Главная | Регистрация | Вход | RSS Среда, 24.04.2024, 08:54
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Май » 12 » Киргизистон дар гирдоби ходисаҳо
08:06
Киргизистон дар гирдоби ходисаҳо
IMAGE1$
 Рузи чумъаи 29 апрели соли чорй Кенешбек Дуйшибоев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки дар порлумони ин кишвар сухан мегуфт, аз таъсиси ҳизби чадид тавассути шаҳрвандони ин кишвар дар қаламрави Афғонистон хабар дод.Кенешбек Дуйшибоев афзуд, бар асоси иттилооти ба даст омада аз манобеи боэътимод, чанде қабл гуруҳе аз шаҳрвандони узбактабори Қирғизистон, ки дар пайи ҳодисҳои июни соли гузашта ба Афғонистон фирор карда буданд, ҳизби чунбиши исломии Қирғизистонро таъсис карданд.Вай таъкид кард, дар айни ҳол ҳудуди 400 нафар аз ин афрод дар урдугоҳҳои вижа омузишҳои низомй мегиранд ва барои бозгашт ба Қирғизистон омода мешаванд.Бино ба гуфтаи ин мақоми аршади амниятии қирғиз ҳадафи аслии ин ҳизб тақсим кардани кишвари соҳибистиқлоли Қирғизистон мебошад.
 Албатта пайдоиши гуруҳҳои мусаллаҳи шаҳрвандони узбактабори Қирғизистон дар кишвари ҳамсоя, хабари чадиде нест ва Роза Отунбоева, раиси чумҳури ин кишвар 1 феврали соли чорй дар дидор бо мардуми устонҳои чануби Қирғизистон гуфта буд, ки болиғ бар 200 нафар аз шаҳрвандони вилоятҳои чанубии ин кишвар дар урдугоҳҳои Афғонистон машғули омузишҳои низомй ҳастанд.
 Бо ин ҳол аз манобеи дигаре хабари таъсиси ҳизби чунбиши исломии Қирғизистон тасдиқ ва ё рад нашудааст, танҳо чизе ки чалби таваччуиҳ мекунад, замони эъломи ин хабар аст, ки чанд руз қабл аз эъломи гузориши кумиссиюни байналмилалй дар мавриди ҳаводиси моҳи июни соли гузаштаи ин кишвар мебошад. Дар гузориши ин кумиссиюн аз чумла таъкид шуда, ки дар даргириҳои низомии моҳи июни гузашта аносир ва авомили миллигаро ҳузур надошта, иқдомоти нажодпарастонае низ сурат нагирифтааст.
 Аммо дар мавриди ояндаи амният дар Қирғизистон раиси кумитаи амнияти миллии ин кишвар, дар ҳузури намояндагони миллат, чанд авомили вайронгарро баршумурд.Кенешбек Дуйшибоев ҳал нашуда боқй мондани масъалаи хати марз бо ҳамсоягонро ба унвони аввалин омили баҳамзанандаи амният муаррифй кард.Вай аз он чй "тачовузи хомуш"-и бархе ҳамсояҳо ба манзури ҳалли масоили баҳсбарангез тавсиф кард, ба унвони омили дуввуми таҳдид ба суботу амният ёдовар шуд.Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баҳсҳои доимй миёни манотиқи ҳаммарз бо ҳамсоягон дар мавриди баҳрабардорй аз оби рудхонаҳои муштаракро омили севвуми таҳдид ба амният ном бурд.Убури масири қочоқи маводи мухаддир, инсон ва ашёи бостонй аз қаламрави Қирғизистон омили чаҳоруми таҳдид ба суботу амнияти Қирғизистон тавассути раиси кумитаи амнияти миллй муаррифй шуд.Кенешбек Дуйшибоев бо ишора ба даргириҳои ахир дар шарқи Точикистон, тазаккур дод, ки ба эҳтимоли зиёд такрори чунин ҳаводис пешбинй мешавад. Вай афзуд тачаммуъи гуруҳҳои ифротй дар марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказй тасдиқе дигар ба ин дидгоҳ аст, ки нооромиҳо ба минтақа сироят хоҳанд кард.           Нигарониҳои мақомоти қирғиз дар мавриди сирояти нооромиҳо аз хорич ба ин кишвар, фақат ба суханрониҳои раиси кумитаи амнияти миллй ва ё ҳушдори раиси чумҳури ин кишвар хулоса намешавад, муддатҳо қабл рузномаҳои ба истилоҳ мустақили Узбакистон ҳушдор дода буданд, ки чунончй ҳуқуқи узбакҳои муқими Қирғизистон нодида гирифта шавад, Тошканд ба таври чиддй вориди амал хоҳад шуд.Бархе аз ҳафтаномаҳои узбак ҳатто иқдомоти низомиро дар ин замина истисно накарда буданд.Баъд аз ҳаводиси моҳи июни соли гузаштаи мелодй дар вилояти Уш, ки мунчар ба кушта шудани теъдоди зиёде аз шаҳрвандони қирғиз, аз чумла узбактаборони ин кишвар шуд, давлати Тошканд бо тамоми тавон талош кард ин ҳаводис мавриди баррасиҳои байналмилалй қарор гирад.Мақомоти аршади узбак интизор доштанд, ки ин кумиссюн мавриди табъизи нажодй қарор гирифтани ақаллияти узбак дар ин ҳаводисро ба исбот хоҳад расонд ва барои Узбакистон роҳ дар чиҳати дахолатҳои мустақим дар умури давлати Бишкек ҳамвор хоҳад шуд.Аммо қарори маълум, ин интизор бароварда нашуд.Дар ин миён, ҳамон гуна аз гузоришоти сохторҳои амниятии қирғиз бармеояд, хадамоти вижаи Узбакистон дар пайи тақвияти фаъолиятҳои чосусй шуд, то заминаи вуқуъи нооромиҳо дар Қирғизистонро фароҳам кунад.
 Дар ин робита то имруз матолиби муталифе дар сойтҳои интернетй мунташир шудаанд, аммо суханронии раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар порлумони ин кишвар (29 апрел)нахустин мавриде буд, ки як мақоми аршад ангушти иттиҳомро ба узбакҳо ишора рафт.Дар ҳамин робита суханони Виталий Волков, коршиноси олмонй, ки аз манобеи узбак нақли қавл карда, бештар чалби таваччуҳ мекунад, гуфта: дар сурати такрори ҳаводиси моҳи июни соли 2010, Узбакистон дар дифоъ аз ҳамқавмони худ дар қаламрави Қирғизистон, қотеъонатар амал хоҳад кард, ҳатто мудохилаи низомй истисно нест.Албатта дар замони руйдодҳои устони Уш (10 июни соли 2010), вақте ки дар Узбакистон нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой чараён дошт, Ислом Каримов дар мавзеъгирй дар қиболи он ҳаводис гуфта буд: ин кори дохилии давлати Бишкек аст.Ҳамин нукта баъдан дар вокуниши Паймони амнияти чамъй дар қиболи он ҳаводис, мунъакис шуд.Аммо баъд аз руйдодҳои Либй ва судури ичозатномаи Созмони милали муттаҳид дар мавриди мудохилаи низомй дар таҳаввулоти ин кишвар, намунаи ибратсозие дар ин замина сурат гирифтааст ва замзамаҳои мақомоти Тошканд дар бораи эҳтимоли дахолатҳои низомй дар кишварҳои ҳамсояро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.
 Дар бори дурнамои амният дар Қирғизистон як коршиноси муқими Бишкек, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, хадамоти амниятии Бишкек далелҳои боэътимоде дар даст доранд,ки бархе кишварҳои ба истилоҳ ҳамсоя бо ҳамкории хадамоти вижаи кишварҳои ғарбй дар пайи дар муқобили ҳам қарор додани ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Қирғизистон ҳастанд. Қабл аз ин дигар манобеъ низ аз ҳамкории гуруҳҳои ба истилоҳ исломй бо хадамоти вижаи ин кишварҳо дар чиҳати ноамн кардани бархе манотиқи Осиёи Марказй парда бардошта буданд.Ахиран расонаҳои иттилоотии Қирғизистон ва Точикистон хабарҳое дар бораи муздури хадамоти вижаи яке аз кишварҳои минтақа будани бархе аз аъзои боздоштшудаи ҳизби таҳрир ва ҳаракати исломии Узбакистон, мунташир карданд.Аз ибрози назари мақомоти ҳизби Наҳзати исломии Точикистон низ бармеояд, ки ҳануз дар даҳаи 90 қарни гузашта авомили хадамоти амниятии Узбакистон ба суфуфи ҳаракати исломии Узбакистон нуфуз карда буданд.Дар шароити кунунй мақомоти Бишкек аз он бим доранд, ки бархе неруҳои хоричй бо истифода аз фурсат, доманаи ноамниҳоро мучаддадан ба ин кишвар бикашанд.Аз ин ру бо баргузории манёврҳо бар он шудаанд, ки зариби дифоъии кишварро афзоиш диҳанд ва ҳамзамон бо иттилорасониҳо, нишон бидиҳанд, ки авзоъро ба таври комил таҳти назорат доранд.
Просмотров: 732 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz