Главная | Регистрация | Вход | RSS Вторник, 30.04.2024, 20:58
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Декабрь » 16 » Пирузии Чин ва дар бозори энержии Осиёи Марказй
17:31
Пирузии Чин ва дар бозори энержии Осиёи Марказй
 
 Рузи душанбеи 14 декабр дар Туркманистон маросими пуршукухи ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин баргузор гардид. Бо хузури Ху Чин Тао, раиси чумхури Чин, Нурсултон Назарбоев, раиси чумхури Казокистон, Курбонгулй Бердимухаммадов, раиси чумхури Туркманистон ва Ислом Каримов, раиси чумхури Узбакистон хати лулаи гази Туркманистон - Чин ба фаъолият оғоз кард. Дар ин маросим сарони кишвархои мазкур ибрози итминон карданд, ки ин хати лула ба навъе чодаи кадимии арешимро эхё ва ба хамгаройии харчй бештари кишвархои минтака мусоидат хохад кард.Раисони чумхури Туркманистон ва Узбакистон дар суханони худ дар ин маросим бо эхсосот дар бораи "дурнамои дурахшони" тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин орзухои баландпарвозонае намуданд. Аз чумла раиси чумхури Узбакистон ангезахои Маскавгурезии худро пинхон надошт ва таъкид кард, ки ифтитохи тархи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин, накшаи геополитикии минтакаро тағйир дода, имкониятхои тозае барои содироти энержй фарохам хохад кард. Хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин аввалин хати лулаи интиколи энержй аз ин минтака мебошад, ки хорич аз каламрави Русия сурат мегирад. Бидуни шак ин руйдод ба маънии поёни инхисори(монополияи) Маскав бар манбаъхои энержии Осиёи Марказй аст.Аз ин чост ки макомоти минтака аз он ба унвони «муомилаи карн» ном бурданд. Харчанд дар бораи кимати гази содиротй ба Чин иттилои дакике ироа нашудааст, аммо барои Пекин ин нукта мухим аст, ки аз вобастагихои худ ба воридоти энержй тавассути роххои обй, ки хар ташаннуче метавонад боиси катъи онхо гардад, ба таври кобили мулохизае кохиш дихад. Карордоди сохтани тархи интиколи газ дар масири Туркманистон - Узбакистон - Казокистон - Чин(ТУКЧ) мохи апрели соли 2006 миёни тарафайни дахлдор ба имзо расид.Дар ибтидои соли 2007 амалиёти сохти ин хати лула оғоз шуд ва дар камтар аз 3 сол ба поён расид.Тули ин хат то марзи Чин худуди 1800 километрро ташкил медихад ва дар назар аст тайи соли оянда тавассути он 13 миллиард метри мукааб газ интикол ёбад. Дар сурати такмил пешбинй мешавад, ки соли 2013 аз тарики хати лулаи ТУКЧ 40 миллиард метри мукааб газ аз Осиёи Марказй ба Чин содир шавад. Тарафи чинй муътакид аст, ки сохти хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин хеч таъсире бар манфиъатхои Русия дар ин минтакаи стротегй, надорад.Зеро гази мавриди истифодаи ин лула аз минтакаи «Сомонтепа», дар сохили рости рудхонаи Ому,ки карордоди он миёни тарафаи туркман ва ширкати чинй ба имзо расидааст, истихроч мешавад.Карори маълум, гази содиротии Туркманистон ба Русия аз манбаи «Давлатобод», дар вилояти Марв истихроч мешавад. Албатта ин андешахо баргирифта аз мулохизоти дипломатй ва бо таваччух ба хусни шарикй, ки Пекин ва Маскав дар киболи хам дар муодилоти минтака доранд, мебошанд.Вокеият он аст, ки Чин ба унвони ракиби чидди Русия дар дар бозори энержии Осиёи Марказй вориди амал шудааст ва акнун «Газпром»-и Русия наметавонад хостахои худро ба кишвархои ин минтака тахмил кунад. Русия дар ибтидои сохти хати лулаи гази Осиёи Марказй ба Чин ба андешаи ин ки ин тарх ба навъе коршиканй дар киболи тархи Nabucco хохад буд, ахамияти чандоне ба он надод. Зеро Маскав баъд аз он ки дар соли 2008 хозир шуд гази Осиёи Марказиро бо киматхои аврупои харидорй кунад, мутмаъин буд кишвархои Осиёи Марказй Русияро аз хар кишвари дигар авлотар хоханд шумурд. Аммо амалкарди Русия дар киболи шарикони худ дар Осиёи Марказй, беэътимодии сарони ин кишвархоро ба ваъдахо ва тарххои давлатмардони Кремл афзоиш додаст.Ба вижа, руйкарди Русия дар равобит бо Точикистон, ки содиктарин чумхурй ба Маскав дар Осиёи Марказй махсуб мешавад, сарони ин минтакаро дар нахваи равобит бо Русия беш аз хар замони дигаре эхтиёткор намудааст.Баъд аз фурупошии Шуравй Точикистон охирин кишваре дар махдудаи ин абаркудрат буд, ки аз каламрави «рубл», вохиди пули замони Шуравй, ки дар Русия мавриди истифода буд, хорич шуд.Ин амр миллионхо доллар ба корхонахо ва мардуми Точикистон зиён ворид кард, ки давлати Душанбе хануз кодир ба чуброни он нест.Вучуди пойгоххои низомии русии бидуни харочот барои Маскав дар каламрави Точикистон, аз дигар мавориди садокати Душанбе ба Маскав мебошад. Ба ивази ин хама, Русия на танхо ваъдаи 2 миллиард доллар сармоягузорй ба иктисоди Точикистонро ичро накард, балки бо талаф додани замон, зарару зиёнхои фаровоне ба ин кишвар ворид намуд.Чунин рафтори ба дур аз урфи шарикй ва хамкории Маскав, сарони Осиёи Марказиро ба ин натича расонд, ки ба суханон ё сахехтар бигуем, ба суханбозихои Русия беш аз хад дил хуш накунанд. Ин беэътимодй ба Маскав факат махсуси кишвархои Осиёи Марказй нест, дар мавриди энержй Чин низ «чуби» ваъдахои Русияро хурдааст. Дар соли 2006 миёни Русия ва Чин дар мавриди интиколи гази Русия ба Чин карордод ба имзо расид, аммо тарафи русй хеч тамоиле барои ичрои ин карордод нишон надод. Инак натича он аст, ки дигар Кремл наметавонад Осиёи Марказиро минтакаи суннатии худ тавсиф кунад. Дар мачмуъ ифтитохи хати лулаи интиколи гази Осиёи Марказй ба Чин намоди дигаре аз нокомихои Русия дар амалй намудани барномахои иктисодии худ дар минтака мебошад.Аз ин ру интизор меравад Димитрий Медведев раиси чумхури Русия, дар сафари рузи 22 декабри худ ба Ишкобод талош хохад кард ин иштибохотро то хадди мумкин ислох кунад.
Просмотров: 660 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Декабрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz