Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 06.10.2024, 03:14
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2011 » Февраль » 26 » Афзоиши харочоти низомй
08:19
Афзоиши харочоти низомй
 Рузи 23 феврал дар Чумҳурии Точикистон 18-умин солгарди таъсиси артиши миллй тачлил гардид.23 феврали соли 1993 дар шароите ки ин кишвар дар гири як чанги таҳмилии шаҳрвандй буд, артиши миллй бе он ки меросе аз артиши абарқудрати Шуравии собиқ бурда бошад, таъсис шуд.Артиши миллии Точикистон дар ибтидои шаклгирии худ ба мушкилоти фаровоне ру ба ру шуд, ки аслитарини он камбуди кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти низомй буд.Аз суе, ин артиш то чанде қабл тачҳизоти низомй - ҳавопаймо, чархбол, тонк, зиреҳпуш, туп... дар ҳадди лозим дар ихтиёр надошт. Албатта барои ислоҳи ин вазъ талошҳое анчом шудаанд ва барномаҳое низ дар марҳалаи ичро қарор доранд ва ҳамасола шоҳиди пешрафтҳое дар ин замина ҳастем.
 Бо таваччуҳ ба ин ки Точикистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказй дар маърази осебҳои зиёди амниятй қарор дорад, вучуди артише бархурдор аз тавонмандиҳои лозим, аз ниёзҳои мубрами ин кишвар маҳсуб мешавад. Вучуди манбаъи ноамниҳои минтақайи дар Афғонистон, ки марзи 1400 километрй бо Точикистон дорад, аҳамияти ин мавзуъро бештар кардааст.Аз ин ру давлати Душанбе дар ростои тақвияти артиши худ ру ба ҳамкориҳои низомй бо кишварҳои мухталиф, аз чумла Амрико, Чин, Русия ва Ҳиндустон овардааст. Дар натичаи ин ҳамкориҳо артиши Точикистон то ҳадде бо кадрҳои мутахассис ва тачҳизоти зарурй таъмин шудааст. Бо ин ҳол мавзуе ки мучиби ҳайратзадагии маҳофили чаҳонй шуда, ҳамвора афзудани харочоти низомии кишварҳои истиқлолёфта аз Шуравии собиқ, ба вижа дар Қафқоз ва Осиёи Марказй мебошад.Ба иборати дигар, дар ҳоле ки кишварҳое назири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Инглис, Фаронса, Олмон ва дигар аъзои НАТО дар соли 2011 харочоти низомии худро коҳиш додаанд, кишварҳои пасошуравй тайи панч соли охир харочоти низомии худро 23 дар сад афзоиш додаанд, ба гунаи ин маблағ бешаз 60 миллиард долларро ташкил медиҳад.Ин дар ҳолест ки иқтисоди ин кишварҳо рушди чандоне надошта, харочоти низомй шаш баробари тавлидоти нохолиси ин кишварҳоро ташкил медиҳад.Бар асоси таҳлилҳои анчомшуда, сабаби чунин вазъе дар кишварҳои қаламрави Шуравии собиқ, ҳамчунон хатароти вуқуъи низоъҳои низомй чй дар дохили кишвар ва чй дар хорич аз он, мебошад.Аз ин ру давлатҳои ин қаламрав бар он шудаанд, ки тавони дифоъии худро афзоиш диҳанд.Албатта дигар омиле ки низ боиси афзоиши харочоти низомй шуда, он аст, ки бархе аз ин давлатҳо иқдом ба таъвизи сохтор ва тачҳизоти низомии артиши худ кардаанд ва ин кор харочоти ба маротиб бештареро ба ҳамроҳ хоҳад дошт.
 Қобили зикр аст, ки дар айни ҳол ба чуз кишварҳои назди Балтик, дигар чумҳуриҳои Шуравии собиқ артише ҳамонанди артиши шуравй доранд.Албатта ахиран Гурчистон бо кумаки НАТО ва Амрико тачҳизоти артиши худро иваз кард ва Озарбойчон низ барномаи вижаеро дар ин замина руи даст гирифта, ба ин манзур миллиордҳо дулор харч кардааст.Аз чумла барои соли 2011 ин кишвар 4,46 миллиард доллар барои бахши низомй ихтисос додааст.Дар Қафқоз Арманистон низ тайи солҳои охир харочоти низомиро афзоиш додааст, ҳарчанд ин маблағ даҳ баробар камтар аз маблағест ки Озарбойчон барои барномаҳои низомии худ ихтисос додааст.Ин амр баёнгар аз ин воқеият аст, ки минтақаи Қафқоз дар ояндаи на чандон дур саҳнаи чангҳои чадиде хоҳад буд.Дар ин миён коршиносони ғарбй ауқуи низоъҳои низомй дар Осиёи Марказиро низ пешбинй мекунанд ва мегуянд бо таваччуҳ ба чунин таҳдидот, давлати Бишкек 12,6 дарсади бучаи худ барои соли 2011-ро барои таҳкими тавони дифоъй ихтисос додааст. Ин дар ҳолест, ки бино ба бароварди мақомоти низомии қирғиз, харочоти солонаи воҳидҳои низомии ин кишвар 16 миллион долларро ташкил медиҳад, аммо дар будча ба ин манзур фақат 5 миллион доллар ихтисос дода шудааст.Ин ба он маъност, ки дар сурати бурузи низоъҳои низомй, давлати Бишкек барои дифоъ аз худ, ба кумак аз хорич ниёз хоҳад дошт.Чунин кумак барои Точикистон низ амре ногузир хоҳад буд, зеро алорағми афзоиши 25 дарсадии будчаи низомии ин кишвар, артиши миллии Точикистон ҳануз аз тачҳизот ва фановариҳои мудерн ба таври лозим бархурдор нест.Бо таваччуҳ ба ин ин эҳтимол вучуд дорад, ки Душанбе ва Бишкек аз Русия ва Паймони амнияти чамъи дархости кумаки низомй хоҳанд кард.Узбакистон ва Туркманистон кишварҳое мебошанд, ки нисбатан бо субот тавсиф мешаванд, албатта ин ду кишвар маблағҳои ҳангуфте сарфи барномаҳои низомй мекунанд.Аз чумла Узбакистон барои соли 2011 1,6 миллиард долларро барои мақосади низомй харч хоҳад кард, ки бахши аъзами он барои таъвизи тачҳизоти низомй артиши миллй дар назар гирифта шудааст. Дар Қазоқистон барои соли 2011 дар бахши низомй 1,3 миллиард доллар ҳазина хоҳад шуд.
 Нуктае ки низ дар ин замина бояд ба у ишора кард, тақозои мучтамаи санъатй - низомии ҳоким бар сиёсати байналмилал мебошад.Ин мучтамаъ манофеи худро дар равнақи бозорҳои таслиҳотй дар ақсо нуқоти чаҳон мебошад ва ҳамеша талош мекунад бо эчоди нуқоти ноамн, кишварҳоро ба хариди ҳарчй бештари таслиҳот ва муҳимоти низомй ташвиқ мекунад. Дар шароите ки диктаторҳои араб яке пас аз дигаре дар ҳоли суқут ҳастанд, ҳокимони худкомаи қаламрави Шуравии собиқ, ба вижа Осиёи Марказй, ба ҳеч вачҳ эҳсоси амният намекунанд ва ин амр ба худии худ боиси афзоиши харочоти низомй мешавад.
Просмотров: 2169 | Добавил: did | Рейтинг: 3.0/6
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Февраль 2011  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz