Главная | Регистрация | Вход | RSS Суббота, 20.04.2024, 05:00
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Июнь » 15 » Xатари вукуи чанг миёни қудратҳо дар водии Фарғона
15:37
Xатари вукуи чанг миёни қудратҳо дар водии Фарғона
 
 Дар ҳоле ки авзои кишвари Қирғизистон руз ба руз печида мешавад, дар маҳофили коршиносй ва таҳлилй ин савол матраҳ аст, ки оё ин ҳама таҳаввул дар чорчуби талошҳои Маскав барои эҳёи нуфуз ва чойгоҳи худ дар Осиёи Марказй шакл мегирад? Албатта дар ибтидои тағйири қудрат дар Бишкек, Русия эълом кард, ки ҳеч дахолате дар корхои дохилии Кирғизистон надорад, аммо амалкарди мақомоти ин кишвар (тамоси телефонии Владимир Путин, нахуствазири Русия фардои тағйири қудрат дар Бишкек - 8 апрел - бо сарони давлати чадид ва ба расмият шинохтани давлати Роза Отунбоева тавассути Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия, додани кумаки 20 миллион долларй ба давлати чадиди Қирғизистон), баёнгар аз ба навъе зери назари Кремл будни ин ҳама тағйиру таҳаввул аст.
 Воқеият он аст, ки Димитрий Медведев раиси чумҳури Русия дар идомаи сиёсатҳои Владимир Путин,салафи худ, бар он шудааст, ки Маскавро ба он чое ки манотиқи суннатии нуфузи Русия таъбир мешавад, бозгардонад. Дар чорчуби ҳамин сиёсат Русия қасд дорад, зимни бозгаштани қудратмандона ба Осиёи Марказй, давлатҳои камтаваччуҳ ба манфиатхои Маскавро аз сахна бардорад ва ба ҳар роҳи мумкин арсаро барои рақибони худ, маҳдуд кунад. Ин мавзуъ ба вижа дар шароите, ки дар пайи ишғоли Афғонистон тавассути Амрико, муттаҳидонаш ва НАТО, Осиёи Марказй аҳамияти бештаре дар сиёсатҳои қудратҳои ғарбии ҳозир дар Афғонистон касб кардааст,ба авлавияти сиёсатҳои хоричии Маскав табдил шудааст.Зеро акнун Русия дар чиҳати ҳифзи манофеи худ аз як су ногузир ба рақобат ба шарикони худ назири Чин, аз суи дигар руёруйии чиддй бо Иёлоти Муттаҳида Амрико аст.Мавзуи рақобат бо Амрико баъд аз он ки Пентагон эълом кард, дар панч чумҳурии Осиёи Марказй таъсисоти вижаи худро бино хоҳад кард, акнун ба таври чиддитаре дар сиёсатгузориҳои хоричии Маскав пайгирй мешавад. Қобили зикр аст, ки бар асоси ин тарҳ Пентагон - вазорати дифоъи Амрико тасмим гирифтааст дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказй таъсисоти стротегии дифоъй месозад.Дар ин миён тарҳи сохтани маркази омузишии амалиёти зиддитеррористй дар чануби Қирғизистон густурдатар аз бақия аст, ки дар вилояти Ош чойгир хоҳад шуд.Арзиши ин тарҳ аз 5 то 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Барои сохтани таъсисот дар Қазоқистон, Узбакистон ва Туркманистон низ ҳудуди 5 миллон долларй харч хоҳад шуд. Барои Точикистон ду тарҳ ба маблағҳои 5 миллион ва 10 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.Пентагон эълом кардааст, ки ин тарҳҳо дар чорчуби мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ичро мешаванд.
 Нуктаи чолиб дар амалй шудани тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй он аст, ки барои пешгирй аз ҳассосиятҳои Маскав гуфта мешавад, таъсисоти мавриди назар дар ҳамкорй ва ҳамоҳангй бо давлатҳои Осиёи Марказй такмил хоҳанд шуд.Аз чумла Пентагон эълом кард:"Бо хоҳиши ҳукумати Қирғизистон мо 5,5 миллион доллар чиҳати бозсозии маркази омузишҳои низомй дар атрофи шаҳри Уш ихтисос додем. Ин марказ барои омузиши неруҳои мусаллаҳи қирғиз дар назар гирифта шудааст".Ин дар ҳолест, ки дар вазорати дифоъи Қирғизистон ҳеч иттилоъе дар бораи тарҳҳои Пентагон дар кишварашон надоранд. Бо ин ҳол нахустин иттилоот дар мавриди тарҳҳои Пентагон дар Осиёи Марказй рузи 7 июн дар сайти Federal Buziness Opportunities мунташир шуд, ки дар он гуфта мешуд дар минтақаи Қаратоғи Точикистон марказй миллии тамринҳои низомй сохта хоҳад шуд.
 Дар соли 2009 Русия дар мавриди сохтани пойгоҳи низомй дар чануби Қирғизистон эъломи омодагй намуда буд, аммо дар пайи эъломи тарҳи Пенатгон дар мавриди таъсиси маркази омузишии зиддитерористй дар ин минтақа, аз ин барнома сарфи назар кард.Гузоришҳои мунташира рочеъ ба ин мавзуъ баёнгар аз он аст, ки ихтилофи назар миёни Маскав ва Бишкек дар мавриди маҳалли таъсиси пойгоҳи низомии Русия, иллати аслии амалй нашудани он буд.Маскав мехост ин пойгоҳ дар вилояти Уш эчод шавад, аммо Бишкек исрор дошт Боткен, дар наздикии марзи Узбакистон, маҳалли сохти пойгоҳи низомии Русия бошад.Ин мавзуъ мухолифатҳои шадиди Тошкандро низ ба ҳамроҳ дошт.    Тарҳҳои Пентагон дар мавриди тақвияти ҳузури худ дар Осиёи Марказй дар шароите мунташир шуд, ки Маскав ошкору пинҳон аз суқути давлати Боқиев хушҳолй мекард. Акнун дар шароите, ки авзои Кирғизистон руз ба руз муташаннич мешавад, Русия ва дигар бозигарони минтақа, аз чумла Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар талошанд мусоидатҳои лозимро анчом диҳанд, то раванди таҳаввулот аз дасти Бишкек хорич нашавад.Зеро вучуди субот шарти аввали дар амал татбик шудани аҳдофи ҳар кадом аз даъвогарони ҳузур дар ин кишвар мебошад. Дар ин росто Маскав дар пайи фурсати муносиб чиҳати чойгиркунии неруҳои низомии бештар дар Кирғизистон аст.Ҳарчанд дар пайи густариши доманаи даргириҳо дар чануби Кирғизистон, ки ба кушта ва захмй шудани садҳо қирғиз ва узбак анчомид, Маскав дархости давлати муваққати Бишкек дар мавриди кумаки низомиро рад кард, аммо давлатмардони рус дар пайи фароҳам шудани шароите ҳастанд, то битавонанд ба унвони ягона начотдиханда вориди қаламрави Қирғизистон шаванд. Зеро ба хубй медонанд, ки вориди амал шудани низомиёни рус дар шароити кунунй, ононро бештар тачовузгар нишон хоҳад дод на неруҳои сулҳбон. Ин мавзуъ дар шароите, ки талошҳо аз ҳар тараф барои ба даргириҳои қавмй табдил додани нооромиҳои Кирғизистон сурат мегирад, бештар аҳамият дорад.Аз омори талафоти ин даргириҳо бармеояд, ки дар вилоятҳои Чалолобод ва Уш қирғизҳо ва узбакҳои маҳаллй ба чони ҳам афтодаанд.Аммо хабаргузориҳо ба нақл аз Кубат Байболов, муовини вазири амнияти Қирғизистон иттилоъ доданд, ки тарафдорони Боқиев бо муздур кардани шаҳрвандони бекори Точикистон ин хунрезиҳоро ба роҳ андохтанд, то аз оби гилолуд м0моҳй гиранд. Ба иборати дигар барномаҳое ба марҳалаи ичро гузошта шудаанд, ки дарраи Фарғона бори дигар ба саҳнаи чангҳои қавмй табдил шавад.Агар таҳаввулот ба ин самт пеш раванд, аз дасти ҳеч неруи сулҳбон коре сохта нахоҳад шуд, чун бидуни шакку шубха ин даргириҳо бо даргириҳо дар қаламрави Афғонистон гиреҳ хоҳанд хурд, ки оқибатхои онро намешавад ба соддагй пешбинй кард. Зеро дар чунин ҳолате чанг миёни қудратҳо дар водии Фаргона оғоз хоҳад шуд, чанге ки ғолиби комил нахоҳад дошт ва ин мардумони минтақаанд, ки миллёнхо нафар кушта, захмй ва овора хоҳанд шуд. Бо тачриба дар чанги Афғонистон, Русия ва Амрико, ҳамчунин дигар қудратҳои ғарбй ба хубй медонанд, ки чангҳои қавмй роҳи ҳалли низомй надоранд.Аз ин ру талош хоҳанд кард дар контрули авзоъ бо ҳар роҳи мумкин ба давлати муваққати Бишкек кумак кунанд. Аммо бо таваччуҳ ба ин ки қудратҳои ҳозир дар Қирғизистон аз гуруҳҳо ва неруҳои мухталиф дар ин кишвар пуштибонй мекунанд, ноил шудан ба ин ҳадаф ба мушкили чиддй ру ба ру хоҳад шуд.Ин мавзуъ сарнавишти ҳузури Русияро рақам хоҳад зад.Зеро яке аз ҳадафхои Русия дар Осиёи Марказй, табдил шудан (ё вонамуд кардани худ)ба неруи бетараф дар ҳалли мушкилоти байни кишварҳои ин минтақа мебошад.
Просмотров: 1117 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июнь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz