Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 02.05.2024, 15:07
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Июнь » 22 » То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?
15:17
То кай миллати точикро таҳқир ва туҳмат мекунанд?
 Таҳаввулоти рузҳои чории Қирғизистон баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки дар марҳалаи кунунй ин кишвари Осиёи Марказй ба унвони саҳнаи руёруйиҳои қудратҳои Шарқу Ғарб барои озмудан имконият ва тавони хеш дар ростои ба даст овардани раҳбарии минтақа ва чаҳон интихоб шудааст.Бино ба навиштаи Дэниел Гринфилд, ки сайти интернетии centrasia.ru мунташир кардааст, тағйири қудрат дар Бишкек бо дахолати мустақими Маскав сурат гирифт ва акнун русҳо бо истифода аз ҳамон шеваи ҳамешагии худ, яъне ба роҳ андохтани низоъҳои қавмй, дар пайи он ҳастанд, ки фурсатро фароҳам кунанд ва дар нақши ягона начотдиҳандаи мардуми мазлуми минтақа, тачовузи навбатии худ ба ин қаламравро шакл диҳанд.
  Аз навиштаҳои ин муаллиф бармеояд, ки дар ин росто имрузҳо хадамоти вижаи Русия бо интишори матолиб дар расонаҳои таҳти нуфузи худ ва бо истифода аз хабарнигорони муздур, саъй бар он дорад, ки дар водии Фарғона чангро миёни узбакҳо, қирғизҳо ва точикҳо ба роҳ андозад.Нашри ахбори бе банду бор дар расона ва вебсойтҳои мухталиф дар бораи мушорикати шаҳрвандони Точикистон дар куштори аҳолии вилоятҳои Чалолобод ва Уш дар ҳамин росто қобили арзёбй ҳаст.  Нахустин хабар дар мавриди мушорикати точикҳо дар куштори мардум дар вилояти Уш тавассути Қувват Байболов, маовини аввали вазири амнияти миллии Қирғизистон мунташир шуд.Ин масъули қирғиз эълом намуд, ки хонаводаи Боқиев аз ҳисоби шаҳрвандони Точикистон гуруҳҳои вижа созмон додаанд ва ба манзури муташаннич кардани авзоъ мардуми бедифоъро мекушанд. Ҳарчанд Байболов иддао кардааст, ки ба истинод ба эътирофоти афроди боздоштшуда ин ҳарфҳоро мегуяд, аммо исме аз шаҳрвандони Точикистон, ки даст ба куштор задаанд, набурдааст.Албатта рузи 16 июн ин масъули қирғиз ин суханонро такзиб кард ва дар мусоҳиба бо радиои Озодй таъкид кард, ки бо хабаргузории ИТАР ТАСС дар ин маврид ҳеч гуна мусоҳибае анчом надодааст.
   Сайти интернетии fergana.ru низ бидуни зикри исме, аз шаҳрвандони Точикистон ва ба истинод ба як тамоси телефонй, ки маълум нест пушти хат кй буда, иддао кардааст, точикон ба сифати тирандоз(снайпер) мардумро мекуштанд.Ин сойт навиштааст, бешаз 10 тан аз ин тирандозон кушта шуданд ва часадҳои онон дар бемористони Уш нигаҳдорй мешавад.Аммо на аксе ва на исме аз ин афрод чоп накардааст. Аркадий Дубнов, шореҳи рузномаи "Время новостей" низ дар суҳбат ба радиои "Эхо Москви" гуфт:" ман бо тамоми масъулият иброз медорам, дар ин бондҳо афроде ширкат доштанд, ки дар чанги шаҳрвандии Точикистон аз тарафи чабҳаи халқй ё мухолифони точик чангида буданд". Ин хабарнигор дар идома гуфтааст:"шаҳрвандони Точикистон аз Русия ба Қирғизистон фиристода шуданд ва сафорати Точикистон дар Маскав низ дар ин кор шарик аст".
  Ин ҳама гузоришҳо баёнгар аз он аст, дар шароити кунунй неруҳое дар водии Фарғона вориди амал шудаанд, ки дар ин минтақаи ҳассос чанги қавмиро созмон диҳанд ва ба ҳадафҳои нопки худ даст ёбанд.Аммо бояд эътироф кард, ки ин низоъҳоро шояд битавон ба осонй роҳандозй кард, вале раванди он дигар дар ихтиёри созмондиҳандагон нахоҳад буд.
  Дар миёни неруҳое, ки низоъи қавмиро дар Қирғизистон заминасозй мекунанд, Аркадий Дубнов бештар аз бақия фаъол аст.Аз навишатҳои ин хабарногор бармеояд, ки огоҳона ва бар асоси барномарезии дарозмуддат дар ростои афрухтани оташи чанг миёни миллатҳои ҳамсояи узбак ва точик, ҳамчунин узбак ва қирғиз фаъолият мекунад.Албатта барои ироаи омору рақамҳои дақиқ дар ин замина, бояд навиштаҳои уро мурур кард, аммо ниёзе ба ин нест, чунки мардуми минтақа ба шеваи нигариш ва нигориши Дубнов ва ҳамкешони у ошноанд. Бо ин вучуд фақат ҳамин нуктаро ёдовар мешавем, ки дар остонаи сафари Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд, Дубнов навишта буд, ки Ислом Каримов бо раиси чумҳури Точикистон мулоқоти ру дар ру нахоҳад дошт ва фақат дар нишастҳои умумй бо Раҳмон дидор хоҳад кард.Вай ҳамон гуна, ки дар мавриди ҳузури точикон дар кушторҳои Қирғизистон гуфта буд: "ман бо тамоми масъулият иброз медорам"..., дар ин бора низ бо ҳамон ба истилоҳ масъулият хабарсозй ва агар дурустар бигуем, фазосозй карда буд.
  Ҳадафи Дубнов он буд, ки қабл аз вуруди раиси чумҳури Точикистон ба Тошканд барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой, фазои сард дар равобити Тошканд - Душанберо сардтар чилва диҳад.Аммо ҳамон гуна ки сойтҳои расмии ҳам Узбакистон ва ҳам Точикистон хабар доданд, Ислом Каримов ва Эмомалй Раҳмон дар дидори як ба як бисёре аз масоили мавчуд дар равобити ду кишварро баррасй карданд ва ба тавофуқҳое низ даст ёфтанд.Ичозаи ҳаракати наздик ба ду ҳазор вагони Точикистон, аз чумлаи ҳосили ин дидор буд.
 Ба назар мерасад роҳандозии таблиғоти зиддиточикй дар Қирғизистон бе робита ба тазоҳуроти точикони муқими ин кишвар дар баробари сафорати Узбакистон дар Бишкек набошад.Дар он тазоҳурот ки 27 майи соли чорй баргузор шуд, як гуруҳ аз точикони муқими Қирғизистон аз масъулони узбак талаб намуданд, ки ба муҳосираи иқтисодии Точикистон поён диҳад.
 Мушохидахо нишон медиханд, ки хадафи хар гуна тахқир ва тухматхо қарор гирифтани точикон аз бехимоятии онон сарчашма мегирад.Харчанд ахиран вазорати корхои хоричии Точикистон дар баробари суханони тахкиромези Жириновский вокуниши сахт нишон дод, аммо чунин иқдомот кам анчом шуда, то охир пайгирй нашудаанд. Ин бор афроде мисли Дубнов хатарноктар аз хамеша даст ба кор шудаанд, то миллати точикро ба куштан диханд. Ин икдом метавонад хазорон точикро дар қаламрави шуравии собик ба куштан дихад ва бе муболига тахдиди чиддиест ба тамомияти арзии Точикистон. Аз ин ру сохторхои дахлдори Точикистон боястй чиддитар ва котеъонатар аз хамеша вокуниш нишон диханд ва ин фитнаангезихоро дар нутфа саркуб кунанд, то миллати точик битавонад масири сулху созандагиро бо эътимоду боварии бештар идома дихад.
Просмотров: 844 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz