соли 2005 тавассути Вошингтон ироа шуд, вориди муодилоти Осиёи Марказй хоҳад шуд. Албатта чунин раванде дар дарозмуддат ба нафъи Япония нахоҳад буд, аз ин ру ҳифзи манофеи Токио дар минтақа ниёзманди сиёсате мустақил аст, то битавонад эътимоди бештари кишварҳои Осиёи Марказиро чалб ва тамоили ҳарду даста аз кишварҳои мухолиф ва мувофиқи Амрико ва Русияро, ба ҳамкориҳо бо Токио, бештар кунад. Ҳамкориҳои Япония ва Қазоқистон дар тичорати уран, ки аз нимаи дуввуми даҳаи 90 шуруъ шуда,баёнгар аз азми чиддии Токио дар мушорикати фаъолона дар раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй аст. Дар айни ҳол Қазоқистон як чаҳоруми ниёзи Япония бо уранро таъмин мекунад.Ба иборати дигар Япония дар канори Амрико, Чин, ва Кореяи чанубй дар ҳоли табдил шудан ба муҳимтарин харидорони урани Қазоқистон аст.
Просмотров: 551 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Декабрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz