Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 06.10.2024, 03:25
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Июль » 15 » Толибон ба Осиёи Марказй хамла мекунанд ё ононро ба ин чо меоранд?
07:20
Толибон ба Осиёи Марказй хамла мекунанд ё ононро ба ин чо меоранд?
 
Вақтҳои охир расонаҳои минтақайи ва фаромитақайи дар
бораи ҳамлаи толибон ба Осиёи Марказй матолиби мухталифе ба табъ расондаанд. Аз ин навиштаҳо чунин бармеояд, ки дар ояндае на чандон дур маркази нооромиҳо ба ин минтақаи стротегй мунтақил хоҳад шуд.
 Расонаҳои ғарбй бо истифода аз ҳар фурсати пеш омада, талош мекунанд ин гуна илқо кунанд, ки ин минтақа ҳадафи баъдии терористони байналмилалй хоҳад буд. Чунин иддаоҳо ба вижа баъд аз ташдиди амалиёти неруҳои Покистон алайҳи толибон ва оғози амалиёти муштараки неруҳои амрикойи ва инглисй алайҳи мухолифони давлати Кобул  дар Афғонистон, доманаи бештаре касб кардаанд. Дабири кулли НАТО бо тасдиқи эҳтимоли гузаштани нируҳои толибон аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказй, ҳушдор дод, ки НАТО нахоҳад тавонист аз чунин иқдоме пешгирй кунад. Бо ин ҳол овозаҳо дар бораи ҳамлаи гуруҳҳои ифротй ба Осиёи Марказй аз чанд зовия қобили арзёбй аст. Аввал ин ки ташдиди ҳамалоти неруҳои покистонй ва амрикойи ба гуруҳҳои тундрав дар қаламрави Покистон ва бархе манотиқи Афғонистон, ҳамчунин даргириҳои ахир дар Точикистон, Қирғизистон ва Узбакистон то ҳадде дурустии чунин иддаоро тасдиқ кардааст. Дуввум, ба назар чунин мерасад, ки бархе аз сарон ва масъулони Осиёи Марказй бо истифода аз шароити ҳоким дар минтақа, бо бузургнамойии таҳдиди ифротиён ба суботу амнияти Осиёи Марказй, дар пайи касби имтиёзҳои бештар аз кишварҳои хоричй ва ниҳодҳои байналмилалй ҳастанд.
Ҳамчунин ҳокимони Осиёи Марказй саъй доранд аз ин тариқ фурсати лозим барои саркуби мухолифони худ ба даст биёранд.Саввум, хадамоти вижаи қудратҳои ғарбй, ки нуфузи қобили мулоҳизае дар доираҳои ба истилоҳ чиҳодй доранд, бо вориди амал намудани омилони худ дар минтақа, дар пайи онанд, ки ҳокимони худкомаи Осиёи Марказиро аз хатари вуқуи даргириҳо тарсонанд ва онҳоро водор ба ичрои хостаҳои худ (истиқрори неруҳои низомй, ташкили пойгоҳҳо, истифодаи тронзитй аз қаламравашон ...) намоянд. Чаҳорум, ҳеч чои шаку шубҳа нест, ки ин ҳама овозапароканй бахше аз рақобати қудратҳо барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз дар Осиёи Марказй мебошад. Агар Чин ва Русия, ки сармоягузорихои калоне дар иктисоди кишвархои Осиёи Марказй анчом додаанд ва чашми тамаь ба  манбаъхои саршори ин минтака духтаанд, хоҳони суботу оромиши  Осиёи Марказй ҳастанд, аммо Ғарб ба саркардагии Амрико дар пайи он аст, бо печида намудани авзоь, афроди мавриди назари худро дар ҳукуматҳои минтақа руи  кор орад ва ё сиёсатҳои мавриди назари худро ба ин ҳукуматҳо таҳмил кунад. Панчум, дар ин миён таъкид ва ишораҳои пай дар пай ба ноамншавии водии  Фарғона, идомаи ҳамон сиёсати "тафриқа афкану ҳукумат кун" аст. Ҳар гуна даргирй дар Фарғона, ки дар миёни се чумҳурии Точикистон, Қ
ирғизистон ва Узбакистон тақсим шудааст, ба маънии ноором шудани ин се чумҳурй ва дар кул Осиёи Марказй хоҳад буд. Аз ин ру барномаҳое руйи даст гирифта шудаанд, ки мучриёни фароминтақайии он, талош доранд аз ин тариқ барои худ чойи пои бештаре пайдо кунанд.
 Аммо дар ин миён як нуктаи дигар чалби таваччу
ҳ мекунад ва он ин ки бо ин ҳама тачҳизот ва техникае, ки неруҳои эътилофи зиддитерор дар ихтиёр доранд, оё имкони гузаштан аз марзҳо барои толибон ва дигар гуруҳҳои ифротй вучуд дорад? Дар посух ба ин пурсиш ин ақида тақвият мешавад, ки бе мусоидати хадамоти махсуси хамин кишварҳои ба истилоҳ "мубориз алайҳи тероризм" ҳеч толибе наметавонад аз марзҳои Осиёи Марказй гузар кунад. Ба иборати дигар толибонро ба ин минтақа меоранд, то аз онҳо дар ростои ҳадафҳ
ои худ кор гиранд.
 Бо чунин руйкарде, интизор меравад сарфи назар аз иродаи мардуми минтақа, Осиёи Марказй дар солҳои оянда дастхуши таҳаввулоте ғайриқобили пешбинй хоҳад шуд.
Зеро сарони кишварҳои Осиёи Марказй аз истиқлоли амали воқейи бархурдор нестанд ва вобастагиҳои амиқе аз қудратҳои ғарбй доранд.
 Бо ин хол тарзи бархурд бо авзои ҳосил аз рақобати қудратҳо ва буҳрони молй тавассути ҳокимони минтақа, метавонад бар паёмадҳои ин таҳаввулот таьсиргузор бошад.
Просмотров: 798 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Июль 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz