Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 02.05.2024, 16:16
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Ноябрь » 7 » Талоши Иттиходияи Аврупо барои хифзи чойгохи хеш дар Осиёи Марказй
07:37
Талоши Иттиходияи Аврупо барои хифзи чойгохи хеш дар Осиёи Марказй
 Хабаргузориҳои мухталиф дар бораи ташкили гуруҳи кории Осиёи Марказй дар порлумони Инглис гузоришҳо мунташир намуданд.Бар пояи ин гузоришҳо гуруҳи кории порлумони Инглис барномаи вижаеро барои ҳамкорй бо панч кишвари Осиёи Марказй дунбол хоҳад кард. Ин иқдом шабеҳи сиёсати «қанд ва фанд» аст, ки дар ростои фиреби афкори умумй ва аз ин тариқ ҳифзи чеҳраи истеъмори навин анчом шудааст.

 Воқеият ин аст, ки Иттиҳодияи Аврупо (ИА)бо бекор кардани таҳримҳои Узбакистон чеҳраи худро ба таври бесобиқае дар чомеъаҳои Осиёи Марказй вайрон кард.Зеро ин таҳримҳо дар ҳоле бекор шуданд, ки кишварҳои аврупойи тақрибан ба ҳеч як аз ҳадафҳои мавриди назари хеш дар Узбакистон даст наёфтанд.Ба иборати дигар дар ин набарди сиёсй ИА шикастро пазируфт ва дасти тамаъро суи Узбакистон дароз кард.

 Лозим ба зикр аст, ки дар моҳи октябри соли 2005 дар пайи саркуби бераҳмонаи эътирози мардум дар Андичон тавассути сохторҳои амниятй ва интизомии Узбакистон, ки мунчар ба кушта шудани садҳо нафар аз тазоҳуркунандагон шуд,ИА таҳримҳоеро алайҳи давлати Тошканд чорй кард, то аз ин тариқ аз ҳуқуқи боздоштшудагон ва кушташудагони ин ҳаводис дифоъ кунад.Кишварҳои аврупойи интизор доштанд бо таҳти фишор қарор додани мақомоти узбак, ононро дар зоҳир водор ба риояти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон кунанд ва аммо дар асл қасд доштанд аз ин тариқ Узбакистонро  вориди чархаи сиёсатҳои хеш кунанд.Аммо гузашти чаҳор сол нишон дод, ки Узбакистон аз ин таҳримҳо осеби чандоне надид, баръакс, кишварҳои аврупойи фурсатҳои зиёдеро аз даст доданд.Бо фосила гирифтани Аврупо ва Амрико аз Узбакистон, Русия , Чин ва дигар кишварҳо вориди амал шуданд ва дар ин кишвари муҳими Осиёи Марказй нуфуз ва чойгоҳи худро густариш доданд.Идомаи ин раванд ба ин маъно буд, ки ИА ва Амрико аз бозори энержии Узбакистон бенасиб хоҳанд монд.Ин ҳам дар шароите, ки дар пайи ихтилоф миёни Русия ва Украина, интиқоли гази Русия ба Аврупо ба мушкил ру ба ру шудааст, аҳамияти манобеи энержии Узбакистон барои Ғарб беш аз ҳар замони дигаре афзудааст.Ҳамин масъала, яъне пайдо кардани манобеи чойгузини гази Русия, чеҳраи воқейии кишварҳои аврупоиро бармало кард ва нишон дод, ки иддаоҳое назири «озодии баён», «демократия», «риояти ҳуқуқи башар» ва амсоли ин, дар сиёсатгузории кишварҳои аврупойи шиоре беш нестанд. Кишварҳои ғарбй бо лағви таҳримҳои Узбакистон собит намуданд, ки барояшон манфиатҳои иқтисодй аз ҳимояти ҳуқуқи дигарандешони узбак ва хунбаҳои кушташудагони Андичон ба маротиб арзишмандтар ҳастанд. Яъне дар марҳалаи кунунй манофеи геополитикй ва геостартегии Ғарб муҳимтар аст, то бо ҳар василаи мумкин ҳузури худро дар минтақа таъмин намояд ва аз манобеи саршори энержии он баҳраманд шавад.

 Ин амалкарди ИА ва Амрико хашму нафрати мухолифони давлати Тошкандро доман зад. Ҳарчанд мақомоти аврупойи иддао доранд, ки ба ивази бекор кардани таҳримҳо давлати Тошкандро водор ба озодии бархе зиндониёни сиёсй кардаанд, аммо мухолифони Ислом Каримов ин нуктаро рад карданд.Чунин руйкарди ИА на танҳо дар Осиёи Марказй, балки дар саросари чаҳон чойгоҳу эътибори ин ниҳодро мутазалзил намуд ва бидуни шак ин таҳаввул дар дарозмуддат ба ҳеч вачҳ ба нафъи ин Иттиҳодия нахоҳад буд. Лизо яке аз узви ИА дар як иқдоми авомфиребонаи мудерн тазоҳур ба ин намуд, ки дар Аврупо ҳамчунон ҳавои дигарандешону мухолифон ва озодихоҳонро дар Осиёи Марказй доранд.Ташкили гуруҳи кории Осиёи Маркази дар порлумони Инглис аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.

 Ба назар мерасад истикбори пир бо ташкили гуруҳи кории Осиёи Марказй қасд дорад бо ҳар роҳи мумкин мухолифони давлатҳои Осиёи Марказиро умедвор нигоҳ дорад, то дар мавориди зарурй битавонад аз онон барои эъмоли фишор ба давлатҳои минтақа истифода кунад. Аммо дар айни ҳол нахустин табаъоти руйкарди чадиди Ғарб дар қиболи режими Тошканд он аст, ки ба тадрич ёду хотираи қурбониёни ҳодисаҳои Андичон ба фаромушй супурда мешавад ва Ғарб ин руйдоди хунинро дар гирдоби манофеи иқтисодии хеш ғарқ хоҳад кард.Фақат дар ҳоле аз ин ҳаводис ёдоварй мешавад, ки агар сарони Тошканд аз ичрои хостаҳои ғарбиҳо сар боз зананд.Он ҳам дар музокироти пасипардайи!

 

Просмотров: 788 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Ноябрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz