Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 24.11.2017, 17:56
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Октябрь » 25 » Мизони эътимоди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказй
10:18
Мизони эътимоди Русия ба кишварҳои Осиёи Марказй
 
 Рафту омадҳои беш аз маъмули мақомоти кишварҳои ғарбй ба Осиёи Марказй ва Чанубй аз як су ва баргузории нишастҳои мухталифи ниҳодҳои таҳти нуфузи Русияи фаъол дар қаламрави Шуравии собиқ аз суи дигар, баёнгар аз ин воқеъият аст, ки ин минтақа дар чанбаъҳои густурдае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Фуру рафтани Ғарб дар ботлоқи Афғонистон, ки дар бархе ҳолатҳо ёдовари сарнавишти Шуравии собиқ аст, авзои минтақаро ба гунае печида намудааст, ки ҳар иқдоме тавассути бозигарони саҳна метавонад сарнавиштсоз воқеъ шавад.Бо таваччуҳ ба ин, ҳарчанд эълом нашудааст, аммо Ғарб ба фикри он чи ки "хуручи шарофатмандона аз минтақа" унвон мекунад, афтодааст.Дар ин росто кишварҳои ғарбй тамоми талоши худро ба кор гирифтаанд, то ақибнишиниашон аз Афғонистон на шикаст, балки вогузории идораи корҳо ба масъулон ва мардуми Афғонистон тавсиф шавад.
 Дар ин миён Русия, ки аз шикасти Ғарб дар Афғонистон бим дорад, зеро ҳама буҳронҳои мавчуд дар Афғонистон ба марзҳои чанубии ин кишвар нуфуз хоҳанд кард, барномаеро руи даст гирифтааст, ки аз фурсати кунунй амалй кардани ҳадафҳои худ дар минтақа, кор гирад.
 Таҳаррукоти Маскав дар баргузории нишастҳои чорчониба бо Афғонистон, Покистон ва Точикистон баёнгар аз он аст, ки Русия дар пайи тадвини системи чадиди равобит дар минтақа бар омадааст.Баргузории нишастҳои чорчонибаи сарони Русия, Покистон, Точикистон ва Афғонистон моҳи июли соли 2009 дар Душанбе ва августи соли 2010 дар Сочй, ки бо ибтикори Маскав сурат гирифт, собит намуд, кохи Кремл дар идомаи сиёсатҳои роҳбурдии худ, ки иваз кардани шарикон дар марҳалаҳои ҳассос аз чумлаи шигардҳои он аст, бар он шудааст муносиботи худ бо ҳар як аз ин кишварҳоро бар асоси иақозои манофеи худ шакл диҳад. Нуктаи чолиби таваччуҳ дар ин фароянд, руйкарди чадиди Маскав ба Исломобод аст.Тайи болиғ бар ним қарни гузашта, Ҳиндустон аслитарин шарик ва муттаҳиди Маскав дар муодилоти минтақа буд ва Кремл дар сиёсатҳои худ ҳамеша манфиатҳои Деҳлии навро дар назар мегирифт. Ба иборате, равобити Русия ва Покистон аз зовияи манофеи Ҳиндустон тарроҳй ва ичро мешуд. Аммо ҳамакнун дар пайи вориди чархаи сиёсатҳои Амрико шудани Ҳиндустон, ки дар замони Чорч Буш оғоз шуд, миёни Маскав ва Деҳлии нав фосила эчод шуд ва дар ҳолатҳое манофеи ду кишвар дар муқобили ҳам қарор гирифт.Аз ин ру Русия Покистонро ба худ чалб кард, то нақши фаъолтаре дар муодилоти минтақа дошта бошад.Вуқуъи сел дар Покистон ва ниёзи ин кишвар ба кумакҳои башардустона, беҳтарин шароит барои чомаи амал пушидани ҳадафҳои Русия буд ва Маскав ин фурсатро аз даст надод.Дар нишасти чаҳорчонибаи Сочй (августи 2010)ироаи кумакҳои фаврй ба селзадагони Покистон, дар меҳвари гуфтугуҳо қарор дошт.Аз суи дигар, ба бунбаст расидани барномаҳои Ғарб дар Афғонистон ва афзоиши ҳисси амрикоситезй дар миёни мардуми ин кишвар, фурсатеро эчод кард, ки Русия битавонад ба нақшофаринй дар раванди таҳаввулоти Афғонистон бипардозад. Ҳамин мавзуъ мақомоти точикро, ки ҳамвора мавзеи худро дар қиболи Русия ва Ғарб тағйир медиҳанд, то ҳадде мутақоид кард, ки ҳамчунон бозигари аслй дар минтақа Маскав аст.
 Бо ин ҳол наметавон гуфт, ки Русия ин бор шарикони худро барои як муддати тулонитаре интихоб кардааст, зеро иқдоми Маскав дар таъсиси фармондеҳии фаврй - стротегй таҳти унвони "Марказ" дар Екатеринбург (чануб шарқи Русия)баёнгар аз он аст, ки Русия ҳамчунон аз марзҳои чанубии худ эҳсоси хатар мекунад.Фармондеҳии "Марказ", ки аз тобистони имсол ба таври расмй оғоз ба кор кард, аз чумла иборат аз 6 пойгоҳи ҳавойи, 6 гурдони мушакй мебошад, ки беш аз 160 ҳавопаймо, чет ва чархбол доранд.Тачҳизоти мутаалиқ ба фармондеҳии мазкур дар навъи худ охирин дастовардҳои фании муҳандисони низомии рус мебошанд.Ба эътиқоди низомиёни Русия фармондеҳии фаврй - стротегии "Марказ", кумак-захираи Паймони амнияти чамъй мебошад.Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки авзоъ дар Осиёи Марказй наметавонанд мавриди эътимод бошад ва суботу оромиши ин минтақа ҳамчунон шикананда боқй мондааст. Маҳофили низомии русй ба давлатҳои Бишкек ва Душанбе чандон эътимоде надоранд ва бар ин боваранд, ки Қирғизистон ва Точикистон давлатҳое мебошанд, ки ҳануз комил нашудаанд ва дар сиёсатҳои низомии Русия чойгоҳи ончунонй надоранд ва танҳо арзиши ин ду кишвар дар он аст, ки лашкари 201 дар Точикистон ва пойгоҳи ҳавойи дар "Кант" (Қирғизистон), ки низ мутаалиқ ба фармондеҳии фаврй - стротегиии "Марказ" мебошанд, мустақар аст.Дар ин росто Туркманистон низ хорич аз муҳосиботи Русия аст ва сиёсати бетарафии ин кишвар ҳаргиз дар чорчуби манофеи Маскав набудааст.
 Қазоқистон ягона кишваре дар минтақа мебошад, ки бо Русия марзи муштарак дорад ва Маскав барои равобит бо ин кишвар аҳамияти вижае қоил аст.Аз нигоҳи низомй неруҳои низомии Қазоқистон пурзуртар аз неруҳои фармондеҳии фаврй - истротежики "Марказ" мебошанд ва аз омодагии волои низомй бархурдоранд. Дар Осиёи Марказй Қазоқистон танҳо кишвари мавриди эътимоди Маскав дар масоили сиёсй ва низомй мебошад. Аммо Узбакистон дар муодилоти сиёсй - низомии Русия тақрибан чойгоҳе надорад, зеро ҳозир нест дар тарҳҳои низомии Маскав дар минтақа мушорикат кунад. Аз суи дигар Тошканд ба масъалаи истиқрори теъдоди маҳдуди низомиёни русй дар чануби Қирғизистон, бархурди душманона дорад. Ва аммо аз нигоҳи низомиёни Русия он чй ба равобити байниҳамдигарии кишварҳои Осиёи Марказй бармегардад, он аст, ки равобит миёни Қазоқистон ва Узбакистон сард аст. Қирғизистон ва Точикистон аз ҳамсояи ғарбии худ (Узбакистон) ба таври чиддй дар ҳаросанд.Узбакистон бо Туркманистон низ ихтилофҳое дорад. Дар як чамъбандии гузаро метавон гуфт, ки фармондеҳии фаврй - стротегии "Марказ" амре бархоста аз нигарониҳои Русия аз ниҳияи суботу амният дар Осиёи Марказй мебошад.Бар асоси баровардҳои коршиносони низомии Русия, адами муваффақияти Ғарб дар Афғонистон мучиб хоҳад шуд, ки ифротгароён ба Осиёи Марказй нуфуз хоҳанд кард.Ба бовари коршиносони низомии рус дар чунин ҳолат водии Фарғона бештар аз дигар манотиқ осебпазир аст ва сар задани кучактарин низои қавмй дар ин чо, Осиёи Марказиро ба чаҳаннам табдил хоҳад дод, ки нахустин пайомади он суқути давлатҳои Тошканд, Душнабе ва Бишкек хоҳад буд.
 Бо чунин андешаҳое фармондеҳии "Марказ" таъсис шудааст, то дар мавриди зарурй битавонад аз марзҳои чанубии Русия дифоъ кунад.Таъсиси ин фармондеҳй ба он маъно аст ки аз ин ба баъд Русия дар равобит бо давлатҳои Осиёи Марказй иқдомҳои чиддитаре ичро хоҳад кард. Аммо набояд нодида гирифт, ки амалкарди дигар бозигарони минтақа метавонад дар сиёсатҳои осиёимарказии Кремл таъсиргузор бошад.
Просмотров: 221 | Добавил: did | Рейтинг: 3.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz