Ахиран порлумони Точикистон тархи чадиди конуни озодии вичдон ва созмонхои диниро ба тасвиб расонд. Бар асоси ин мусаваба мазхаби ханафй мазхаби расмии ин кишвар эълом шуд.
Кобили зикр аст, конуни мазкур дар соли 1990 ба тасвиб расида, то кунун шаш бор мавриди тагйиру ислох карор гирифт, аммо бино ба эътикоди дастандаркорон хар бор масъалахои тозае буруз мекарданд. Мирзошохрух Асрорй, вазири фарханги Точикистон, ки мухтавои тархи чадидро ба намояндагони порлумон ташрех мекард, аз чумла гуфт, ин тарх комил ва мутобик бо ниёзхои руз аст.
Дар холе ки бархе расонахои русй аз тасвиби тархи чадиди конуни дин дар Точикистон ба унвони макоми давлатй додан ба мазхаби ханафй ёд карданд, муаллифони ин тарх мегуянд, тасвиб конун ба маънии расмй шудани мазхаби ханафй нест, балки ин мазхабро мазхаби конуни барои мусалмонони Точикистон эълом мекунад.
Ба эътикоди тахлилгарон, яке аз хадафхои аслии тасвиби тархи нави конун, тахти назорати давлат карор додани фаъолиятхои мазхабй дар Точикистон ва аз ин тарик пешгирй аз густариши фирка ва равияхои мухталиф дар кишвар аст. Бар асоси оморхои расмй, то имруз беш аз се хазор аз шахрвандони Точикистон ба динхои дигар гаравидаанд. Гузашта аз ин фирка ва равияхое назири хизби тахрир, салафия, харакати исломии Узбакистон ва гайра, бо зухур ва густариш дар чомеи точик мушкилоти фаровоне барои мардум ва макомот ба бор овардаанд. Тахлилхо нишон медиханд, ки дар ибтидо макомот ва сохторхои давлати Душанбе ба андешаи ин ки густариши фиркахои мухталиф боиси заъиф шудани чойгохи хизби нахзати исломй - аслитарин ракиби давлат - хохад шуд, ин мавзуъро чиддй нагирифтанд, хатто дар ин росто мусоидатхое низ анчом доданд. Аммо гузашти замон нишон дод, ки чунин коре ояндаи суботу оромиш дар Точикистонро ба хатари чиддй ру ба ру хохад кард. Аз ин ру бархурд ва руйкардхо ба ин масъала тагйир карданд. Мамнуъияти фаъолияти фиркаи салафия, ки соли гузашта анчом шуд, аз хамин зовия кобили арзёбй аст. Чумъабой Сангинов, намояндаи порлумон дар ин маврид гуфт, акнун ин конун ба миссионерхои мазхабй ичоза намедихад, ки мардумро ба динхо ва мазхабхои мавриди назари худ фаро хонанд.
Аз суи дигар, раёсати чумхурии Точикистон ба вазорати маорифи ин кишвар дастур дод, ки барномаи омузиши фикхи ханафро дар мактабхо тахия кунад ва ичрои онро тахти назар гирад. Ба асоси ин дастур дар айни хол як кумиссиюни вижа машгули тахияи ин барнома аст ва интизор меравад то огози соли тахсили чадид кори худро такмил кунад. Гуфтан ба маврид аст, ки таълимоти динй дар мактабхои Точикистон умдатан тавассути омузгорони риштаи таърих сурат мегирад, акнун бар асоси дастуроти чадид факат хатмкардагони Донишгохи исломй ичозаи чунин кореро хоханд дошт.
Бояд гуфт, дар тахия ва табъу нашри китобхои динй уламои варзида даъват нашудаанд ва бими он меравад, ки ин бор низ ин барнома ва китобхо бо иштибоху нуксохо ба табъ расанд. Дар чунин тадбири мухим дар хошия карор додани уламои дин ва шахсиятхои мазхабии матрах, хамчунин хизби нахзати исломй, икдоме тавсиф мешавад, ки давлати Душанбе огохона аз он кор гирифтааст.Яъне масъулони точик мехоханд нишон диханд, ки худ аз ухдаи хамаи умур бармеоянд ва ниёзе ба соирин надоранд. Ба иборати дигар, ин икдом дар ростои танг кардани доираи фаъолиятхои хизби нахзати исломй ва дигар шахсиятхои мазхабии ба истилох “дигарандеш” сурат гирифтааст. Пешниходи Мухиддин Кабирй, раиси хизби нахзати исломй ва намояндаи порлумон дар мавриди ин ки тархи тахия намудаи ин хизб низ ба унвони алтернатив ироа шавад, рох ба чое набурд.
Дар мачмуъ, тасвиби тархи чадиди конуни озодии вичдон ва созмонхои динй, боёнгар аз он аст, ки давлати Душанбе бар он шудааст фаъолиятхои динии мардумро тахти контрол гирифта, ин фаъолиятхоро дар чорчуби майлу иродаи хеш идора кунад.
Тасвиби тархи чадиди конуни озодии вичдон ва созмонхои динй дар холе сурат гирифтааст, ки бар асоси конуни асосии Точикистон ин кишвар аз нигохи сохторй давлати дунявии демократй буда, дин аз давлат чудо аст. Аз ин ру, ин икдом аз як су боз кардани рох барои фаъолиятхои динии озод дар Точикистон аст ва аз суи дигар тибки майлу иродаи давлат шакл додани ин фаъолиятхо ва бастани рох ба хама тахаррукоти диниест, ки ба таъбири давлат “бархамзанандаи суботу оромиш” дар чомеа мебошанд. Чунин руйкарде хам истифодахои хоричй ва хам дохилй ба хамрох дорад. Давлати Душанбе, ки ахиран хамкорихо бо чахони исломро густариш додааст, бо эъломи мазхаби ханафй ба унвони мазхаби расмй, талоше дар итминони хотир бахшидан ба он даста аз шарикони худ кардааст, ки хамеша аз нохияи густариши равия ва фиркахои тундрав дар Точикистон нигарон буданд. Хамзамон бо ин, ин давлатхоро ба он дилгарм кардааст, ки сарфи назар аз сохтори сиёсии худ (дунявй будан), хеч мамнуъияте ба эътикодоти динии мардум коил нест. Аз тарафе, ба шарикони гайриисломии худ низ паём медихад, ки фаъолиятхои динии чомеаро тахти контрол гирифтааст ва хеч шансе барои ракибони исломии худ дар расидан ба кудрат, бокй нагузоштааст. Бо ин вучуд наметавон гуфт, ки дар чунин шароите маколи “хам лаъл ба даст ояду хам ёр наранчад” ба икдоми ахири давлати Душанбе низ таалук гирад, зеро кишвархои исломие низ хастанд, ки аз бархе аз гурух ва равияхои мазхабй дар Точикистон химоят мекунанд.
Чудо аз абъоди мухталиф, эъломи соли 2009 ба унвони соли Имоми Аъзам ва расмият додан ба мазхаби ханафй талошхоеанд, ки давлатмардони точик дар ростои пур кардани халои идеологй низ анчом додаанд. Ба самар нишастани ин талошхо дар сурате корсоз хоханд буд, ки андешахои чониби дигар низ лихоз шаванд. Бо таваччух ба ин хануз фурсат хаст то дастандаркорони вазорати маориф шахсиятхои мазхабии бештарро дар тахияи барнома ва китобхои динй барои мактабхо ба кор гиранд ва рохро барои хама гуна суитафохум ва норизоятихо аз холо масдуд намоянд.