Главная | Регистрация | Вход | RSS Вторник, 07.05.2024, 14:33
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Октябрь » 30 » Пирузии Ислом Каримов бар Аврупо ва Амрико
07:47
Пирузии Ислом Каримов бар Аврупо ва Амрико
 
 Раванди робитаҳо миёни Узбакистон ва чаҳони Ғарб ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки давлати Тошканд дар пасманзари рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб барои нуфуз дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй, тавонистааст моҳирона аз манофеи худ дифоъ кунад.Дар даврони пас аз касби истиқлол, дар солҳои 90 қарни гузашта, Узбакистон бо риояти мулоҳизоти сиёсй ва иқтисодй, фосила бо Маскавро дар ҳадди мутаодил нигоҳ дошт ва ҳамзамон ҳамкориҳои густарда бо кишварҳои мухталифро густариш дод.Аммо дар давраи баъд аз ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ва лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон, фурсати тозае барои Тошканд пеш омад.Мавқеияти фавқулоддаи чуғрофиёи ва бархурдорй аз манобеи фаровони энержй, аҳамият ва чойгоҳи Узбакистонро барои кишварҳои ғарбй, ки неруҳои худро ба Афғонистон ворид карда буданд, ба таври бесобиқае афзоиш дод.Мақомоти узбак бо дарки ин мавзуъ, сиёсати худро тавре таҳия ва тадвин карданд, ки ҳам Шарқ, ҳам Ғарб ва ҳам Русияро дар нисбати манофеашон дар Узбакистон, умедвор нигаҳ доранд.Бо ин вучуд ҳолатҳое буд, ки Тошканд аз Маскав дилсард ва ру ба суи Ғарб овард ва баръакс, гоҳе бо пушт ниҳодан ба Ғарб, ба оғуши Русия бозгашт. Дар ҳамаи ин мавридҳо дипломатияи узбак тавре рафтор кардааст, ки камтарин осеб бар манфиатҳояш ворид шавад.Албатта наҳваи давлатдорй ва режими ҳоким дар Узбакистон мавзуи баҳси чудогона аст, бо ин ҳол дар ба истилоҳ "набарди Тошканд - Ғарб, Тошканд – Маскав" метавон пирузиро ба Узбакистон нисбат дод.

  Баъд аз ҳаводиси хунини Андичон дар моҳи майи соли 2005, Ғарб ба андешаи он ки бо таҳти фишор қарор додани Узбакистон осонтар ба хостаҳои худ даст хоҳад ёфт, таҳримҳоеро дар қиболи ин кишвар ба кор гирифт.Аммо ин иқдом беш аз он ки ба зарари Тошканд тамом шавад, ба зарари худи кишварҳои ғарбй тамом шуд. Зеро бо камранг шудани равобити Узбакистон - Ғарб, кишварҳое назири Русия, Чин, Туркия, Кореяи чанубй ва ... вориди амал шуданд ва чудо аз мулоҳизоти сиёсй, чои холии кишварҳои аврупойи ва Амрикоро дар Узбакистон пур карданд.

 Лозим ба ёдоварист, ки чаҳор соли пеш Иттиҳодияи Аврупо дар пайи ҳаводиси Андичон таҳримҳое алайҳи давлати Тошканд чорй кард, ки мамнуъияти вуруди 12 мақоми баландпояи узбак ба кишварҳои ин Иттиҳодия ва фуруши силоҳ ба Узбакистон аз он чумла буданд.Аммо қарори маълум, ин таҳримҳо корсоз набуданд ва сарфи назар аз фишорҳои байналмилалй Тошканд ҳозир нашуд дар мавриди куштори моҳи майи соли 2005 Андичон таҳқиқоти мустақил сурат гирад.Иттиҳодияи Аврупо, ҳамчунин Амрико ба ин натича расиданд, ки дар сиёсатҳои хеш дар қиболи давлати Тошканд тачдиди назар кунанд.Ин руйкард баргирифта аз ниёзи мубрами кишварҳои ғарбй аз ҳамкорй бо Узбакистон буд ва ин кишварҳо дарк карданд, ки дар ҳоли аз даст додани фурсатҳо дар Узбакистон ҳастанд.Аз ин ру Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дар идомаи гузаштҳои худ ба Узбакистон, рузи сешанбеи 27 октябр мамнуъияти фуруши силоҳ ба Тошкандро низ бекор карданд.Ҳарчанд Пиер Морел,намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо (ИА) дар Осиёи Марказй ҳадаф аз лағви таҳримҳоро фароҳам кардани шароити мусоиди ҳамкорй бо Узбакистон барои ҳалли мушкилоти ин кишвар унвон кард, аммо пушида нест, ки ин Иттиҳодия нокомии худро дар бакоргирии таҳримҳо эҳсос кард. Ин тасмими ИА бо вокуниши шадиди мухолифони давлати Ислом Каримов ру ба ру шуд ва бори дигар барои дигарандешони Узбакистон ин нуктаро собит намуд,  кишварҳои ғарбй, ки муддаъйи ҳимоят аз озодиҳои шаҳрвандй ҳастанд, манфиатҳои геополитикй ва геостартегии худро бар манфиатҳои миллатҳо тарчеҳ медиҳанд. Акнун давлатҳои ғарбй бо нодида гирифтани озору азияти зиндониён дар Узбакистон, қонуншиканиҳои мақомоти узбак,таъқибу озори дигарандешон дар ин кишвар ва саркуби ҳама гуна эътирозҳои мардумй тавассути сохторҳои қудратии Тошканд, ҳозир шуданд бо Узбакистон ҳамкорй кунанд, зеро ин заруратро манфиатҳояшон эчоб мекунад. Ҳосили ин сиёсат ноумедии он неруҳое аст, ки ба умеди кумаку пуштибониҳои Ғарб дил хуш мекарданд ва акнун барои ин неруҳо собит шудааст, ки набояд беш аз ин ба умеди ваъдаи ҳимоятҳои Ғарб шуд.Акнун давлати Ислом Каримов хушҳол аз пирузии дипломатии худ бар Ғарб, сиёсатҳои худкомаи худро идома хоҳад дод.

 Дар мачмуъ баъд аз ин дар мавриди поймолкунии ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказй, фақат шоҳиди баёнияҳои ба истилоҳ ташрифотии Ғарб хоҳем буд, ки ҳеч таъсире дар амалкарди сарони тақрибан «модомулумри» ин минтақа нахоҳанд дошт.Аммо бояд ин нуктаро дар назар дошт, ки ниёзи Аврупо, дар мачмуъ Ғарб ба кишварҳое назири Узбакистон муваққатй аст ва бо гузашти замон - ҳалли масоили энержй, поёни ноамниҳо дар минтақа ва коҳиши шиддати рақобати қудратҳо, Узбакистон аҳамият ва чойгоҳи кунунии худро барои чаҳони Ғарб аз даст хоҳад дод ва ғарбиҳо руйкарди дигаре дар қиболи Тошканд ва дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар пеш хоҳанд гирифт.

 Воқеият ин аст, ки барои Ғарб дар шароити кунунии минтақа режимҳои худкома бештар муфиданд, зеро ба андешаи Ғарб, ҳамкорй бо ин режимҳо харочоти камтаре ба ҳамроҳ дорад ва ин режимҳо барои бақои худ ҳозир ба ҳамагуна муомилаи сиёсй ҳастанд. Чунин руйкарде чойгоҳ ва нуфузи Ғарбро дар чомеаҳои Осиёи Марказй беш аз пеш заъифу камранг карда аст.

 

Просмотров: 1239 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz