Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 02.05.2024, 15:27
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Ноябрь » 26 » Киргизистон ва пойгохи низомии Русия дар ин кишвар
07:07
Киргизистон ва пойгохи низомии Русия дар ин кишвар
 Дар пайи вуруди кишварҳои ғарбй ба Осиёи Марказй ва ба дунболи он густариши равобит миёни ин кишварҳо ва чумҳуриҳои Осиёи Марказй, Русия бо масоили тозае дар ҳамкорй бо шарикони суннатии хеш мувочеҳ шуд. Ин масоил дар бахшҳои сиёсй, амниятй, иқтисодй ва ичтимои зуҳур намуда, дар бархе маворид мавзеъҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро дар муқобили ҳам қарор додаанд. Бо таваччуҳ ба ташаннучи авзои амниятй дар Афғонистон ва идомаи раванди нокомиҳои эътилофи ба истилоҳ зидди терор, ниёзи кишварҳои ғарбй ба ҳамкорй ва мусоидатҳои ҳарчи бештари чумҳуриҳои ҳамчавор бо Афғонистон ба таври бесобиқае афзоиш ёфтааст.Ба вижа дар пайи вахомати авзои амниятй дар Покистон, ки интиқоли тачҳизоти низомй ва дигар колои ғайринизомй барои неруҳои НАТО дар Афғонистонро аз тариқи масирҳои қаблй,ғайриимкон намуд, таваччуҳи Ғарб ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре афзудааст. Ба худии худ ин мавзуъ бе таъсир бар равобити низомии кишварҳои минтақа бо Русия нахоҳад буд. Лизо ин мавзуъ аз як су ҳақи интихоб барои кишварҳои Осиёи Марказиро бештар намуда, аз суи дигар Маскавро дар тасмимгириҳои хеш дучори мушкил намудааст.Зеро Русия дар тадвини ҳамкориҳои низомй бо яке аз кишварҳои минтақа, наметавонад манфиатҳои кишвари саввумро нодида гирад. Ин мавзуъ бештар аз дигар кишварҳо дар равобити Русия бо Узбакистон, Қирғизистон ва Точикистон аҳамият дорад. Қарори маълум ин се кишвар дар равобити байни ҳамдигар масоили ҳалнашудае доранд, ки Маскав зимни беш аз ҳад наздик шудан ба яке аз ин кишварҳо, метавонад заминаи фосила гирифтани кишвари дигареро фароҳам кунад. Масъалаи таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон аз чумлаи ин маворидест, ки ба таври мустақим бар равобити Маскав - Тошканд низ таъсиргузор ҳаст. Аз ин чост,ки ало рағми тавофуқи Димитрий Медведев ва Қурмонбек Боқиев руасои чумҳури Русия ва Қирғизистон дар моҳи ути гузашта дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистон, ин мавзуъ ҳалли ниҳойии худро наёфтааст.Ин дар ҳолест, ки тибқи тавофуқи қаблй тарафайн боаястй рузи аввали ноябр санадҳои марбут ба ин масъаларо ба имзо мерасонданд. Мушкили аслй дар ин замина он аст, ки Русия дар дуроҳаи интихоби душворе қарор гирифтааст: аз як тараф зарурати таьсиси пойгоҳи низомй, ки ноши аз густариши рузафзуни ҳузури Амрико мебошад; аз суи дигар норизоятии Узбакистон дар ин замина, ки ҳосили ихтилофоти мавчуд миёни Бишкек - Тошканд аст. Дар пасманзари ин руйдод Узбакистон ва Қирғизистон аҳдофи мутафовутеро дунбол мекунанд: Бишкек қасд дорад бо истиқрори пойгоҳи русй дар мучовирати марз бо Узбакистон, дар баробари ҳар дасисаи эҳтимолии Тошканд сипаре эчод кунад.(Ин бим дар маҳофили қиғизй матраҳ мешавад, ки дар сурати тасаллути комили Қирғизистон бар манобеи обии худ ва ба унвони коло содир кардани об, Узбакистон дар ростои таъмини оби мавриди ниёзи хеш ба Қирғизистон ҳамла кунад).Ба нубаи худ Тошканд аз он бим дорад, ки Бишкек бо истифода аз ҳимоятҳои низомии Маскав дар баробари хостаҳои Узбакистон биистад. Бо таваччуҳ ба ин масоил Кремлин ногузир ба риояти таодул дар таомули хеш бо кишварҳои Осиёи Марказй мебошад. Аммо наметавон бо як кишвар ҳам дуст буд ва ҳам рақиб.Маскав ногузир ба интихоб аст. Бо ин вучуд, ин нукта ғайриқобили инкор аст, ки дар шароити кунунии минтақаи стротегии Осиёи Марказй Маскав ба ҳеч вачҳ намехоҳад василае барои амалй шудани ҳадафҳои яке аз кишварҳо бошад.Ин мавзуъ дар шароите ки гуфта мешавад музокироте миёни Вашингтон ва Тошканд дар мавриди бозгашти низомиёни амрикойи ба пойгоҳи Хонобод чараён дорад, бештар аҳамият пайдо кардааст.Акнун барои кишварҳои ғарбй муҳим нест, ки дар Узбакистон озодиҳои шаҳрвандй риоят мешаванд, муҳим он аст, ки ин кишвар ба хостаҳои Ғарб амал кунад. Дар чунин шароите Маскав талош дорад гомҳои санчидатаре бардорад. Бо таваччуҳ ба амалкарди Маскав дар қиболи шарикони худ дар Осиёи Марказй, интизор меравад, ки Русия Узбакистонро бар соири чумҳуриҳои минтақа, аз чумла Қирғизистон ва Точикистон тарчеҳ диҳад. Зеро дар айни ҳол манобеи саршори гази Узбакистон барои Маскав бештар аз манобеи обии Қирғизистон ва Точикистон аҳамият доранд.Хунсо кардани талошҳои Ғарб барои дастёбй ба манобеи чадиди газ, ки чойгузини гази Русия бошад, аз аслитарин маворид дар сиёсатҳои осиёимиёнагии Кремл мебошад
Просмотров: 665 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Ноябрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz