Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 28.03.2024, 13:50
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Февраль » 5 » Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи
18:46
Узбакистон ва Туркманистон дар роҳи ҳамгаройи

 Сойтҳои мухталиф дар Узбакистон ва Туркманистон аз сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Узбакистон дар баҳори имсол хабар доданд.Бар пояи ин гузоришҳо пешбинй мешавад, ки тайи ин сафар ва дидору гуфтугуҳои мақомоти олирутбаи ду кишвар, санадхои муҳим дар заминаи густариши равобит миёни Ишқобод - Тошканд ба имзо расад.Бо таваччуҳ ба ин, гуфта мешавад сафари Қурбонгулй Бердимуҳаммадов ба Тошканд нуқтаи муҳиме дар раванди ҳамкориҳо миёни Туркманистон ва Узбакистон хоҳад буд.Албатта ин сафар чавоб ба сафари Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон аст, ки дар моҳи октябри соли 2010 анчом шуд. Дар чорчуби сафари Ислом Каримов чанд санади ҳамкорй миёни ду тараф ба имзо расид, ки тафоҳумномаи ҳамкорй дар бахшҳои фарҳангй - башардустона дар давраи солҳои 2011 - 2013 аз муҳимтарини ин аснод буд.Ҳамчунин дар рузҳои сафари раиси чумҳури Узбакистон ба Туркманистон дар шаҳри Дашогози Туркманистон чашнвораи дустии халқҳои узбак ва туркман баргузор гардид. Дар мачмуъ дар мавриди сафари рузҳои 18-20 октябри соли 2010 Ислом Каримов ба Ишқобод бояд гуфт, раиси чумҳури Узбакистон тайи даҳ моҳи ахир ду бор ба Туркманистонро сафар кард.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гази Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъҳои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро (Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб (Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Бо ин ҳол масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи "Чануб"-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Пушиши хабарии ин сафар дар ду кишвар баёнгар аз он буд, ки ду раиси чумҳур бо ҳам дуст шуданд. Сафари ахири Ислом Каримов ба Ишқобод аз он чиҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки бо ҳар роҳи мумкин худро ба Курбонгулй Брдимуҳаммадов наздик кунад.

  Қобили зикр аст, ки равобити дипломатй миёни Тошканд ва Ишқобод аз 7 феврали соли 1993 барқарор шуд ва тайи муддати болиғ бар 17 сол Узбакистон ва Туркманистон ҳамкориҳои бидуни таниш бо ҳам доштанд.То ин дам миёни ду тараф беш аз 120 қарордод ва тафоҳумнома дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст, ки аз ин чумла 26 санад тайи чаҳор соли охир ба имзо расидааст.

  Дар соли 2010 мубодилаи тичорй миёни ду кишвар 229 миллион долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо солҳои қабл 42 дарсад афзоишро нишон медиҳад.Пешбинй мешавад, дар шашумин нишасти кумиссиюни байниҳукуматии Туркманистон ва Узбакистон, ки қарор аст рузҳои 14-15 феврали соли чорй дар Тошканд баргузор шавад,роҳҳои тавсаъа ва таъмиқи ҳамкориҳо дар тамомии заминаҳо миёни ду тараф баррасй шавад. Сафари раиси чумҳури Туркманистон ба Тошканд дар шароите анчом мешавад, ки Осиёи Марказй ба таври камсобиқае ба майдони рақобати қудратҳои Шарқу Ғарб табдил шудааст.Давлати Тошканд, ки дар равобит бо ин қудратҳо пайваста мавозеи мутағаййиреро интихоб кардааст, дар идомаи ин раванд, ниёз ба бархе пуштибонй ва мусоидатҳои кишварҳои минтақа дорад.Ба вижа дар шароите ки Ғарб ба таври чиддй масъалаи пайдо кардани чойгузин барои гози Русияро дунбол мекунад, дар бархурд ба ин мавзуъ Тошканд ба ҳамоҳангиҳо бо Ишқобод ниёз дорад.Зеро Туркманистон дорои манобеи саршори гози табии аст ва мавозеъи он метавонад бар руи қимати содироту воридоти ин колои муҳими санъатй, таъсиргузор бошад. Аз суи дигар наздик шудан бо Ишқобод ин имконро барои Тошканд фароҳам хоҳад кард, ки дар мудирияти бархе масоили минтақайи аз Казоқистон ба унвони рақиби суннатии худ дар эйфои нақши раҳбарй да Осиёи Марказй, пешй бигирад.Дар як нигоҳи ичмолй, сафари отии Қурбонгулй Бедимуҳаммадов ба Тошкандро метавон аз ҳамин зовия арзёбй кард.

Просмотров: 531 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Февраль 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz