Сафари рузи сешанбеи 24 феврали Эмомалй Рахмон, раиси чумхури Точикистон ба Маскав, аз нигохи банду басти дипломатй яке аз душвортарин сафархо дар таърихи раёсати чумхури окои Рахмон буд. Зеро раиси чумхури Точикистон ин бор дар шароите ба дидори хамтои руси худ мерафт, ки дар таърихи 17 солаи равобит бо Русия барои аввалин бор норизоятии худ аз сиёсатхои Маскавро баён намуда буд.
Карори маълум дар пайи мавзеъгирии ахири Медведев дар Тошканд, ки ба эътикоди Душанбе химояти ошкори Маскав аз манофеи Узбакистон ва нодида гирифтани манфиатхои Точикистон буд, вазорати хоричаи Точикстон маротиби эътирози худро ба сафорати Русия дар Душанбе баён намуд. Ба илова Эмомалй Рахмон ба мулокоти Медведев (2 феврал дар Маскав) хозир нашуд. Дар он рузхо бисёре аз доирахои расонайи ва коршиносй аз эхтимоли уручи Точикистон аз ниходхои минтакайи сухан ба миён оварданд ва
...
Идомаи матлаб>