Решаxои ихтилоф
Нигохе ба тарзи бархурд ва руйкарди Узбакистон дар баробари Точикистон, ин акидаро таквият мекунад, ки давлати Тошканд ба хамсояи худ ба унвони як ракиб (агар на душман) дар тамоми заминахо рафтор мекунад.
Бисёре аз коршиносон решахои ин хама сардй дар робитахои ду хамсояро бархоста аз робитахои шахсии ду раиси чумхур медонанд. Гурухи дигар аз таxлилгарон сабаби вазъи xоким дар муносибатxои Тошканд - Душанберо, ки дар нисбати дигар кишварxои минтақа низ ба мушоxида мерасад, xосили қудратталабиxои сарони узбак дар ростои ба даст гирифтани нақши раxбарй дар Осиёи Марказй медонанд.
Воқият он аст, ки дар робитаxои ду кишвари xамсоя "як бому ду xаво" ба мушоxида мерасад: муносибати мақомот руз ба руз ба самти сард шудан пеш меравад, аммо мардуми оддй, пойбанд ба одобу суннатxо, алоқаxои xамсоягиро идома медиxанд.
Коршиканиxои Тошканд
Узбакистон дар нахустин икдоми зиддиточикистонии худ, бо "мутақоид" кардани масъулони ширкати "Русал", ононро аз раванди сохтани неругоxи "Роғун" хорич кард. Сипас тамоми талоши худро ба харч дод ва тавонист Чинро аз ичрои қарордоди имзошуда бо Точикистон, дар мавриди сoхтани неругоxxо дар дарёи Зарафшон, боздорад.
Бар асоси бароварди мутахассисон, ин ду иқдоми Тошканд зарбаи "нокдаункунандае" буд ба пайкари иқтисоди дар xоли эxёи Точикистон ва истиқлоли энергетикии ин кишварро барои чанд соли дигар ба қафо андохт. Зарару зиёнxои молии ин амалро бояд ба таври чудогона xисобу китоб кард.
Акнун ба назар мерасад Узбакистон дар пайи ворид кардани зарбаи "нокаутовар" ба Точикистон аст. Карори маълум, Узбакистон тасмим гирифтааст аз тариқи созмонxо ва ниходхои байналмилалй Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишор қарор диxад, то аз сохтани неругоxxои азим дар дарёxои ба истилоx "фаромарзй" сарфи назар кунанд.Давлати Тошканд дар ростои расидан ба ин xадаф бо анчоми муомилаxое, Русия, Амрико ва давлатxои таъсиргузори аврупойиро дар чабxаи худ қарор додааст, то Точикистон ва Кирғизистонро таxти фишорxои бештаре қарор диxанд. Аз номаи ахири Роберт Зеллик, раиси Бонки чаxонй ба Ислом Каримов бармеояд, ки дар айни xол дар арсаи дипломатй таxаввулот ба нафъи Узбакистон пеш меравад.
Узбакистон ва Точикистон: xамсоя ё ...
Сардй дар робитаxои ду кишвари xамсоя аз ибтидои асри 21 оғоз шуд. Аввалин иқдоми кишвари xамсоя он буд хати сарxад бо Точикистонро, ки дар бисёре аз минтақаxо xануз мушаххас нашуда буд, минагузорй кард ва дар ин бора на фақат назари давлати Душанберо чуё нашуд, балки конвенсиюн ва меъёрхои байналмилалиро зери по гузошт. Хосили ин амал кушта ва захмй шудани даxxо шаxрванди Точикистон (хатто шаxрвандони Узбакистон!) аст, ки xеч робитае ба гуруxxои терористй надоштаанд.
Иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон бештар чанбаи дипломатй ва иқтисодй доштаанд. Дар заминаи дипломатй ин руйкардxо дар ширкат накардан ва ё xузури камранги мақомоти узбак дар нишастxои байналмилалй ва минтақайи ба мизбонии Душанбе хулоса мешуд. Аммо дар чанбаи иқтисодй xар аз гоxе қатъ кардани интиқоли газ ё барқ ба Точикистон аз чумлаи амалкардxои кишвари xамсоя будаанд. Дар ин радиф бояд аз таваққуфxои тулонимуддати борxое, ки ба воситаи қаламрави Узбакистон ба Точикистон транзит мешуданд, низ ёд кард. Бозчуйиxои бамавқа ва бемавқ аз шаxрвандони Точикистон тавассути сарxадбонон, гумрукчиён ва милисаи узбак, аз дигар "коpномаи" кишвари бародар мебошад, ки бар раванди фосила гирифтани ду xамсоя аз якдигар, афзудааст.
Терористон аз Точикистон ба Узбакистон xамла мекунанд
Рузи 8 апрел воxидxои вижаи Хадамоти амниятии Узбакистон (СНБ) ва вазорати дохилаи ин кишвар дар минтақаи Бекобод, дар наздикии марзи Точикистон машқxои низомй баргузор карданд. Бар асоси сенарияе, ки хадамоти амниятии ин кишвар таxия кард, як гуруxи терористон аз қаламрави кишвари бародар (Точикистон) барои гаравгонгирй вориди хоки Узбакистон шуданд... Алабатта натичаи ин тамрин он буд, ки неруxои шучоъи давлати Узбакистон ин терористонро нобуд карданд. Аммо нуктаи чолиб макони баргузории ин машкxо ва маxалли вуруди терористон аст: корхонаи оxани Бекобод xадафе буд,ки "терористон" барои дастёбй ба он аз қаламрави Точикистон ворид шуда буданд. Ба эътиқоди аксари таxлилгарон ин мавзуъ тасодуфй нест, зеро корхонаи мазкур, ки гуфта мешавад баъзе аз таъсисоташ дар қаламрави Точикистон мебошанд, асбоби нигаронй ва ташвиши Тошканд аст. Хамин таxлилгарон вуруди "терористон" ба ин маxаллро як аломати рамзй ва маънидор аз тарафи мақомоти амниятии узбак, таъбир мекунанд.
Аз ин чо баъзе хулосаxо зуxур мекунад, ки оё иқдомxои баъдии Узбакистон дар нисбати Точикистон ва Кирғизистон аз доираи диломатия хорич хохад шуд?
Рушанй дар охири тунел
Дар нишасти ахири Остона, ки бо xузури раисони чумxури Осиёи Марказй ва ба манзури баррасии масъалаxои марбут ба кули Арал баргузор гардид, Ислом Каримов бар хилофи рузномаи нишаст ва таъкидxои Нурсултон Назарбоев, мизбони ин нишаст, масъалаxои гидроэнергетикиро матраx кард, ки боиси эътирози шадиди раиси чумxури Точикистон гардид.
Ин фоли неке нест. Аммо дар зимистони имсол, дар шароите, ки мардуми Точикистон аз сармо ранч мебурданд, масъулони вилояти Суғд дар ростои манфиатxои мардуми xамсоя истеxсоли неруи барқро коxиш доданд, то оби бештаре дар обанбори Қайроққум захира шавад ва кишоварзони узбак дар тобистон ба камбуди об ру ба ру нашаванд. Аз суи дигар давлати Тошканд руз хои 29-30 апрел мизбони нишасти комиссиюни муштараки ду кишвар буд, ки дар он тавофукхои мухиме дар ростои халли мушкилоти ду кишвар хосил шуд.
Пас роxи xал вучуд дорад! Хеч зарурати кашондани пойи бегонагон ба минтақа барои "қозигй" ва "доварй" нест. Ду xамсоя метавонанд ба роxатй ва осонй мушкилоти xамдигарро баррасй ва xаллу фасл кунанд.
Аммо ин нуктаро низ бояд таъкид кард, ки ёрй гирифтан аз кишварxои хоричй ва ниxодxои минтақайи, xар давлатеро вобастаи дигарон хоxад кард ва ин вобастагй дар канори такрори сарнавишти Саакшвилй, заминаи гирифториxои мардуми xамон кишвар ба бегонагонро бештар фароxам хоxад кард.
|