Главная | Регистрация | Вход | RSS Вторник, 16.04.2024, 20:26
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Июнь » 11 » Нигохе ба натичахои конфронси байналмилалии "Об барои хаёт"
12:19
Нигохе ба натичахои конфронси байналмилалии "Об барои хаёт"
 
 
Дар шаҳри Душанбе рузи 10 июн конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" бо тасвиби баёния ба кори худ поён дод.Ин конфронс дар чорчуби барномаи Созмони миллали муттаҳид таҳти унвони даҳсолаи оби солим, бо ибтикори муштараки Точикистон ва Созмони миллал ба муддати ду руз ва бо ширкати намояндагон аз 70 кишвари дунё, 20 ниҳоди марбут ба СММ ва 65 созмону муассисаи байналмилалй баргузор гардид. Баррасии фаъолиятҳои анчомшуда дар ростои ичрои барномаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" (солҳои 2005-2015),арзёбии иқдомоти анчомшуда дар чиҳати ичрои ухдадорихо дар масъалахоимарбут ба об, аз чумлаи хадафхои аслии баргузории конфронси мазкур буд.
  Дар санади ниҳойии конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт" аз чумла таъкид шудааст, ки об яке аз воситахои истехсоли энержии барқ маҳсуб мешавад ва энержии барқ барои интиқоли об ба манотиқи зарурй истифода мешавад. Аз ин ру ин ду иртиботи чудоношуданй доранд. Ҳамчунин таъкид бар он шудааст, ки об неъмати бебаҳо аст ва истифодаи беравия аз он метавонад башариятро дар ояндаи на чандон дур ба мушкилоти фаровоне ру ба ру кунад.Аз ин ру шароити кунунии чаҳон тақозо мекунад, ки дар баҳрабардорй аз манобеи обй, аз беҳтарин ва пешрафтатарин фановариҳои руз кор гирифта шуда,ба ҳеч вачҳ набояд сабабгори исрофи об шуд.Расидагй ба масоили об ниёзманди роҳкорҳои бумй, минтақайи ва байналмилалй аст, то дар ин замина беҳтарин шеваҳои мумкин шиносой ва ироа шаванд.Об аз чойгоҳи вижае дар раванди дастёбй ба хадафхои ҳазораи рушд бархурдор аст. Санади мазкур ба 65 умин ичлосияи Мачмаи умумии Созмони милали муттаҳид ироа хоҳад шуд. Қобили зикр аст, ки соли 2003 бо пешниҳоди Точикистон соли байналмилалии оби солим ва солҳои 2005 - 2015 ба унвони даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт дар Мачмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба тасвиб расид.
 Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар суханони худ бо ишора ба вучуди манобеи фаровони об дар Осиёи Марказй гуфт, агар аз ин захоир оқилона ва одилона истифода нашавад, кишварҳои минтақа ба таври чиддй ба мушкили камбуди об гирифтор хоҳанд шуд.Вай бо ибрози таассуф афзуд, бархе кишварҳо далелхоро баръакс нишон медиҳанд ва хакикатро таҳриф мекунанд, ки ин боиси ташаннуч дар равобити байни кишварҳои минтақа шудааст. Суханони Раҳмон дар ҳоле баён шуданд, ки маҳз ҳамин мавзуъ, яъне баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа равобит миёни ду кишвари ҳамсояи Точикистон ва Узбакистонро ба буҳрони чиддй мувочеҳ кардааст.Ин буҳрон ба ҳадде печида шудааст, ки ҳатто Созмони миллали муттаҳид дар расидагй ба ин масъала очиз воқеъ шудааст.Бо баёни дигар, сохтани неругоҳи Роғун дар Точикистон мухолифатҳои шадиди Узбакистонро барангехтааст, ба гунае ки давлати Тошканд даст ба он чи ки муҳосираи иқтисодии Точикистон тавсиф мешавад, задааст. Дар чорчуби ҳамин иқдом Узбакистон беш аз ду ҳазор вагони дорои коло ва тачҳизоти мухталиф ба Точикистонро дар қаламрави худ мутавқиф кардааст.Ин амали хилофи меъёрҳо ва муқаррароти байналмилалй, ки аз се моҳи қабл оғоз шуд, ба иқтисоди Точикистон садҳо милён доллар зарару аиён ворид намуда, умури сохтмонй дар тарҳҳои муҳим, назири неругоҳи Сангтуда-2-ро ба мушкили чиддй мувочеҳ кардааст. Ҳамчунин, қимати маводи ғизойи ва сузишворй дар вилояти Хатлон ва дигар манотиқи Точикистон боло рафта, зиндагии мардум дастхуши масоили зиёде шудааст.Дархосту хоҳишҳои Душанбе барои аз саргирии ҳаракати вагонҳояш роҳ ба чое набурда, норизоятии мардуми Точикистонро аз амалкарди кишвари ҳамсоя доман зад.Тошканд гоҳе харобии роҳ ва гоҳе тарофики мавчуд дар трозинтро ба унвони баҳона пеш овардааст.Дар чунин шароите интизор мерафт конфронси Душанбе фурсати хубе барои ҳаллу фасли ин масъала бошад, аммо суханони Галина Саидова, маовини аввали вазири иқтисоди Узбакистон, ки такрори ҳамон мухолифатҳои Тошканд ба сохтани неругоҳи Роғун буд, умедҳо дар ин заминаро бар бод дод. Ин мақоми узбак бо матраҳ кардани иддаоҳои қаблии масъулони Тошканд, гуфт сохтани садд бо баландии 350 метр дар минтақаи зилзилахез ва бар асоси тарҳҳои замони Шуравй, фочеахои ғайриқобили пешбинй ба ҳамроҳ хоҳад дошт.Вай бо ироаи иддаоҳои такрорй, талош кард ширкаткунандагони конфронсро ба дурустии дидгоххои Тошканд мутақоид кунад.Саидова дар суханони ба зоҳир дилсузона гуфт, мо салоҳи Точикистонро мехоҳем ва точику узбак як халк ҳастанд, ки бо ду забон гуфтугу мекунанд.
 Дар посух ба иддаоҳои мақоми узбак Гул Шералй, вазири энержй ва саноати Точикистон иброз дошт, ки дар айни ҳол Точикистон дар ҳамкорй бо Бонки чаҳонй мавзуи баррасии тарҳи Роғун тавассути коршиносони байналмилалиро пайгирй мекунад ва мо дар такмили тарҳи Роғун манфиатхои кишварҳои ҳамсояро дар назар хохем гирифт. Коршиносон ва таҳлилгарон дар арзёбиҳои худ аз натоичи конфронси байналмилалии "Об барои ҳаёт", дидигоҳҳои гуногуне баён карданд. Иддае ба намоишй будани ин нишаст ишора кардаанд, ки дар чорчуби ҳамоишҳои ба ин монанди Созмони милали муттаҳид доир шуд ва санадхои он барои ҳеч кишвар ё ниҳоде лозим-ул-ичро нест. Гуруҳе дигар аз коршиносон нишасти Душанберо фурсате барои маҳак задани зарфият ва имкониятҳои гидроэнергетикии Точикистон тавсиф карданд, ки масъулони точик то ҳадде аз он истифода карданд.Ҳамзамон бо ин дидгоҳҳо ба назар мерасад, ки нишасти Душанбе бори дигар ба кишварҳои дахлдор ва ниҳодҳои марбутаи байналмилалй чиддй будани буҳрони об дар Осиёи Марказиро ба намоиш гузошт.Ин конфронс собит кард, ки масъала фақат ба сохтани неругоҳҳо хатм намешавад, балки амалкарди Узбакистон дар муҳосираи иқтисодии Точикистон ва афзоиши норизоятй дар чомеаи точик, дар ҳоли харакат додани минтақа ба самти як буҳрони чиддй аст. Ин конфронс собит намуд, ки аз ҳоло бояд буҳрони об ва пайомадҳои онро чиддй гирифт, то аз вукуи буҳронҳои чиддитаре дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй пешгирй ба амал ояд.
Просмотров: 2772 | Добавил: did | Рейтинг: 2.4/7
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz