Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 26.04.2024, 23:34
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Сентябрь » 3 » Тарҳи интиқоли гази Туркманистон ба Осиёи чанубй
10:06
Тарҳи интиқоли гази Туркманистон ба Осиёи чанубй
 Рузи 30 августи соли 2010 дар шаҳри Кобул миёни Афғонистон ва Туркманистон тавофуқнома дар мавриди сохтани хати лулаи гази транс афғон ба имзо расид.Ин тавофуқнома дар чорчуби чаласаи дуввуми кумиссиюни байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодй-тичории Афгонистон ва Туркманистон ҳосил шуд, ки онро Ваҳидуллоҳ Шаҳронй, вазири маъодани Афғонистон ва Байрамгелдй Нодиров, вазири саноеъи нафту гази Туркманистон ба имзо расонданд. Бар асоси тавофуқҳои аз қабл ҳосил шуда, қарор аст ин хати лула гази Туркманистонро ба Афғонистон ва аз он чо ба Покистон ва Ҳиндустон интиқол диҳад.Сафари ҳайати туркманй ба Исломобод билофосила баъд аз имзои тавофуқнома бо тарафи афғонй, иқдоме дар чорчуби амалй шуданй ҳамин тарҳ мебошад.
  Бояд гуфт тарҳи сохтани хати лулаи интиқоли гази Туркманистон бо номи ТАPI ҳануз аз солҳои аввали касби истиқлоли Туркманистон аз тарафи бархе кишварҳои ғарбй матраҳ буд.Покистон ба далели ниёзи худ ба энержй, ниёз ба чунин тарҳҳои фароминтақайи дошт ва эъломи омодагии Исломобод дар солхои 90 қарни гузаштаи мелодй барои мушорикат дар такмили неругоҳи Роғун ва сохти дигар неругоҳҳо дар Точикистон низ аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст.Давлатҳои ғарбй, ба вижа Амрико хеле зуд аз иқдомоти Покистон барои интиқоли энержй аз Осиёи Марказй ба Осиёи чанубй истиқбол карданд.Дар ин амр Ғарб ба саркардагии Амрико, ҳадафхои стротегии худро дунбол мекард, ки аз инҳисори Маскав хорич кардани бахши энержии чумҳуриҳои Шуравии собиқ дар Осиёи Марказй, аз он чумла аст.
 Ҳарчанд тайи наздик ба ду даҳа баъд аз фурупошии Иттиҳоди Шуравй ва вуруди густардаи Ғарб ба Осиёи Марказй дар чиҳати ичрои тарҳи мазкур музокирот ва иқдомоти зиёде сурат гирифт, аммо ба далели набудани суботу амният дар Афғонистон ва манотиқи маҳалли гузари ин хати лула дар Покистон, натоичи ин иқдомот чандон назаррас набудаанд. Имруз низ мушкили суботу амният дар масири хати лулаи транс афғон - ТАPI ба қуввати худ боқист, ҳатто чуғрофиёи ин ноамниҳо афзудааст. Aммо Амрико ҳамчунон бар пайгирии тарҳи мазкур исрор дорад.Зеро Вашингтон қасд дорад бо зоҳирнамойии ҳузури фаъолона дар тарҳҳои муҳими энержии минтақа, заминаи мушорикати ҳарчй бештари худ дар шиносойи, истихроч ва интиқоли манбаъҳои нафту гази Туркманистон фароҳам намояд.Ин мавзуъ дар шароите ки буҳрони энержй дар равобити бархе шарикони аврупойии Амрико бо Русия соя афкандааст, бештар аҳамият пайдо кардааст.Албатта дар ин миён масъалаи интиқоли гази Ирон ба Покистон ва Ҳиндустон, ки то кунун иқдомоти зиёде дар ин масир анчом шудааст, низ матраҳ аст.Вошингтон дар идомаи хусуматҳои худ бо Ирон, талошҳои зиёдеро дар чиҳати халалдор намудани раванди ҳамкориҳои Теҳрон бо кишварҳои минтақа анчом додааст, ки умдатан ба зиёни худи Амрико будаанд. Бидуни шак тарҳи ТAPI аз дигар иқдомҳои номуваффақи Амрико хоҳад буд, ки аз ҳоло маҳкум ба шикаст аст.Бо ин ҳол Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар айни ҳол ин тарҳро дунбол мекунад ва интизор меравад, чузъиёти он дар дидори Ҳомид Карзай ва Қурбонгулй Бердимуҳаммадов раисони чумҳури Афғонистон ва Туркманистон, ки моҳи сентябр дар Ню Йорк дар чорчуби 65-умин ичлосияи мачмаи умумии Созмони милали муттаҳид сурат хоҳад гирифт, мавдиди баҳсу баррасй қарор гирад.Бино ба иттилоъи манобеи туркман моҳи декабри соли чории мелодй дар Ишқобод дар дидори раисони чумҳури чор кишвари Афғонистон,Туркманистон, Покистон ва Ҳиндустон тарҳи ТАPI ба таври мушаххастар баррасй ва тасмимоти зарурй гирифта хоҳад шуд.
 Тарҳи ТAPI 1680 келометрро ташкил медиҳад, ки тавони интиқоли 30 миллиард метри мукаъаб гaз дар солро доро мебошад.Бар асоси баровардҳои анчомшуда маблағи такмили он 4 миллиард долларро ташкил медиҳад ва пешбинй мешавад то соли 2015 такмил шавад. Талоши Амрико барои такмили тарҳи ТАPI дар ҳоле ташдид шудааст, ки идомаи ноамниҳо дар вилояти Қандаҳор (Афғонистон) ва манотиқи паштунишини Покистон - маҳалли убури ин хати лула, ба унвони мушкили чиддй дар ин раванд соя афкандааст. Аз суи дигар равобити печидаи Исломобод ва Деҳлй ояндаи тарҳи мазкурро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст.Ба илова, манбаъҳои таъмини ин хати лула бо гази мавриди ниёз чандон мавриди эътимод ба назар намерасад. Зеро гузоришҳои мунташира дар мавриди мизони захираҳои мавчуди гaзи Туркманистон, шаку шубҳаҳоеро дар ин замина эчод кардаанд.
 Бо чунин руйкарде метавон қотеъона натичагирй кард, ки ангеза ва ҳадафҳои сиёсй, аслитарин муҳаррик дар пайгирии тарҳи ТАPI мебошанд, амре ки рақобати қудратҳо дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй шакл дода, ахиран шиддати бештаре касб кардааст. Ҳамин ракобати қудратҳо кишварҳои ин минтақаи стротегиро хостаю нохоста вориди бозиҳои калони сиёсй кардааст, ки пайдо кардани рохи бурунрафт аз он кори содае ба назар намерасад.Натичаи ин бозиҳо дар кутоҳмуддат он аст, ки имруз дар Қирғизистон иттифоқ афтодааст. Аммо ҳосиле ки дар дарозмуддат ин бозиҳо ба бор хоҳанд овард, гирифтории миллатҳои минтақа ба доми сармоядорони хоричй, аз байн рафтани суботу оромиш ва таҳти савол қарор грифтани истиқлоли кишварҳо мебошад. Мутаассифона, имруз дар Осиёи Марказй ба ин мавзуи мухим камтар меандешанд.
Просмотров: 809 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 1
1 igninochofent  
0
Earn up to $3500/month just by taking simple surveys online!

I tried one of those online survey sites about 4 months ago that
say all you have to do is spend a couple of minutes filling out
some surveys and you will be making hundreds a day..... YEAH RIGHT, I didn't make anything.

I joined 7 of these stupid websites and I actually tried filling
out a couple of surveys on each site and they took forever then at
the end they wanted me to buy things or I couldn't complete the
survey.

These are complete scams so be aware!!! I couldn't believe they
were even allowed to sell such bogus products.

Then about 2 weeks ago I was watching the news and they had some
vice presidents and marketing managers of some major multi million
dollar companies talking about a site that they personally work
with to pay consumers for their opinion, A site that actually just
wants the "average Joe's" honest opinion on products and services
and is willing to pay big money to get them. for more information
clik here: http://get-money-for-taking-surveys.info

Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Сентябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz