Главная | Регистрация | Вход | RSS Четверг, 21.09.2017, 08:00
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Май » 11 » Абас набуд
15:45
Абас набуд
Чй рузҳо гузаштааст
 Ки ақл дар қафас набуд,
 Ва дар гулу нафас набуд,
Маро ба чуз набудану надидани худам ҳавас набуд
Барои пилки наҳси дидаам
Ба хирмане ғубори хас набуд.
 
Чй рузҳо, чй рузҳо
Ба руйи му давидаам,
Ба қуллаҳои бу расидаам
Зи дасти абрҳо гирифтаам
Ва домани пур аз сароби сояро кашидаам,
Ки дар канори корвони роҳиён танини нолаи чарас набуд.
 
Чй рузҳо , чй рузҳо
Ки леҳ шудам ба зери бори зиндагй,
Ба пойи худ шитофтам ба суйи дори зиндагй,
Зи худ бурун шудам чу дуд
Ман аз фишори зиндагй,
Ва лоуболу бе паноҳ мисли ман магас набуд.
 
 Чй рузҳо, чй рузҳо
Надида будаам набуди бударо
Дари зи лутфу меҳрубонию сафо кушударо
 Нигоҳи гарми ғуссаҳои синаам зудударо
Насими гарди ғам зи суратам рабударо,
 Ва ёфтам,
                  ки он ҳама дуо абас набуд!
Просмотров: 309 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Категории раздела

Сиёсат [0]
Дипломатия [0]

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 196

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz