Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 29.03.2024, 03:35
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Март » 12 » Точикистон ва Покистон дар тархи CASA-1000
09:19
Точикистон ва Покистон дар тархи CASA-1000
 
 Рузи 7 март Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон дар садри як ҳайат аз аъзои ҳукумат, намояндагони порлумон ва точирони Точикистон барои анчоми як сафари расмии чорруза вориди Исломобод пойтахти Покистон шуд.Дар музокироти тарафҳои Покистонй ва Точикистонй тавсаъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисодй, тичорй,беҳдошт ва энержй мавриди баҳсу баррасй қарор гирифт.Дар поёни ин гуфтугуҳо миёни ду кишвар чаҳор санад ба имзо расид.Эъломияи муштарак, тавофуқномаҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзй, беҳдоштй ва тарбияти баданй санадҳое буданд, ки ба имзои мақомоти Исломобод ва Душанбе расид.Дар дидори Эмомалй Раҳмон ва Осафалии Зардорй раисони чумҳури Точикистон ва Покистон зимни ибрози ризоят аз раванди ру ба рушди ҳамкориҳои дучониба, таъкид шуд, ки ин ҳамкориҳо дур аз интизороти тарафайн ва зарфиятҳои мавчуд дар ду кишвар мебошанд.Бар асоси оморҳои расмй, мубодилоти тичорй миёни Покистон ва Точикистон дар соли 2010 21,6 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл се баробар зиёд аст.Бо ин ҳол масъулони ду кишвар таъкид карданд, ки дар чорчуби ҳадафҳои дучониба боястй сатҳи ин мубодилот беш аз пеш боло бурда шавад.
 Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Покистон дар шароите анчом шуд, ки даври дуввуми музокироти мақомоти марзбонии Русия ва Точикистон низ чун даври аввал, бидуни натича ба поён расид.Ин музокирот талошҳои чадиди Маскав дар чиҳати бозгардондани марзбонони худ ба Точикистон арзёбй мешавад ва Русия аз муддатҳо қабл бо фазосозй дар мавриди вахомати авзои амниятй дар марзҳои миёни Точикистон ва Афғонистон, ки ҳосили сарозер шудани шудани гуруҳҳои ифротй аз марзи миёни Покистон ва Афғонистон ба марзҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказй, ба вижа Точикистон хоҳад буд, ин гуна илқо мекунад, ки бозгашти марзбонони рус як амре ногузир дар ростои таъмини амнияти минтақа аст.
 Ин дар ҳолест, ки мақомоти русй дар сатҳҳои мухталиф ҳар гуна овозаҳо дар мавриди бозгашти марзбонони худ ба Точикистонро инкор кардаанд.Ҳарчанд гуфта мешавад дар музокироти тарафҳои Точикистон ва Покистон масоили марбут ба ҳамкориҳои энержй дар меҳвар қарор дошт, аммо баҳсҳои амниятй низ матраҳ буд. Пушида нест, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз мухолифони мусаллаҳи давлатҳои Осиёи Марказй дар манотиқи қабоилии Покистон ба сар мебаранд ва ҳарчанд ин манотиқ ба он гунае ки мебояд, таҳти назорати давлати Исломобод қарор надоранд, аммо равобити сарони қабоил ва фармондеҳони маҳаллй бетаъсир дар фаъолиятҳои чангчуёни кишварҳои Осиёи Маркзй нест. Имруз ин чангчуён умдатан афроди вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон мебошанд ва баъд аз он ки ҳизби наҳзати исломии Точикистон ба ҳукумати Душанбе оштй кард, нақши раҳбарии исломгароёни Осиёи Марказй дар Покистону Афғонистонро фармондеҳони вобаста ба ҳаракати исломии Узбакистон ба уҳда гирифтанд. Аз он муддат теъдоди андаке аз чангчуёни мухолифи давлати Точикистон дар Покистон боқй монданд ва нақши ончуноние дар фаъолиятҳои ба истилоҳ чиҳодй надоштанд. Ба ҳар сурат вучуди ин афрод ва таҳти таъсири фармондеҳони узбак қарор гирифтанашон, сояи ноамниро бар фазои Точикистон мегустаронад, ба вижа дар шароите ки гуфта мешавад бархе фармондеҳони ба истилоҳ чиҳодии узбак афроди хадамоти вижа Тошканд мебошанд, ки ба корҳои чосусй машғуланд, ин мавзуъ бештар чалби таваччуҳ кардааст. Раиси чумҳури Точикистон дар дидори Ашфақ Парвиз Қаянй, раиси ситоди воҳидҳои пиёданизоми артиши Покистон, Аҳмад Шучоъ Пошо, раиси хадамоти иттилоотй ва Раҳмон Малик, вазири кишвари Покистон таъкид кард, ки мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир ба иқдомоти муштараки кишварҳои минтақа ниёз дорад ва Точикистон омодааст дар ин замина тамоми ҳамкориҳоро бо сохторҳои марбутаи Покистон ба роҳ монад.Дар ин гуфтугуҳо Эмомалй Раҳмон аз мақомоти Покистон тақозо кард, ки иттилооти заруриро дар мавриди шаҳрвандони Точикистон, ки бо ҳар далеле дар манотиқи мухталифи Покистон ба сар мебаранд, дар ихтиёри ҳамтоёни точики худ қарор диҳанд.Аз ин чо бармеояд, ки давлати Душанбе дар пайи талоши Маскав барои бочгирй аз он чи ки вахомати авзоъ дар оянда таъбир мекунад, ба Покистон сафар кардааст, то дар ҳамкориҳои амниятй бо кишварҳои минтақа илочи воқеъаро қабл аз вуқуъ тадорук бинад. Ин иқдомро метавон як жести сиёсии Душанбе дар қиболи Маскав низ таъбир кард. 
  Ҳамкориҳои энержй ва мушорикати Покистон дар тарҳҳои гидроэнержии Точикистон аслитарин мавзуи музокирот миёни мақомоти аршади Исломобод ва Душанбе буд.Дар ин робита манофеи ду кишвар ба ҳам гиреҳ хурдааст: ниёзи мубрами иқтисоди Покистон ба неруи барқи арзони Точикистон ва эҳтиёчи Точикистон ба сармоягузории хоричй барои такмили тарҳҳои худ, ду кишварро дар масири тавсаъаи равобит қарор додааст.Қобили зикр аст, ки ҳануз дар авоили даҳаи 90 қарни гузашта Исломобод барои сармоягузории 500 миллион долларй дар тарҳи Роғун эъломи омодагй карда буд, аммо вуқуи чанги дохилй дар Точикистон Исломободро аз ичрои ин амр мунсариф намуд.Бо имзои тарҳи "САSA-1000" дар соли 2006 барои Покистон фурсати тозае дар чиҳати мушорикат дар тарҳҳои гидроэнержии Точикистон фароҳам омад.Бар асоси ин неруи барқи Осиёи Марказй(Точикистон ва Қирғизистон) ба Осиёи Чанубй интиқол дода хоҳад шуд.Бино ба муҳосиботи ширкати конодойии "Лимбверер" харочоти ин тарҳ 700 миллион долларро ташкил медиҳад.
  Тарҳи "САSA-1000" дар шароите ки гуфта мешавад Иттиҳодияи Аврупо барномаи стротегии бозсозии Афғонистонро таҳия карда ва интизор меравад бо оғози хуручи НАТО аз Афғонистон, марҳалаи ичрои он шуруъ шавад, беш аз ҳар замони дигаре аҳамият касб кардааст.Эъломи омодагии Русия барои сармоягузории 500 миллиондолларй дар ин тарҳ, баёнгар аз ташдиди рақобат миёни довталабони ҳузур дар бозори энержии Осиёи Марказй мебошад.Тавофуқоти ба даст омада миёни Душанбе ва Исломобод дар мавриди Тарҳи "САSA-1000" дар ҳоле ки хабарҳои мухталиф аз талошҳои ошкору пинҳони Тошканд барои аз бозори энержии Осиёи Чанубй маҳрум кардани Точикистон мунташир мешавад,гуёи он аст ки Душанбе ба таври чиддй имконият ва зарфиятҳои худро ру намудааст, то аз манофеи минтақайи ва байналмилалии хеш дифоъ кунад.Кишварҳои аврупойи низ дар ниҳоят дарк карданд, ки фақат бо иқдомоти низомй наметавонанд ба аҳдоф худ дар Афғонистон даст ёбанд, аз ин ру иқдом ба авлавиятбандии тарҳҳои иқтисодй кардаанд ва бидуни мушорикати фаъоли Бишкек ва Душанбе ичрои ин тарҳҳо имконнопазир хоҳад буд.Ба вижа чунончй ду неругоҳи Қамбарота ва Роғун сохта нашаванд ва неруи барқи арзон дар ихтиёри Афғонистону Покистон қарор дода нашавад, шикасти Ғарб ва НАТО дар Афғонистон дар ҳамаи заминаҳо, ичтинобнопазир хоҳад буд. Сафари Эмомалй Раҳмон ба Покистон нишон медиҳад, давлати Душанбе аз ваъдаҳои сармоягузории кишварҳои арабй, ки се соли қабл дода буданд, ноумед шуд ва барои чалби сармоя суроғи кишваре рафт, ки манфиатҳои зиёде дар минтақа, аз чумла дар Точикистон дорад.
Просмотров: 1206 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Март 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz