Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 21.09.2017, 08:04
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Май » 20 » Созмони Шанхай ва ташвишҳои нав
16:12
Созмони Шанхай ва ташвишҳои нав
Рузи шанбеи 14 май дар шаҳри Алмато, пойтахти пешини Қазоқистон вазирони хоричаи Созмони ҳамкории Шанхай гирди ҳам чамъ омаданд ва дар бораи дурнамои фаъолиятҳои ин созмони минтақайи баҳсу табодули назар карданд.Аз чумлаи санадҳои муҳими ин нишаст "Тафоҳумнома дар бораи уҳдадории кишварҳои довталаби узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай" буд, ки барои имзои сарони ин созмон омода шуд.Ҳамоҳангии барномаи нишасти даҳумин солгарди таъсиси Шанхай, ки як моҳи дигар дар Остона, пойтахти Қазоқистон доир хоҳад шуд, аз дигар натоичи муҳими нишасти Алмато буд.Дар кул, дар нишасти мазкур санадҳо вар мавриди нишасти сарон, лоиҳаи баёнияи Остона ба муносибати даҳумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай, тарҳи стротегии зиддитеррористии Созмон барои солҳои 2011-2016, ва стротегияи мубориза бо маводи мухаддир дар солҳои 2011-2016 ба имзо расид. Нишасти Шурои вазирони хоричаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар шароите баргузор шуд, ки минтақаи ин созмон зимни он ки саҳнаи таҳаввулоти камсобиқае шуда, обистани руйдодҳои дигаре низ ҳаст. Эъломи хабари марги Бин Лодан тавассути Амрико ва бозтоби ин хабар дар саросари чаҳон, коршиносон, расонаҳои иттилоотй, сиёсатмадорон ва давлатмардонро вориди баҳсҳои мухталифе кардааст. Дар ин миён рақобати қудратҳо, ки эъломи марги Бин Лодан чудо аз ин мавзуъ нест, ҳолу ҳавои мутафовуте ба худ гирифтааст. Иёлоти Муттаҳида Амрико акнун бар он шудааст, ки бо муваффақиятомез чилва додани амалиёти ба истилоҳ зиддитеруристии худ дар Афғонистон, барои афкори умумии дохилй дар кишвари худ, ҳамчунин муттаҳидони аврупоиаш, ин гуна илқо кунад, ки пирузй бар тероризм наздик аст ва он ҳама харочоти Вашингтон дар ин росто, ҳадар нарафтааст.Бо ин кор аслитарин ҳадафи Барак Обама касби имтиёз барои даври дуввуми интихоботи раёсати чумҳур аст, зимни ин ки руҳия додан ба сарбозон ва афсарони ноумед ва хаста аз чангҳои тулонимуддат дар Афғонистон, Ироқ ва акнун дар Либиро низ метавон дар радифи аҳдофи Амрико аз эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан, қарор дод.Оғози марҳалаи чадид дар тарҳи амрикойии мубориза бо терроризми байналмилалй, низ паёме аст, ки дар эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан тавассути Амрико, ба рафиқон ва рақибони ин кишвар дода шуд. Ин паём қабл аз ҳар минтақаи дигаре, бештар барои қаламрави Шуравии собиқ аҳамият касб кард ва ба қудратҳои ҳозир дар ин маҳдудаи чуғрофиёи ин хабарро иблоғ кард, ки акнун Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш авлавияти фаъолиятҳои худро ба ин минтақа ихтисос хоҳанд дод.Албатта авзои шимоли Африқо ва Ховари Миёна бетаъсир дар тасмими Амрико дар мавриди эъломи хабари кушта шудани Бин Лодан дар марҳалаи кунунй набудааст. Аммо ҳамин мавзуъ боис шуда, ки таҳаррукоти бозигарони аслии саҳнаи Осиёи Марказй ба табри қобили мулоҳиза ташдид шавад.Сафари ҳарчанд аз қабл барномарезй шудаи Осаф Алии Зардорй, раиси чумҳури Покистон ба Маскав ва нишасти Шурои вазирони дифоъи Созмони ҳамкории Шанхай дар Алмато аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Ҳам дар дидори Медведев ва Зардорй дар Маскав ва ҳам дар нишасти Шанхай дар Алмато, мавзуи пазириши аъзои чадид ба ин созмон матраҳ шуд, ки ҳокй аз вокуниши аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба иқдомоти анчомшуда ва дар ҳоли анчоми Ғарб дар қиболи ин минтақаи стротегй мебошад. Яъне дар ҳоле ки Ғарб сафоройиҳои чадид барои неруҳои худ дар нуқоти мухталифи чаҳонро тадорук мебинад, Русия ва Чин ба унвони рақибони Ғарб низ дар пайи созу корҳои чавобй дар ин росто ҳастанд.Бар асоси гузоришҳои мунташира дар айни ҳол масъалаи узвияти ду кишвари Покистон ва Ҳиндустон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва пазириш Афғонистон ба унвони узви нозир матраҳ аст.Албатта он чй ба Покистон бармегардад, ҳам Русия ва ҳам Чин тақрибан иттифоқи назар доранд, зеро дар айни ҳол Покистон, ки аз Амрико ба шиддат нороҳат аст, метавонад дар сиёсатҳои зиддиамрикойии Маскав ва Пекин нақшофаринй кунад ва пазириши ин кишвар ба Созмони ҳамкории Шанхай ба ҳадди зиёде чабҳаи Амрико дар Осиёи Марказй ва Чанубиро заъиф хоҳад кард.Дар ин идомаи фароянд ва дар пайи хуручи низомиёни ғарбй аз Афғонистон, ба таври ҳатмй бозиҳои дигаре дар ин минтақа шакл хоҳанд гирифт, ки Чин коргардони аслии онҳо хоҳад буд.Албатта, дар ин миён Русия бо тамоми тавон талош дорад аз нуфузи беш аз ҳади Чин пешгирй кунад, аммо воқеъият он аст, ки вақтҳои охир кишварҳои Осиёи Марказй аз сиёсатҳои Русия норозианд ва сарони ин кишварҳо тамоилоти Маскавситезии худро пинҳон намекунанд.Дар ҳамин росто узвияти Ҳиндустон дар Шанхай бештар ба нафъи Русия хоҳад буд, зеро ин ду кишвар ҳануз аз замони Шуравй равобити дустонае бо ҳам доранд. Аз суи дигар пазириши Покистон ба ин созмон ва дар ҳошия қарор додани Деҳлии нав, барои Ҳиндустон ба маънии пушт кардан ба ин кишвар хоҳад буд.Ин нуктаро ҳам дар Пекин ва ҳам дар Маскав ба хубй дарк мекунанд, аз ин ру пазириши ин ду ба Созмони ҳамкории Шанхай кори соддае нахоҳад буд. Ҳиндустон дархости худ барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхайро бо фосилаи андаке баъд аз чунин иқдоми рақиби суннатиаш - Покистон ироа кард.Ба гумони Деҳлии нав, бо дар канори қудратҳое назири Чин ва Русия қарор гирифтани Исломобод, ибтикори амал дар рақобатҳои дучониба аз дасти Ҳиндустон раҳо хоҳад шуд, аз ин ру тасмим ба пайвастан ба ин ниҳоди минтақайи кард.Ҳарчанд Чин ва Русия ба унвони бозигарони аслии Шанхай мухолифати ончунонй ба пайвастани Ҳинд надоранд, аммо мақомоти ин кишвар дар машваратҳо бо аъзои Созмнони мазкур дар пайи чалби ҳимояти онҳо шудаанд. Аз чумла дар дидори раиси чумҳури Узбакистон бо нахуствазири Ҳинд дар Деҳлй (18 майи соли чорй), ин мавзуъ матраҳ шуд. Албатта дигар кишварҳои Осиёй низ талош доранд ба Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шаванд, зеро ин созмон аз зарфиятҳое билқуввае бархурдор аст, ки ба унвони намуна метавон ба зарфиятҳо ва тавоноиҳои Чин дар арсаи илму фановарй, захоири фаровони Русия ва тачрибаҳои ин кишвар дар мудилоти Осиёи Марказй ва манобеи энержии фаровони Қазоқистон ишора кард.Вижагии ин созмон дар танаввуъи фаъолиятҳои он аст, ки ба ҳамаи масоил ва мушкилоти аъзо расидагй мекунад. Бо таваччуҳ ба ин ҳама нишасти Остона дар моҳи июн, ки ба даҳумин солгарди таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай ихтисос хоҳад ёфт, саҳифаҳои тозае дар фаъолиятҳои ин созмон боз хоҳад кард, аз ин ру ин руйдоди муҳим аз ҳоло дар маркази таваччуҳи доираҳои коршиносй ва расонайи қарор гирифтааст.
Просмотров: 457 | Добавил: did | Рейтинг: 2.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz