Главная | Регистрация | Вход | RSS Суббота, 20.04.2024, 17:20
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Декабрь » 8 » Точикистон ва толибон
09:34
Точикистон ва толибон
 Баъд аз хуручи ба истилоҳ неруҳои эътилофи зидди террор аз Афғонистон, Точикистон ногузир ба афзоиши харочот барои ҳифзи марзҳои худ бо ин кишвар хоҳад шуд. Ин матлабро раиси чумҳури Точикистон дар ҳамоиши "Дурнамои рушди Точикистон", ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён кард.Эмомалй Раҳмон тазаккур дод, ки дар чунин сурате будчаи Точикистон бо мушкилоти тозае ру ба ру хоҳад шуд.
 Ин суханони раиси чумҳури Точикистон бо фосилаи каме баъд аз тавофуқи ин кишвар бо Русия дар мавриди ҳузури дубораи марзбонони рус дар марзи миёни Точикистон бо Афғонистон, баён шудаанд.Ҳамин амр мучиб шудааст, ки фарзу гумоназаниҳо дар мавриди таҳаввулоти ахири Точикистон ва дар кул Осиёи Марказй дар доираҳои расонайи ва коршиносии Точикистон ва минтақа, доманаи густурдатаре касб кунад. Табии аст, дар сурате ки НАТО бо ин ҳама имконот ва тачҳизоти модерн ва пешрафтаи низомй, натавонист тайи наздик ба даҳ сол толибон ва дигар гуруҳҳои ифротй дар Афғонистонро аз баон бибарад, кишваре назири Точикистон бо артиши на он қадр қавй ва имконоти маҳдуд, гумон аст битавонад дар баробари ин сели вайронгар биистад.Албатта амнияти марзҳои Точикистон ба маънии амният дар марзҳои тамоми кишварҳои Осиёи Марказй, ҳатто берун аз он аст, аз ин чост, ки раиси чумҳури Точикистон таъкид кард, ҳифозат аз марзҳо дар баробари терористон ва ифротгароён ба иқдомоти муштараки ҳамаи кишварҳои минтақа ниёз дорад. Нигаронии Роза Отунбоева, раиси чумҳури Қирғизистон аз густариши ноамниҳо дар марзҳо миёни Афғонистон ва Точикистон ва Точикистону Қирғизистон, дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.Раиси чумҳури Қирғизистон ин матлабро дар дидор бо Ҳилларй Клинтон, вазири хоричаи Амрико, ки рузи 2 декабр дар Бишкек анчом шуд, баён ва таъкид кард:"мо аз он нигаронем, ки майдони даргириҳои низомй ба шимоли Афғонистон, ба марзи Точикистон ва Афғонистон ва сипас ба марзи Точикистону Кирғизистон мунтақил хоҳад шуд".
 Бар асоси тасмимоти сарони кишварҳои ғарбй, созмони атлинтики шимолй НАТО соли 2014 неруҳои худ аз Афғонистонро ва масъулияти таъмини суботу амният дар ин кишварро ба неруҳои бумй вогузор хоҳанд кард. Албатта ҳануз ба таври дақиқ мушаххас нест, ки ин хуруч шарофатмандона хоҳад буд, ҳамроҳ бо шикасте мазбуҳона.Бар пояи ағлаби пешбиниҳо, Ғарбро сарнавиште назири сарнавишти Шуравии собиқ дар Афғонистон дар интизор аст.Афзоиши талафоти неруҳои НАТО, густариши ноумедй ва афсурдагй дар миёни сарбозони ҳозир дар Афғонистон, манофеи ба ҳам зидди бозигарони саҳна дар ин кишвар, афзоиши эҳсосоти ғарбситезй дар миёни мардуми афғон, аз чумлаи авомиле ҳастанд, ки ин ақидаро тақвият мекунанд. Дар ин миён талоши кишварҳое назири Русия, Чин, Покистон, Ҳинд, гуруҳҳои мухталиф дар кишварҳои арабй, ки мехоҳанд Ғарб ба саркардагии Амрико бештарини хисорот ва талафотро мутаҳаммил шавад, аз дигар авомиле ҳастанд, ки роҳи неруҳои НАТО дар расидан ба муваффақият дар Афғонистонро бастаанд.Албатта Русия ба хубй огоҳ аст, ки бо хуручи НАТО аз Афғонистон, бо мушкилоти чадиде ру ба ру хоҳад шуд.Сирояти ноамниҳо ба Осиёи Марказй ва таҳти таҳдиди чиддй қарор гирифтани манофеи Маскав дар ин минтақа, ибтидоитарини ин мушкилот хоҳад буд, ҳарчанд Русия аз ҳоло барои аз оби гилолуди Осиёи Марказй моҳй гирифтан, омода мешавад. Кремл бо бузургнамойии таҳдиди толибон, дар пайи он аст, тавсаъаи пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказиро барои сарони ин минтақа асоснок кунад.Аз ин чост, ки бархе маҳофили коршиносй муътақиданд, дар ноамниҳои ахири шарқи Точикистон, авомили русй даст доштанд.    Нишасти ахири Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Остона, ибрози назарҳои мақомот дар ин нишаст, дидору гуфтугуҳое ки сарони кишварҳо ба таври дучониба анчом доданд ва сафари вазири хоричаи Амрико баъд аз ин нишаст ба бархе кишварҳои минтақа, баёнгар аз он аст, Осиёи Марказй обистани таҳаввулот ва ҳаводисест, ки вуқуъи бархе аз онҳо хорич аз майлу иродаи бозигарони саҳнаи ин минтақа аст.Музокироти вазири хоричаи Амрико бо раиси чумҳури Узбакистон, муҳосираи иқтисодии Точикистон тавассути Узбакистон ва бетаваччуҳии чомеаи чаҳонй ва ниҳодҳои марбутаи байналмилал ба ин фочеъа,муомилаҳои Амрико-Узбакистон дар мавриди Афғонистон аз як су, муомилаҳои Русия-Узбакистон дар мавриди масоили Осиёи Марказй аз суи дигар, вуқуи ноамниҳо дар шимоли Қирғизистон ва чануби Точикистон, дидори нахуствазири Покистон бо раиси чумҳури Афғонистон дар Кобул,эъломи вазири хоричаи Амрико дар мавриди омодагии Қазоқистон барои фиристодани неруҳояш ба Афғонистон, сафари вазири корҳои дохилаи Русия ба Точикистон ва ...зарфи як ҳафтаи охир, ин дидгоҳро тақвият мекунанд, ки руйдодҳои ахири Осиёи Марказй ва таҳаввулоти ояндаи ин минтақа ҳаргиз тасодуфй набуда, бар асоси барномаҳои аз қабл то ҳадде ҳамоҳанг шуда, сурат гирифтаанд ва сурат хоҳанд гирифт. Албатта ин мавзуъ ба қуввати худ боқист, ки чараёни ин таҳаввулот на ҳамеша тибқи иродаи коргардонҳои пасипардайи хоҳад буд. Бархе аз коршиносон суханони раиси чумҳури Точикистон дар мавриди таҳдиди толибон ба амнияти ин кишварро, иқдоме барои касби имтиёз аз кишварҳои ғарбй тавсиф мекунанд.Аммо ҳамон гуна, ки Рашид Нургалиев, вазири корҳои дохилаи Русия дар дидор бо Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон(рузи 5 декабр дар Душанбе) таъкид кард, Точикистон наметавонад ба танҳои бо террористон мубориза барад, аз ин ру Русия омодааст ҳамкорй ва мусоидатҳои лозим дар ин заминаро анчом диҳад.
 Бо чунин руйкарде метавон ба ин натича расид, ки овозаҳо дар мавриди нуфузи толибон ба Осиёи Марказй, бе дахолати кишварҳои ин минтақа ва қудратҳои фароминтақайи нест. Ва аммо таҳаррукоти дипломатии Русия дар Точикистон (тайи камтар аз ним моҳи ахир нахуствазир,вазири корҳои дохила ва масъули ширкати гози Русия ба Точикистон омаданд) баёнгар аз ин воқеият ҳаст, ки Маскав намехоҳад Душанбе мушкилоташро бидуни мушорикати Русия ҳаллу фасл кунад.Аз ин ру талош дорад вонамуд кунад, ки дар канори Душанбе аст ва барои Точикистон ҳамчунон шарики стротегй боқй мондааст.Бо ин ҳол интизор намеравад, ки аз ин ба баъд масъулони точик ба ваъдаҳои Маскав дил хуш кунанд.
Просмотров: 797 | Добавил: did | Рейтинг: 1.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Декабрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz