Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 24.11.2017, 17:54
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Июнь » 12 » НАТО ва Осиёи Марказй
16:39
НАТО ва Осиёи Марказй

Амалкарди паймони НАТО дар Афғонистон, ки нахустин маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии ин паймони низомй аз замони таъсиси он дар соли 1945 мебошад, баёнгар аз ин воқеият аст, империализми байналмилал ба саркардагии Амрико дар пайи фурупошии низоми истеъмории асримиёнагй, бо таъсиси ниҳодҳое аз ин қабил, бар он шуд, ҳокимияти худ бар кишварҳо ва давлатҳоро ҳифз кунад.Таърихи ташкили паймони НАТО ва наҳваи пазириши аъзо ба он, ба хубй ин нуктаро ба исбот расондааст, ки Амрико дар чорчуби барномаҳои роҳбурдии худ, кишварҳои аврупоиро ба ин ниҳод чалб ва дар ростои амалй кардани барномаҳои худ ҳидоят кардааст. Руёруйии дарозмуддати чаҳони сармоя ба саркардагии Амрико алайҳи урдугоҳи сотсиалистй ба саркардагии Шуравии собиқ, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Кохи сафед ба унвони иддаогари раҳбари чаҳон, кишварҳои ғарбиро ба ичбор дар чорчуби сиёсатҳои худ қарор додааст. Аввалин иқдом дар ин замина, таъсиси паймони НАТО буд ва бо эчоди пойгоҳҳои низомии Амрико дар ақсо нуқоти Аврупо ва ҳатто чаҳон, сиёсатҳои Вошингтан ба дигар давлатҳо таҳмил мешуд.Ҳарчанд давлатҳои аврупойи бо пайвастан ба НАТО ба истилоҳ таҳти чатри амниятии Амрико қарор гирифтанд, аммо аз дигар су мачбур буданд ҳамеша манофеи сардамдорони Кохи сафедро дар назар гиранд.Пайомадҳои манфии чунин сиёсате ба молиётдиҳандагони аврупойи таҳмил мешуд, ки ҳосили он вуқуъи нооромиҳо дар кишварҳои мухталифи аврупойи дар қарни гузашта буд.Дар чаҳони имруз Амрико шеваҳои дигареро барои тасаллут бар кишварҳо ва давлатҳо мавриди истифода қарор додаст ва роичтарини он таъсиси ниҳод ва созмонҳои мухталифи ба зоҳир байналмилалй аст.Дар ин радиф ҳатто созмонҳои бо нуфузе назири Созмони миллали муттаҳид, Бонки чаҳонй, Сандуқи байналмилалии пул ва даҳҳо ниҳодҳои тахассусй қарор доранд, ки ба унвони василаи пешбурди сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Амрико ва чанд давлати муттаҳид бо у, кор мекунанд. Узвият ба ин ниҳодҳо ва баҳрабардорй аз имтиёзҳои онҳо, вобаста ба мавзеи давлатҳо дар қиболи сиёсатҳои Амрико,Инглис ва сионизми байналмилал мебошад. Даҳҳо мисол ва далоил вучуд дорад, ки баёнгар аз бархурдҳои дугуна дар чорчуби ниҳодҳои ба истилоҳ байналмилалй ва хидматгузории ин ниҳодҳо ба хочагони аслиашон аст.
Бо ин ҳол он чй ба маъмурияти ба истилоҳ сулҳбонии НАТО дар Афғонистон бамегардад, он аст ки ахиран Барак Обама, раиси чумҳури Амрико эълом кард ки маъмурияти Амрико дар Афғонистон дар ҳоли итмом аст ва мо метавонем хуручи низомиён аз инкишварро оғоз кунем.Обама гуфт, аз он чое ки Бин Лодан аз миён бардошта ва Ал-қоида торумор шуда, толибон қодир ба эчоди халал дар суботи Афғонистон нест ва сохторҳои афғонй бояд бештар эҳсоси масъулият кунанд.Дар ин росто, яъне хуручи неруҳои низомии Ғарб аз Афғонистон, дидгоҳҳо мутафовутанд ва аксари таҳлилгарони мустақил ин иқдоми Амрикоро, на хуручи неруҳо аз Афғонистон, балки чоивазкунии онҳо тавсиф мекунанд. Ҳамин таҳлилгарон мегуянд Ғарб ба саркардагии Амрико дар чорчуби муқобила ба тавсаъаталабиҳои Русия ва Чин, ба унвони рақибони Ғарб дар минтақа, қасд дорад теъдоди қобили мулоҳизае аз низомиёнашро дар роҳи хуруч аз Афғонистон, дар кишварҳои Осиёи Марказй мустақар кунад.
Дар поёни соли 2009, дар замони тасмими Обама дар мавриди фиристодани 30 ҳазор неруи кумакй ба Афғонистон, ба таври ғайри мустақим ба чомеи чаҳонй ин гуна илқо шуд, ки низомиёни Ғарб ҳоло ҳолоҳо дар ин минтақа ҳузур хоҳанд дошт.Аммо қабл аз ин, дар ҳамоиши Шурои ҳамкории НАТО тобистони ҳамон сол, ки барои аввалин бор дар қаламрави Шуравии собиқ(дар Қазоқистон) баргузор шуд, маълум гардиди ки ин созмони низомй қасди тавсаъа ба самти Шарқро ба таври чиддй дунбол мекунад.Дар ҳамон сол ва то кунун шоҳиди густариши равобит миёни кишварҳои Осиёи Марказй ва НАТО ҳастем.Ин равобит дар чорчуби барномаи НАТО бо номи "Мушорикат барои сулҳ" суръати бештаре ба худ гирифт.Ҳарчанд узвияти кишварҳои минтақа дар Паймони амнияти чамъй ба онон ичозаи беш аз ҳад тавсаъа бахшидани ҳамкориҳо бо дигар ниҳоди низомй, ба вижа НАТОро намедиҳад, аммо ин кишварҳо дар пушиши равобити чанд самтй, амалкарди худ дар қиболи НАТОро асоснок кардаанд.Аз суи дигар, ҳамчаворй бо Афғонистон ва вучуди ноамниҳо дар ин кишвар, давалатҳои Осиёи Марказиро ночор ба ҳамкориҳои бештар бо НАТО кардааст, албатта аз ин ҳамкориҳо суди иқтисодй низ бурдаанд.
Аз суи дигар давлатҳои Осиёи Марказй ин ҳақиқати талхро дарк кардаанд, ки дар чаҳони имруз бисёре аз иқдомоти байналмилалй марбут ба Амрико ва муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар НАТО аст. Ин воқеият сарони Осиёи Марказиро сарфи назар аз ҳассосиятҳои Маскав ба ин мавзуъ, ба самти равобити бештар бо Амрико ва НАТО тарғиб кардааст.Ба вижа дар маҳалаи кунунй,ки дар пайи "инқилобҳои арабй" мавзуи таъмини амният ва ҳифзи ҳокимият ба аслитарин нигаронии сарони модомулумри ин минтақа табдил шудааст, ҳамкориҳои низомй бо НАТО як зарурати ичтинобнопазир барои давлатҳои Осиёи Марказй маҳсуб мешавад.Баргузории тамринҳои низомии муштараки ин давлатҳо бо давлатҳои узви НАТО, аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.
Аз таҳаввулоте дар ин росто бармеояд, ки дар марҳалаи кунунй кишварҳои Осиёи Марказй ҳифзи амнияту субот дар минтақаро дар гарави ҳамкорй бо НАТО ва Амрико мебинанд.Русия дар ростои дастёбй ба аҳдофи кутоҳмуддати худ ва бо истифода аз ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои минтақа, машғули бочгирй аз давлатҳои ба гумони худ саркаш баромадааст.Ин мавзуъ дар равобити Маскав-Бишкек ва Маскав-Душанбе дида мешавад, амре ки боиси афзоиши ангезаҳои маскавситезй дар минтақа шудааст.Дар пасманзари ин сиёсат, Паймони амнияти чамъй ва Созмони ҳамкории Шонгҳой барои кишварҳои Осиёи Марказй коройии худро аз даст додаанд ва ин амр зимни камранг кардани тамоилоти ҳамгаройи дар минтақа, дар ҳолатҳое давлатҳоро дар муқобили ҳам қарор додааст.Амалкарди Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон моҳи декабри соли 2010 дар Маскав, ки муқобили мушорикати кишвараш дар барномаҳои сулҳбонии Паймони амнияти чамъй, раъй дод, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Тасмими раҳбарии НАТО дар мавриди интиқоли ситоди ин созмон дар Осиёи Марказй аз Қазоқистон ба Қирғизистон, ки 19 майи соли чорй гирифта шуд ва дар порлумони Қирғизистон низ ба тасвиб расид, баёнгар аз он аст, ки НАТО барои водии Фарғона барномаи вижаеро тадорук дидааст.Қирғизистон интизор дорад, ки ҳамкорй бо НАТО ва истиқрори низомиёни ин созмон дар қаламраваш, аз ҳамлаҳои эҳтимолии Узбакистон ба манотиқи марзии ин кишвар пешгирй хоҳад кард.Аммо раҳбарии НАТО дар шарҳи иқдоми ахири худ дар мавриди ҳузури фаъолона дар ин кишварро баргирифта аз эҳтимоли вуқуъи низоъҳои қавмй дар ин минтақа медонанд.
Дар чунин шароите созмони НАТО барномаҳои барои Осиёи Марказии Бузург дар наз
Просмотров: 229 | Добавил: did | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz