Главная | Регистрация | Вход | RSS Понедельник, 30.12.2024, 18:57
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Апрель » 20 » Афгонистон ва Осиёи Марказй
18:59
Афгонистон ва Осиёи Марказй

Ахиран раиси маркази таҳқиқоти роҳбурдии Афғонистон аз пешниҳоди махфиёнаи Амрико ба Толибон парда бардошт, ки бар асоси он агар ин гуруҳ бо таъсиси пойгоҳҳои низомии доимии Амрико мувофиқат кунад, чануби Афғонистон ба Толибон вогузор хоҳад шуд.Ғуломи Челонй таъкид кард, ки пойгоҳҳои низомии доимии Амрико дар Афғонистон боиси идомаи чангу ихтилоф дар ин кишвар ва минтақа хоҳад шуд. Ин пажуҳишгари афғон фош кард, ки сардамдорони низомй ва сиёсии Амрико чанде қабл бо Толибон музокирот доштанд ва бо сарони ин гуруҳ дар мавриди эчоди пойгоҳҳои низомии доимй, вориди муомила шуданд.Аз ин ифшогарй бармеояд, ки Амрико барои таъсиси пойгоҳҳои низомии доимй дар қаламрави Афғонистон, ҳозир аст ҳар гуна баҳоеро пардохт кунад.Ба эътиқоди Ғуломи Челонй бо таъсиси пойгоҳҳои низомии доимй, Амрико талош дорад аз як су омори талафоти низомиёни худ дар ин кишварро коҳиш диҳад ва аз суи дигар аз харочоти беш аз ҳади Пентагон бикоҳад. Ин пажуҳишгар меафзояд ҳадафи дигари Амрико он аст, ки бо таъсиси пойгоҳ, чанги Афғонистонро ба чанги афғонҳо бар зиди афғонҳо табдил диҳад ва бо идора кардани раванди даргириҳо, ҳузури худро дар кишварҳои ҳамчавор низ густариш диҳад.

 Ибрози назарҳои раиси маркази таҳқиқоти роҳбурдии Афғонистон тасдиқе дигар бар ин дидгоҳҳо аст, ки Амрико дар паси пардаи мубориза бо Толибон, аҳдофи дигареро дар минтақа дунбол мекунад, ки танг кардани арса барои қудратҳое назири Русия, Чин, Ҳинд, ҳатто кишварҳои Аврупойи аз он чумла аст. Арзёбии мусбати мақомоти амрикойи аз густариши равобит бо кишварҳои Осиёи Марказй дар поёни соли гузаштаи мелодй ва моҳҳои аввали соли чорй аз забони фиристодаҳои сатҳҳои мухталифи Кохи сафед ба минтақа шунида шуд, баёнгар аз ин воқеият аст, ки Амрико дар ҳамкорй бо кишварои минтақа руйкарди мутафовутеро руи даст гирифтааст. Роберт Блейк, ёвари вазири хоричаи Амрико дар сафари моҳи марти худ ба Осиёи Марказй, ки дар нишастҳои дучонибаи Амрико бо ин кишварҳо ширкат кард, тазаккур дод, ки Вошингтан тайи ду-се соли охир тавонист бо ҳамаи ҳукуматҳои Осиёи Марказй равобити дустона ба роҳ монад.Вай афзуд, ҳамаи шарикони мо дар Осиёи Марказй ҳозиранд дар масоили марбут ба Афғонистон ҳамкориҳои густурда дошта бошанд. Бо ин ҳол ин мавзуъро набояд нодида гирифт, ки Амрико дар ҳамкорй бо кишварҳои Осиёи Маркзй, ҳадафҳои роҳбурдии худро дар авлавият қарор дода, аз бисёр масоиле, ки дар даҳаи 90 дар пушиши онҳо ба минтақа ворид шуда буд, чашмпушй кардааст.Аз ин чумла метавон ба амалкарди Вошингтан дар қиболи давлати Тошканд ишора кард, ки ҳамвора мавриди интиқоди ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар будааст.Дар ин робита Сюзан Эллиот, маовини ёвари вазири хоричаи Амрико дар мусоҳиба бо хабарнигори нашрияи "Коммерсант", чопи Маскав, ибрози назар карда буд.Хонуми Эллиот, ки моҳи гузашта ба Русия сафар карда буд, ба ин пурсиш:"Мо фарқе миёни ҳаводиси Бенғозй ва Андичон намебинем, чаро дар соли 2005 Вашингтон ҳукумати Узбакистонро мучозот накард, ҳатто солҳои охир равобит бо ин кишварро барқарор кард?Миёни Муаммар Қаззофй ва Ислом Каримов чй тафовуте вучуд дорад?", гуфт:"Ман намегуям, ки Амрико ҳаводиси Андичонро фаромуш кардааст, ҳануз бархе таҳримҳои мо алайҳи Узбакистон идома доранд ва мо ҳамеша дар музокирот  бо мақомоти узбак ба мавзуъҳои риояти ҳуқуқи башар ва демократй таъкид мекунем".Аммо ҳамон гуна ки шоҳид ҳастем, воқеият чизи дигар аст ва Амрико дар ростои ичрои аҳдофи худ дар Афғонистон ва минтақа, сиёсати мутафовутеро дар нисбати кишварҳои Осиёи Марказй, дунбол мекунад.

 Бо гузашти 10 сол аз замони лашкаркашии Амрико ба Афғонистон, ҳануз Ғарб дар барқарории суботу амният дар ин кишвар, ноком боқй мондааст ва тайи ин муддат доманаи ноамниҳо ҳатто борҳо ба кишварҳои ҳамчавор сироят кардааст.Ба илова, тайи солҳои охир мавчи эътирозоти мардумй аз амалкарди низомиёни ғарбй дар куштори мардуми ғайринизомй дар Афғонистон, ба таври бесобиқае доман задааст. Ҳатто Ҳомид Карзай, раиси чумҳури Афғонистон борҳо куштори мардуми бегуноҳ тавассути низомиёни ғарбиро шадидан маҳкум кардааст.Кишварҳои ғарбии муттаҳиди Амрико, таҳти фишори афкори умумй, мачбур ба эъломи замони хуручи низомиёнашон аз Афғонистон карданд.Амрико низ ба таври расмй эълом кард, аз моҳи июли соли 2011 хуручи низомиёни худ аз Афғонистонро оғоз хоҳад кард.Аз ин ру таҳаррукоти Вошингтон дар чиҳати ичрои барномаҳои марбут ба хуруч аз Афғонистон ташдид шудааст.Дар ҳамин росто ичрои тарҳҳои тронзит дар масири шимол дар маркази фаъолиятҳои мақомоти Кохи сафед қарор гирифтааст.Такмили роҳҳои оҳан, чодаҳо ва фурудгоҳҳо, ки интиқоли коло ва тачҳизоти мавриди ниёзи НАТО дар Афғонистонро таъмин хоҳанд кард, бо суръати ҳарчй бештар идома дорад.Дар чорчуби ин барномаҳо Туркманистон дар чойгоҳи вижае қарор дорад, зеро ба назар мерасад, ки Амрико аз сиёсатбозиҳои Узбакистон хаста шуда, ба мақомоти узбак эътимоди чандоне надоранд.Аз ин ру Вашингтон бо пайваст кардани роҳи оҳани Қазоқистон ба шабакаҳои роҳи оҳани Туркманистон, қасд дорад худро аз вобастагй ба роҳи оҳани Узбакистон озод кунад. Бар асоси барномаҳо, Пентагон дар садад аст 75 дар сад аз колои ғайринизомиро аз тариқи ҳамин масири шимол ба Афғонистон мунтақил кунад. Дар ҳамин росто моҳи январ афсарони амрикойи музокироте бо ширкатҳои борбарй доштанд, ки тайи он масъалаи тезонидани раванди интиқоли коло ба Афғонистон баррасй шуд.Ҳарчанд Амрико бо Узбакистон низ дар ин замина музокирот анчом дод, аммо ҳисоби аслй руйи масирҳои Туркманистон боз шудааст.Паймонкори амрикойии "Maersk Line Ltd" тарҳе бо номи "Масири борбарй аз қаламрави Туркманистон" таҳия карда, ки аз бандари "Рига" дар Болтик, то "Сарҳадобод-Турғундй", дар марзи туркману афғон имтидод дорад.Ин масири алтернотифи бандари "Хайратон" дар марзи узбаку афғон ва "Шерхон-бандар", дар марзи точику афғон аст.Бар асоси баровардҳои мутахассисони амрикойи, масири Туркманистон замон ва ҳазинаи интиқоли коло ва тачҳизот ба Афғонистонро ба андозаи қобили мулоҳизае коҳиш хоҳад дод. Аз суи дигар вучуди иртиботи дарёйи миёни Туркманистон ва Озарбойчон, имкон медиҳад, ки коло ва тачҳизоти мавриди ниёзи Ғарб аз Аврупо ба Афғонистон тайи муддат замони кутоҳ мунтақил шаванд.Дар шароите, ки роҳи оҳани Боку-Тифлис-Карс(Туркия)дар ҳоли такмил аст, аҳамияти Туркманистон барои созмони НАТО беш аз ҳар замони дигаре афзоиш ёфтааст.

 Бо таваччуҳ ба он чй баён шуд, метавон натича гирифт, ки хуручи Амрико аз Афғонистон бештар шабеҳи ивазкунии макони буду боши низомиёни ин кишвар дар минтақа аст.Амрико тайи як муомилаи пинҳонй бо Толибон, зимни ҳифзи манбаъи ноамниҳо дар минтақа, қасд дорад ҳузури низомии худро асоснок кунад ва идоракунии таҳаввулоти минтақаро ба даст гирад.Ин идоракунй қабл аз ҳама ҳаққи истифода аз манобеи энержиро таъмин хоҳад кард, ки Осиёи Марказиро ба майдони зурозмойии қудратҳои Шарқ ва Ғарб табдил кардааст.Вокунишҳои Русия ва Чин, ба унвони рақибони Ғарб, амалест, ки дар сарнавишти барномаҳои Амрико бетаъсир нахоҳад буд.

Просмотров: 778 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Апрель 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz