Вазорати дифои Точикистон дар гузорише, ки ёдовари гузоришҳои замони Шуравии собиқ аст, эълом кард, ки даъвати баҳории чавонон ба артиши ин кишвар қабл аз муҳлати пешбинй шуда ба поён расид. Ҳарчанд қонунҳои чумҳурии Точикистон ичозаи нашри омори даъватшавандагон ба артиш ва теъдоди сарбозони қисмҳои низомиро намедиҳанд, аммо гуфта мешавад дар ин кишвар ҳудуди 600 ҳазор даъват шаванда ба артиш мебошад, ки аз ин теъдод 150 ҳазор нафар аз хидмат дар артиш озоданд ва 100 ҳазор нафар хорич аз киш, дар муҳочирати корй ба сар мебаранд.
Қобили зикр аст, ки чазби неруҳои тозанафас ба артиши Точикистон ҳар сол ду бор сурат мегирад - баҳор ва тирамоҳ.Ин чорабинй имсол аввали апрел оғоз шуд ва 31 май ба поён расид.
Чумҳурии Точикистон ҳамзамон бо раванди бунёди кишвари соҳибистиқлол, ташкил ва таҳкими артиши миллиро низ пайгирй кард. Ин мавзуъ дар шароите, ки ин кишвар дар солҳои 90 - уми асри гузашта вориди чанги дохилй шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Дар он замон неруҳои бархурдор аз қобилияти размй ба ду чабҳа тақсим шуданд: тарафдорони давлат - фронти халқй ва неруҳои мухолифон. Ҳамин масъала боис шуд, ки Точикистон дар муқоиса бо дигар чумҳуриҳои Шуравии собиқ дар Осиёи Марказй, ки артишашон дар заминаи округи низомии Туркистон таъсис шуд, артише фақат аз ҳисоби неруҳои фронти халқй ташкил диҳад. 23 феврали соли 1993 ба унвони рузи таъсиси ин артиш дар тақвими Точикистон сабт шудааст.
Артиши миллии Точикистон дар ибтидои шаклгирии худ ба мушкилоти фаровоне ру ба ру шуд, ки аслитарини он камбуди кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти низомй буд. Точикистон ягона кишваре дар қаламрави Шуравй буд, ки ҳеч меросе аз артиши он абарқудрат насибаш нашуд. Аз ин ру метавон гуфт, таъсиси артиши миллй дар Точикистон аз "сифр" шуруъ шуд ва бо кумаки кишварҳои мухталиф имруз артиши Точикистон то ҳадди зиёде ниёзҳои ин кишварро дар ҳимояти аз марзҳо ва таъмини суботу амният бароварда мекунад. Бо ин вучуд дар сафҳои ин артиш ҳануз назму тартиби зарурй ҳоким нест ва озору азияти сарбозон тавассути афсарон ва сарбозони собиқадор ҳамчунон идома дорад. Даст ба худкушй задани бархе аз сарбозон тасдиқе бар ин гуфтаҳост, ки дар ҳолатҳое сарбозон ба таҳқиру ҳақоратҳои доимй тоб наоварда ба ҳар роҳи мумкин ба зиндагии худ поён медиҳанд. Албатта, ахиран чунин ҳодисаҳое хеле кам иттифоқ меафтад, аммо лату куби сарбозон ва фирори сарбозон аз қисмҳои ҳарбй ҳамчунон идома дорад. Натичаи чунин вазъ аст, ки на ҳамаи падару модарон ҳозиранд фарзанди худро ба хидмати сарбозй фиристанд. Бар асоси назарсанчие, ки "АзияПлюс" анчом додааст, ба саволи "Шумо ҳозиред фарзандатонро ба хидмати артиши Точикистон фиристед?", 56,5 дарсад посухи "на" додаанд. 40% аз волидон ризоят додаанд, ки фарзандашон ба хидмати сарбозй чазб шавад, ба шарти он ки дар артиш назму тартиб барқарор бошад. Фақат 4,5 дарсад аз пурсидашудагон артишро "мактаби мардонагй" тавсиф кардаанд.
Натичаҳои ин назарсанчй ойинае аз вазъи кунунии артиши Точикистон аст ва аз ин чост, ки ҳамасола ҳангоми даъвати чавонон ба артиш мушкилоти зиёде ба миён меояд, ки бетамойилии чавонон ба хидмати сарбозйва ҳозир нашудани онҳо ба комиссариатҳои низомй аз асоситарини ин мушкилот аст. Чунин вазъ масъулони давлати Душанберо ночор ба анчоми иқдомоти ғайриқонунй кардааст.Ройичтарини чунин иқдомҳо, ичрои амалиёти ба истилоҳ "облава" дар шаҳру ноҳияҳо мебошад. Дар пайи чунин амалиёте чавонон аз кучаю бозор боздошт ва ба таври мачбурй ба сафи артиш фиристода мешаванд. Дар ҳолатҳое дигар ҳангоми муоинаи тиббй, барои ичрои "план" афроди бемор ба хидмати сарбозй фаро гирифта мешаванд. Ҳатто вучуди беморони сил дар артиши Точикистон гузориш шудааст. Бояд гуфт, ки артиши милли Точикистон техникаи низомй - хавопаймо, чархбол, танк, зирехпуш, туп... дар ҳадди лозим дар ихтиёр надорад. Албатта барои ислоҳи вазъи кунунй талошҳое анчом шудаанд ва барномаҳое низ дар марҳалаи ичро қарор доранд.
Бо таваччуҳ ба ин ки Точикистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар маърази осебҳои зиёди амниятй қарор дорад, бояд артише бархурдор аз тавонмандиҳои лозим дар ихтиёр дошта бошад. Вучуди манбаъи ноамниҳои минтақайи дар Афғонистон, ки марзи 1400 километрй бо Точикистон дорад, аҳамияти ин мавзуъро бештар кардааст.Аз ин ру давлати Душанбе дар ростои тақвияти артиши худ ру ба ҳамкориҳои низомй бо кишварҳои мухталиф, аз чумла .Амрико, Чин, Русия ва Ҳиндустон овардааст. Дар натичаи ин ҳамкориҳо артиши Точикистон то ҳадде бо кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти зарурй таъмин шудааст. Аммо маоши кам ва набудани имтиёзҳо барои афсарон шумори хоҳишмандон барои хидмат дар артиши Точикистонро коҳиш додааст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз муҳимтаринкишварҳои кумакккунанда ба артишҳои кишварҳои Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон аст. Албатта Вошингтон дар ин росто ҳадафҳои худ дар Осиёи Марказиро дунбол мекунад ва метавон гуфт то имруз ба бархе аз ин ҳадафҳо даст ёфтааст. Хуручи марзбонони рус аз марзи миёни Точикистон ва Афғонистон дар ҳамин росто қобили арзёбй аст.
Коршиносони ғарбй дар арзёбиҳои худ аз вазъи артишҳои кишварҳои Осиёи Марказй, аз нигоҳи тавони размй артиши Точикистонро дар мақоми аввал қарор медиҳанд. Ҳамин коршиносон ин эҳтимолро пешбинй мекунанд, ки дар сурати вуқуи ноамнй имкон дорад бархе аз воҳидҳои ин артиш алайҳи давлати Душанбе сангар бигиранд. Ин идда аз коршиносони ғарбй ба тарзи ташкили артиш миллии Точикистон ишора мекунанд ва норизоятии баъзе аз фармондеҳони даргириҳои собиқро сабаби чунин ҳодисаҳое медонанд.
Авзои кунунй ва деринаи Осиёи Марказй, ки дар дарозои таърих пайваста саҳнаи "турктозиҳо" будааст, эчоб мекунад, ки Точикистон як артиши тавоно, бо назм ва муттаҳид дар ихтиёр дошта бошад, то битавонад дар ҳар шароите амният ва тамомияти арзии ин кишварро ҳифз кунад.
|