Хафтаи гузашта расонахои мухталиф дар бораи хушдори гурухи Толибон ба Точикистон ва Эрон хабару гузоришхои зиёде ба табъ расонаданд. Бино ба ин навштахо як тан аз масъулони чунбиши Толибон бо номи Муътасим тахдид кард, ки агар Эрон ва Точикистон дар икдомоти зиддитолибон, хамкорй бо Амрикоро идома диханд, товони сангине пардохт хоханд кард. Ин макоми Толибон дар бораи икдомоти эхтимолй алайхи ду кишвари форсизабон ишорае накард, аммо таъкид намуд, аввалин чизе ки Точикистон аз даст хохад дод, суботу оромиш аст.
Дар бораи ин хушдори гурухи Толибон куниш ва вокунишхо дар сатххои мухталиф тавассути макомот ва шахсиятхои мухталиф, гуногун буданд. Нуктаи умумй дар ин ибрози назархо он буд, ки хушдори гурухи Толибон бештар чанбаи таблиготй дорад ва ин гурух дар хадде нест, ки ба кишвари дигаре нуфуз кунад. Бо ин хол хушдори гурухи Толибон аз зовияхои дигаре кобили арзёбй ва баррасй аст. Аввал: Оё ин хушдори Толибон аст ё хочагони онхо? Карори маълум гурухи Толибон парвардаи дасти хадамоти вижаи кишвархои гарбй аст, ки дар миёнахои солхои 90 асри гузашта ба манзури эчоди шикоф дар чабхаи нерухои чиходии Афгонистон, зухур намуд. Албатта яке дигар аз хадафхои ташкили ин гурух аз байн бурдани толибилмоне буд, ки аз исломи ноби мухаммадй харф мезаданд. Метавон гуфт , ин хадаф ба мизони зиёде ичро шуд ва толибони вокейи аз сахна бардошта шуданд (дар набардхо кушта шуданд) ва тудахои ифротй бо диди асримиёнагии иртичойи ба ислом, вориди ин чунбиш шуданд,хамон чизе ки ташкилкунандагони пасипардагии гурухи Толибон мехостанд. Акнун Толибон аз як исломи зидди хамагуна пешрафт сухан мегуяд.
Бар асоси навиштаи бисёре аз сойтхои интернетй, чунбиши Толибон фишанг ва василе дар дасти кудратхои гарбй аст, ки бар асоси сенарияи онхо барномахои худро пеш мебарад. Аз ин ру хушдори ахирро метавон хушдори гардонадагони пуштипардагии гурухи Толибон (хочагонашон А.Х.) арзёбй кард, амре ки дар чорчуби ракобати кудратхо шакл мегирад.Яъне, кудратхои гарбии хомии гурухи Толибон, дар ростои мукобила бо ракибони худ дар минтака, ин гурухро вориди амал мекунанд ва кишвархои мавриди назарро тахти фишор карор медиханд.
Дуввум: Чаро гурхи Толибон ду кишвари форсизабонро хушдор додааст? Хамон гуна ки маълум аст, Чумхурии Исломии Эрон дар остонаи интихоботи раёсати чумхурй карор дорад ва "доги" хамкорй бо Амрико ниходан ба раиси чумхури кунунй бо хадафи зери савол бурдани сиёсатхои давлати Эрон ва дилсард кардани мардум аз хузур дар интихобот сурат мегирад. Ин хамон хадафест, ки давлатхои гарбй дар чорчуби сиёсатхои зиддиэронии худ онро дунбол мекунанд. Дар ин миён Точикистонро низ мавриди хушдор карор додан, як навъ талошест, ки ба манзури пинхон кардани хадафи аслй сурат гирифтааст. Албатта набояд нодида гирифт, ки кишвархои гарбй барои тавсаъаи нуфузи низомии худ дар Афгонистон ба густариши доманаи ноамнихо ниёз доранд ва Точикистон дар сархати чунин барномахое карор дорад. Давлатхои гарбй бо судури ноамнихо ба кишвархои хамсояи Афгонистон дар Осиёи Марказй, тахкими хузури низомии худро асоснок мекунанд ва имкон пайдо хоханд кард фаъолиятхои ракибони аслии худ дар минтака, яъне Русия, Чин ва Эронро аз наздик тахти назорат дошта бошанд.
Албатта, дигар далели ба Точикистон хушдор додани Толибон (дар асл хочагонашон А.Х.) марзи тулонии ин кишвар бо Афгонистон аст, ки мухофизат аз баъзе минтакахои кухистонии он, кори осоне нест. Дар ин миён ишорахои коршиносони гарбй ба ноамн шудани водии Фаргона дар Осиёи Марказй низ ба хамин мавзуъ бармегардад. Хабархо дар бораи пайдо шудани афроди мусаллах дар минтакахои шаркии Точикистон, аз хамин нигох кобили арзёбй аст.
Дар мачмуъ, хушдори ахири Толибон дар радифи суханронихои видеойии Усома ибни Лодан ва ё Муллоумар ва дигар макомоти гуруххои дар хидмати давлатхои гарбй, аз чумлаи силсила икдомотест, ки ташкилкунандагон ва гардонандагони ин созмонхои байналмилай дар чорчуби сиёсатхои рохбурдии худ дар мархалахои зарурй аз онхо истифода мекунанд. Намунаи рушане аз чунин икдомот хамла ба манорахои сохтмони тичорати чахонй дар Ню Йорк дар 11 сентябри соли 2001 буд, ки барои бовар кардан ба тархи Алкоида будани он, бояд хеле соддалавх буд.
Бо ин хол, хушдори Толибон дар шароите, ки артиши Покистон хамла ба мавзеъхои ин гурухро шиддат бахшидааст, мантикй ба назар мерасад ва баёнгар аз тархи содир кардани ноамнихо ба минтакахои хамчавор аст. Ин кор дар ростои бештар мутамойил кардани кишвархои Осиёи Марказй ба хамкорихо бо давлатхои гарбй сурат гирифааст.
Аз суйе, Покистон дар холе хамлахои худ бар зидди Толибонро шиддат бахшидааст, ки чанде кабл бо намояндагони ин гурух ба тавофукхое даст ёфта буд. Дар пасманзари ин тахаввулот дигар хадафи кишвархои гарбй мушохида мешавад, ки он халъи силохи атомии Исломобод аст.
|