Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 26.04.2024, 12:32
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Июнь » 8 » Осиёи Марказй ва хатароти низоъхои кавмй
08:58
Осиёи Марказй ва хатароти низоъхои кавмй
 
 Нигоҳе ба раванди таҳаввулоти Осиёи Марказй баёнгар аз он аст, ки ин минтақаи стротегй ба тадрич вориди як бозии хатарноке мешавад.Ба иборати дигар, бархе давлатҳои ин минтақа бо ба миёни мардум кашидани масъалаҳои ҳассос, дар ростои афрухтани низоъи қавмй, заминасозй мекунанд.Ин давлатҳо ба андешаи худ, бо ин кор қасд доранд мардумро дар расидагй ба масоил муҳим мушорикат диҳанд ва аз ин тариқ осонтар ба аҳдофи худ даст ёбанд.Аммо воқеият он аст,ки бо ин кор Осиёи Марказй ба тадрич ба суи чангҳои қавмй харакат  дода мешавад.Чунин вазъияте дар равобити Узбакистону Қирғизистон ва Узбакистону Точикистон бештар аз дигар кишварҳо ба мушоҳида мерасад. Баъд аз он ки дар Точикистон тарҳи сохтани неругоҳи Роғун тарҳй миллй эълом ва саҳмияҳои он ба фуруш бароварда шуданд, Узбакистон бо истифода аз абзорҳо ва каналҳои мухталиф мухолифатҳои худро бо ин иқдоми кишвари ҳамсоя пуршиддат кард.Ин кор ибтидо аз баёнияҳои шифоҳй(даҳонй) оғоз шуд, сипас мақомоти узбак аз минбарҳои байналмилалй кор гирифтанд ва дар идома бо ирсоли баёния ба мақомоти точик, чабҳаи мухолифатҳои худро густариш доданд. Дар ин миён Тошканд муваффақ шуд ширкати русии "Газпром" ро аз мушорикат дар тарҳи Роғун барҳазар кунад ва Чинро мутақоид намояд, ки сохтани неругоҳ дар рудхонаи Зарафшонро, ки қарордоди он миёни Пекин - Душанбе ба имзо расида буд, ба ҳолати муаллақ дароварад. Аммо Точикистон бо беэътинои ба ин коршиканиҳои кишвари ҳамсоя, барномаи такмили неругоҳи Роғунро дунбол мекард. Дар як муддати кутоҳ ба маблағи 200 миллион доллар саҳмияҳои неругоҳи Роғун фурухта шуд ва корҳои сохтмонй дар ин тарҳи муҳим равнақи бештар мегирифт. Дар чунин вазъияте мақомоти узбак аввал иқдом ба мутаваққиф кардани вагонҳои дорои маводи сохтмонй ва ғизойи, ҳамчунин сузишворй ба Точикистон карданд.Ҳарчанд гуфта мешавад, ин кор аз баҳори соли 2010 оғоз шуд, аммо далелҳо бангар аз он аст, ки Узбакистон аз муддатҳо қабл бо ҳар баҳонае вагонҳои мутаалиқ ба Точикистонро дар қаламрави худ мутавққиф кардааст.Вале ин бор беш аз 2000 вагони борҳор мухталиф барои ширкатҳои хусусй ва давлатии Точикистон, аз тарафи роҳи оҳани Узбакистон мутаваққиф шуданд, ки ин кор таъсири манфй ба иқтисоди Точикистон ва зиндагии рузмарраи мардум, ба вижа дар вилояти Хатлон, ворид кард.Ҳамзамон бо ин дар бархе манотиқи Узбакистон гирдиҳамойиҳои эътирозй бар зидди фаъолияти корхонаҳои муҳими Точикистон, аз чумла корхонаи алюмин созмондоҳй шуд.Дар идомаи ин мухолифатҳо, муътаризони узбак бо ҳидояти сохторҳои амниятии ин кишвар,борҳо пеши роҳи ҳаракати қатори мусофирбарии Душанбе - Хучандро, ки аз қаламрави Узбакистон гузар мекунад, гирифтанд. Дар ин эътирозҳо шиорҳои зидди неругоҳи Роғун, ҳатто зидди мардуми точик сар дода шуд. Раҳбарии чумҳурии мухтори Қароқалпоқистон низ бо ирсоли нома ба давлати Точикистон, зимни мухолифати шадид ба сохтани неругоҳи Роғун, тақозо кард, ки такмили ин тарҳ ба таври фаврй мутаваққиф шавад.Дар зимн, гуфтан ба маврид аст, ки солҳои охир доираҳое дар ин чумҳурй иддеяи чудо шудан аз Узбакистонро замзама мекунанд.Ин доираҳо мегуянд давлати Ислом Каримов бо миллати қароқалпоқ бархурди табъизомез дорад ва дар пайи нобудии одобу русум ва забони онҳо баромадааст. Ба эътиқоди коршиносони ғарбй, акнун ба назар мерасад Тошканд бо вориди масъалаи Роғун намудани ин чумҳурии чудоиталаб, касд дорад аз як су чабҳаи мухолифат ба сохтани неругоҳҳо дар Точикистон ва Қирғизистонро тақвият кунад ва аз суи дигар наҳзатҳои худшиносй ва бедории миллй дар ин чумҳуриро аз ҳадафҳои худ дур намояд. Мухолифатҳои Узбакистон ба сохти неругоҳҳо дар Қирғизистон ва Точикистон баъд аз он ки Русия эълом кард дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй аз манофеи Тошканд ҳимоят мекунад, чанбаҳои густурдатаре гирифт.Дар чунин вазъияте, баъд аз тағйири давлат дар Қирғизистон (апрели соли чорй), Точикистон дар дифоъ аз тарҳҳои энержии худ дар минтақа, танҳо монд ва фишорҳои Тошканд ба ин кишвар бештар шуд.Аммо оҳиста - оҳиста шаҳрвандони Точикистон низ вориди амал шуданд ва дар пайи эътирозҳои инфиродй, точикони муқими Қирғизистон бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Узбакистон дар ин кишвар, норизоятии худро аз тавқифи вагонҳои Точикистон дар қаламрави Узбакистон иброз ва аз мақомоти узбак хостанд дар ростои одоби ҳамсоядорй, даст аз ин иқдоми зиддибашарй бардоранд. Дар идомаи ҳамин раванд, рузи 4 июн занҳои саршиноси Точикистон бо тачаммуъ дар муқобили сафорати Узбакистон дар шаҳри Душанбе, аз раҳбарони Узбакистон даъват карданд ба муҳосираи иқтисодии Точикистон хотима диҳад. Дар хамин руз точикони муқими Амрико низ дар муқобили сафорати Узбакистон дар Вошингтан гирдиҳамойии эътирозй барпо намуданд. Аммо хатари чиддии вуқуъи низоъҳои қавмй, дар Қирғизистон ва дар рузҳои нооромиҳои ин кишвар шакл гирифт. Рузи 19 май дар Чалолобод дар пайи руёруйии қирғизҳо ва узбакҳои муқими ин вилоят, нахустин қурбониёни низоъҳои қавмй ба сабт расиданд.Дар ин руз ҳудуди панч ҳазор қирғиз дар маркази Чалолобод, ки бахши аъзами аҳолиашро узбакҳо ташкил медиҳанд, тачаммуъ карданд.Ин гирдиҳамойи дар ҳоле сурат мегирифт, ки 20 соли қабл, дар соли 1990 дар ин чо задухурди хунине миёни қирғизҳо ва узбакҳо ба вуқуъ пайваст, ки 150 кушта ва садҳо захмй аз ҳарду тараф бар чой гузошт. Дар пайи ташаннучи авзоъ дар Чалолобод,ки вайрон кардани роҳҳо ва ба оташ кашидани мошинҳо аз чумлаи паёмадҳои он буд, Узбакистон худсарона ва бидуни дар чараён қарор додани ҳукумати мувақатии Бишкек, ба қаламрави ин кишвар дар минтақаи Сух низомиён ва тачҳизоти низомии худро ворид кард. Ба манзури пешгирй аз густариши нооромиҳо, рузи 1 июн мақомоти амниятй ва низомии ду кишвар ба таври изтирорй дар вилояти Фарғонаи Узбакистон мулоқот карданд ва дар заминаи контрули авзоъ тавофуқнома имзо карданд. Сохтани девори амниятй дар минтақаҳои марзии мавриди баҳс, хуручи фаврии тачҳизоти низомй ва сарбозони узбак аз қаламрави Қирғизистон, аз чумлаи ин тавофуқҳо буд. Бо таваччуҳ ба амалкарди Узбакистон дар мутавққиф кардани тулонимуддати вагонҳо ва паёмадҳои манфии он ба иқтисоди кишварҳои ҳамсоя, ин эҳтимол чой дорад, ки дар моҳҳои оянда доманаи эътирозҳои зидди сиёсатҳои давлати Ислом Каримов ба дигар кишварҳо, аз чумла Қазоқистон ва Афғонистон кашида шавад.Зеро гуруҳе аз точирони қазоқ аз он норозианд, ки Узбакистон монеъи интиқоли борҳои онҳо ба ҳамкорон ва муштариёнашон дар Точикистон шуда, зарару зийнҳои фаровоне ба онҳо ворид кардааст.Ин даста аз точирони қазоқ дар пайи ирсоли номаи эътирозй ба масъулони узбак ҳастанд. Аз суи дигар рузи 3 июн Ғуломмуҳаммад Элакй, вазири тичорат ва саноеъи Афғонистон бо лаҳни эътирозомез баён кард, ки тавқифи 3,5 ҳазор систернаи маводи сухт дар қаламрави Узбакистон, боиси камбуд ва афзоиши қимати маводи сухт дар Афғонистон шудааст. Вазири тичорат ва саноеъи Афғонистон аз амалкарди Тошканд дар мутавқиф кардани вагонҳои ин кишвар бо лаҳни шадид интиқод кард ва акнун баъд аз Точикистон буд, ки Афғонистон низ аз амалкарди Узбакистон дар мутаваққиф кардани вагонҳо ва паёмадҳои он, садои эътироз баланд кард. Бидуни шак эътирозҳо дар муқобили он чи ки амалкарди зиддибашарии Узбакистон дар муҳосираи иқтисоди ҳамсоягон тавсиф мешавад, оқибатҳои асфборе барои давлати Тошакнд ба ҳамроҳ хоҳанд дошт.Агар ин эътирозҳои мусолиматомез роҳ ба чое набарнд ва давлати Тошканд дар паси ҳимоятҳои Русия ва дигар қудратҳои султаталаб ва манфиатчу, ба сиёсатҳои зидди меъёрҳои байналмилалии худ идома диҳад, аз эҳтимол дур нест ки мухолифони сиёсатҳои Тошканд даст ба иқдомҳои дигаре зананд.Чунин таҳаввуле беш аз ҳар кишвари дигаре дар Афғонистон имкони рух додан дорад ва тарҳҳои дар ҳоли ичрои Узбакистон дар ин кишвар дар маърази хатароти чиддй қарор хоҳанд гирифт.Ба иборати дигар, ба таври тақрибан ғайриқобили эҳсос Осиёи Марказй ба суи нооромиҳои қавмй дар ҳоли ҳаракат аст, таҳаввуле ки беш аз ҳар чизи дигаре сиёсатҳои давлати Ислом Каримов омили аслии он хоҳад буд. Аз ин ру ҳануз ки дер нашуда, бояд сарони ин минтақа дар чиҳати ҳалли ин буҳрон бидуни дахолати бегонагон худ даст ба иқдом шаванд.
Просмотров: 758 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz