Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 10:31
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Март » 10 » Афгонистон ва талоши Аврупо барои хуруч аз ин кишвар
18:21
Афгонистон ва талоши Аврупо барои хуруч аз ин кишвар
 
 Давлати Барак Обама дар ҳоле тасмим ба афзоиши теъдоди неруҳои низомии худ дар Афғонистон гирифт, ки муттаҳидони аврупойии Кохи сафед дар пайи фишорҳои афкори умумй, бар он шудаанд, ки низомиёни худро аз ин кишвари чангзада ихроч кунанд.Дар ин маврид ахиран давлати Голландия эълом кард, ки то поёни соли 2010 низомиёни мустақар дар Афғонистонро ба ватан боз хоҳад гардонд.Албатта ин тасмими нахуствазири Голландия вокунишҳои шадидеро дар дохили ҳукумати ин кишвар ба ҳамроҳ дошт, бо ин ҳол хуручи низомиёни ҳоландй аз Афғонистон амре ичтинобнопазир аст.Гуфтанй аст аз ибтидои соли 2006 то поёни соли 2009 21 сарбози ҳоландй дар устони Урузгони Афғонистон кушта ва 56 нафари дигар захмй шуданд.Дар соли 2009 теъдоди низомиёни Голландия дар Афғонистон 2 ҳазор нафарро ташкил медод, аммо дар моҳҳои аввали соли 2010 ин теъдод ба 1850 нафар коҳиш ёфт. Бидуни шак хуручи низомиёни Голландия аз Афғонистон зарбаи сангине ба барноамҳои Амрико ворид хоҳад кард, зеро Голландия аз чумлаи муттаҳидони содиқи Вашингтан маҳсуб мешавад. Ин дар ҳолест, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрикобо бознигарй дар сиёсатҳои осиёимиёнайии худ, ҳачми кумакҳо ба кишварҳои ин минтақаро то ҳадде коҳиш додааст.Аз чумла дар ин маврид гуфта мешавад, ки дар соли ояндаи милодй ҳачми кумакҳо ба Осиёи Марказй тақрибан бидуни тағйир боқй хоҳад монд, аммо Точикистон ва Қирғизистон дар муқоиса ба солҳои қабл кумакҳои камтаре дарёфт хоҳанд намуд.Аз чумла дар соли 2011 Қирғизистон 40,3 миллион доллар кумак дарёфт хоҳад кард, ки ин рақам ҳудуди 6 миллион доллар камтар аз соли қабл аст.Хачми кумакҳо ба Точикистон низ дар соли 2011 аз 42,5 миллион доллар ба 41,5 миллион доллар коҳиш хоҳанд ёфт. Мақомоти амрикойи тайи солҳо ҳузури худ дар Осиёи Марказй ба хубй дарёфтанд, ки давлатҳои тозаистиқлоли ин минтақа дар руёруйи бо бисёре аз чолишҳо, аз чумла ифротгаройи, тероризм, қочоқи маводи мухаддир ва инсон, ҳамчунин фасоди молй ва ришвахорй, аз тавонийиҳои лозим бархурдор нестанд.Аз ин ру Кохи сафед, ки ичрои барнома ва аҳдофи худ дар Афғонистонро дар гарави субот дар Осиёи Марказй ва равобити хуб бо кишварҳои он мебинад, талош кардааст бо ҳар як аз давлатҳои ин минтақаи стротегй равобити хуб ва дустона дошта бошад.Тамоми кумакҳо ва ҳамкориҳои Вошингтон ва давлатҳои Осиёи Марказй дар ҳамин росто сурат гирифтаанд ва хоҳанд гирифт. Бо таваччуҳ ба ин, кумакҳои Амрико ба Точикистон ва Қирғизистон дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, таҳкими амният, мубориза бо ноамниҳо дар марзҳо ва ... истифода хоҳад шуд.Албатта барои пушиши аҳдофи аслии Амрико дар ироаи кумакҳо ба кишварҳои Осиёи Марказй, Кохи сафед таъкид кардааст, ки барои ислоҳи вазъ дар бахшҳои таъмини амнияти ғизои, беҳдошт, омузишу парвариш, истифода аз манобеи об ва домдорй барои Точикистонва Қирғизистон кумакҳоеро дар назар гирифтааст. Дар барномаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй, ҳачми ин кумакҳо ба Узбакистон ва Қазоқистон бидуни тағйир боқй мондааст, аммо дар мавриди Туркманистом ҳачми ин кумакҳо аз 12,5 миллиондоллар ба 10 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Бар асоси ин барномаи Амрико, ироаи кумакҳо ба кишварҳои Қафқоз низ идома хоҳад ёфт, ба гунае ки ҳачми ин кумакҳо ба Арманистон ва Озарбойчон бетағйир боқй монда, аммо барои Гурчистон( ба иловаи кумакҳои миллиард долларй, ки Вашингтон баъд аз чанги Русия - Гурчистон дар соли 2008 ба Тифлис дар назар гирифт) бо 10 миллион афзоиш, ҳачми кумакҳо дар соли ояндаи мелодй ба 68,7 миллион доллар хоҳад расид. Аз асноди мунташира рочеъ ба ироаи кумакҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказй бармеояд, ки дар муқоиса ба давлати Чорч Буш, ки давлатҳои Осиёи Марказиро «давлатҳои дар ҳоли гузар ба демократия» таъбир мекард, давлати Обама ин давлатҳоро «давлатҳои нокоромад» медонад ва дар ироаи кумак ба онҳо вижагиҳоеро мадди назар хоҳад дошт. Муруре ба амалкарди Вашингтон дар қиболи давлатҳои Осиёи Марказй ин ақидаро тақвият мекунад, ки давлати Барак Обама барномаҳои дақиқе дар қиболи ин минтақа надорад ва сиёсатҳояш дар аксари маворид марҳалай будаанд.Тағйири мавозеи Вошингтан дар мавриди пойгоҳҳои низомиаш дар Қирғизистон ва Узбакистон, тасдиқе бар ҳамин гуфтаҳост. Қарори маълум, Кохи сафед ахиран эълом кард, ки дар пайи ифтитоҳи пойгоҳи дуввуми низомй дар Қирғизистон мебошад. Бар асоси гузоришҳои мунташира, қарор аст ин пойгоҳ дар устони Боткан, дар чануби Қирғизистон эчод шавад.Сафорати Амрико дар Бишкек эълом кард ин пружа ба зудй оғоз ба кор хоҳад кард. Ин иқдом баёнгар аз талоши Амрико барои густариши ҳузури низомии худ дар кишварҳои Осиёи Марказй аст, то битавонад фаъолиятҳои амниятиро дар ин минтақаи ҳассос таҳти контрол дошта бошад. Аз суе беэътимодии Амрико ба давлати Узбакистон, Вашингтонро бар он водоштааст, ки аз таъсиси пойгоҳи низомй дар ин кишвар сарфи назар намуда, ин барномаро дар қаламрави Қирғизистон дунбол кунад.Бидуни тардид, ин иқдоми Амрико хилофи майлу иродаи Тошканд аст ва метавонад дар робитаҳои Вашингтон - Тошканд асар гузорад. Вашингтон дар расидан ба аҳдофи худ дар Афғон чандон муваффақ набудааст. Ҳарчанд лашкаркашй ба Афғонистон таҳти шиори мубориза бо терроизм сурат гирифт, аммо бо гузашти наздик ба 10 сол аз замони тачовузи Ғарб ба саркардагии Амрико ба Афғонистон, на Бен Лодан дастгир шуд ва на аз шиддати ҳамалоти Ал-Қоида ва Толибон коста шуд. Тайи ин муддат ҳазорон нафар аз ғайринизомиёни афғон дар пайи ҳамалоти ноҳамоҳанги неруҳои ба истилоҳ посдори сулҳ кушта ва даҳҳо шаҳру русто ба харобазор табдил шуданд.Ба вижа ҳамалоти ҳавойии НАТО қурбониёни зиёде дар миёни ғайринизомиён доштаанд, амре ки эътирозоти мақомот ва мардуми Афғонистонро ба ҳамроҳ доштааст. Аммо ин эътирозот ҳеч гоҳ роҳ ба чое набурдаанд. Аз суе тайи ин муддат, яъне аз соли 2001 то моҳи феврали соли 2010 як ҳазор неруи низомии амрикойи, 264 англисй ва 140 конодойи дар Афғонистон чони худро аз даст додаанд. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир низ муваффақияте ба ҳамроҳ надоштааст. Бар асоси гузоришоти Созмони миллали муттаҳид тайи солҳои ахир тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ба ин сурат будаст:соли 2001 - 185 тон, соли 2002 - 3400 тон,соли 2003 - 3600 тон, соли 2004 - 4200 тон, соли 2005 - 4100 тон, соли 2007 - 8200 тон ва соли 2008 - 7700 тон.Оморҳо нишон медиҳад, ки баъд аз суқути ҳукумати Толибон дар Афғонистон, тавлиди маводи мухаддир аз 185 тон ба 7700 тон дар замони ишғоли ин кишвар твасути Ғарб, афзоиш ёфт. Дар мачмуъ ояндаи Афғонистон дар ҳолае аз ибҳом қарор гирифтааст ва эъломи Ҳолланд дар мавриди хуручи неруҳояш аз Афғонистон таъйиди ин ақида аст, ки Амрико ва Ғарбро сарнавиште мушобеҳи сарнавишти Иттиҳоди Шуравй дар Афғонистон пеши ру қарор дорад.Кишварҳои аврупойи бо мушорикат дар ишғоли Афғонистон , чойгоҳи худ дар чаҳони исломро аз даст доданд ва акнун дар пайи онанд ки бо фарохонии неруҳои худ аз ин кишвари чангзада, ин вазъро то ҳадди имкон ислоҳ намоянд.
Просмотров: 638 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Март 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz