Дар миёнаҳои моҳи июн(15-16 июн) дар шахри Екатеринбурги Русия нишасти навбатии сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой баргузор мегардад ва интизор меравад, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз чумла муқобила бо буҳрони молии чаҳонй ва мубориза бо терроризм мавриди баҳсу баррасй қарор гиранд..
Созмони ҳамкории Шангҳой (СҲШ), ки бо ибтикори Чин ва Русия таъсис шуд, зоҳиран дар муқоиса бо дигар ниҳодҳои минтақайи аз коройии нисбатан болое бархурдор аст. Аммо нигоҳи амиқ ба амалкарди ин созмон, нуқоти заъфи онро бештар бармало мекунад. Адами барномаи мушаххаси фаъолиятҳо аз чумлаи нотавониҳои СҲШ дар расидан ба аҳдофи хеш будааст, ки то ин дам бештар ба нафъи Чин тамом шудааст. Ҳарчанд ин созмон ба манзури тақвияти ҳамгаройи дар минтақа ва ҳаллу фасли масоили мавчуд дар равобити кишварҳои ҳамчавор таъсис шуд, аммо муқобила бо густариши нуфузи Ғарб дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй аз аҳдофи нонавиштаи СҲШ будаааст.
Чин дар марҳалаи баъд аз фурупошии Шуравй ба чумҳуриҳои истиқлолёфтаи он абарқудрат дар Осиёи Марказй, ба унвони бозори чадид барои маҳсулоти худ ва манотиқи саршор аз манобеи табии менигарист. Албатта, манофеи Русия дар ин минтақа ҳамеша мадди назари Пекин будааст.
Дар чорчуби СҲШ ду қудрати Русия ва Чин бо ҳадафи муштарак - муқобила бо густариши чойгоҳи Ғарб - барномаҳои худ пеш бурдаанд.Бо таваччуҳ ба ин ки баҳонаи аслии вуруди Ғарб ба Осиёи Марказй мубориза бо терроризми байналмилалй ва ифротгаройи буд, Маскав дар оғози ташкили СҲШ бештар руи ҳамкориҳои амниятй ва низомй фаъолият кард, то битавонад аз тамоили кишварҳо барои ҳамкориҳо дар ин замина бо Ғарб коҳиш диҳад. Чин бо истифода аз ин фурсат на танҳо ба тадрич бозорҳои Осиёи Марказиро тасарруф кард ва набзи тичорат дар ин минтақаро дар ихтиёр гирифт, балки чойгоҳи худ дар бахшҳои иртиботот ва ҳамлу нақлро тақвият кард. Нигоҳе ба фаъолитятҳо ва амалкарди СҲШ баёнгар аз он аст,ки таъсиси ин созмон таъсире дар таҳкими чойгоҳи Маскав дар минтақа надоштааст, аммо Пекин тавонист бо истифода аз барномаҳои СҲШ худро дар минтақа муаррифй кунад ва ба як неруи таъсиргузор дар муодилот табдил шавад.
Ба иборати дигар СҲШ дар барномаҳо роҳбурдии Русия нақше надоштааст, аз чумла аъзои ин созмон ҳозир нашуданд дар касби истиқлоли Абхазия ва Осетияи Чануби аз мавқеи Русия ҳимоят кунанд.Ин амр баёнгар аз он аст, ки сарфи назар аз "коройи" таъбир шудани СҲШ, ин ниҳод низ дар гири масъалаҳои дохилии худ аст. Муҳимтарини ин масоил ҳузури ду абарқудрат - Русия ва Чин дар ҳайати он аст, ки дар канори аҳдофи муштарак, рақобатҳои танготанге бо ҳам доранд.
Дигар масъалаи пеши руйи СҲШ пазириши аъзои чадид аст. Дар ин маврид аъзо дидгоҳҳои ҳамсоне надоранд, гузашта аз ин дар ойинномаи СҲШ низ ба таври мушаххас дар мавриди пазириши узви чадид муқаррарот ва меъёрҳо ироа нашудаанд. Бо ин ҳол бар асоси бархе гузоришҳо интизор меравад дар нишасти Екатеринбург Белорус ва Шри-Ланка ба унвони "шарикони гуфтугу" пазируфта шаванд. Ин дар ҳолест,ки Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон,ки ба унвони номзад барои шомил шудан ба Шогҳой муаррифй шудаанд, ҳамчунон мунтазири тасмими аъзо дар мавриди сарнавишти худ ҳастанд.
Чин бо истифода аз мавқеияти мавчуд ва вазъи иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй, тавонистааст ба унвони кишвари муҳим дар ҳалли масоили иқтисодй, ки дар айни ҳол дар сармоягузориҳои калон барои тарҳҳои муҳим хулоса мешавад, табдил шавад. Аз ин ру ҳарчанд дар нишасти Екатеринбург эҳтимолан масоиле назири мубориза бо тероризм ва зуҳуроти ноамниҳо дар минтақа дар дастури кор хоҳанд буд, аммо аз тарафи Маскав талошҳое низ барои матарҳ намудани хеш ба унвони неруи таъсиргузор сурат хоҳад гирифт, зеро густариши рузафзуни нуфузи Чин дар Осиёи Марказй дар дарозмуддат манфиатҳои Русияро таҳти савол қарор хоҳад дод. Ин мавзуъ дар шароите, ки Пекин дар Осиёи Марказй сиёсатҳои норушанеро пеш мебарад, бештар чалби таваччуҳ мекунад. Бо ин ҳол, руёруйии манфиатҳои ду қудрат дар дохили СҲШ метавонад ба барномаҳои ин созмон таъсир гузошта, мушкилотеро дар сиёсатгузориҳои кишварҳои Осиёи Марказй эчод кунад.
Аз суе амалкарди СҲШ дар мукобила бо нуфузи Ғарб дар Осиёи Марказй чандон матлуб набудааст. Ҳарчанд ин созмон муваффақ ба баста шудани пойгохи низомии Амрико дар Узбакистон шуд ва дар бораи таътилии чунин пойгохе дар Қиргизистон тасмим гирифт,аммо муваффак нашуд ба таври комил ба ҳадафхои худ дар ин росто даст ёбад.Кишвархои ғарбй бо ваъдахои сармоягузорй дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказй ва кумакҳои молй ба ин кишварҳо тавонистанд дар ин минтақаи стротеги чойи пойи худро тавсаъа диҳанд. Ҳамин мавзуъ метавонад бар тамоилоти аъзои Шангхай, ба вижа Чин ва Русия дар чиҳати ҳамгароиҳои бештар биафзояд.
|