Дар пайи лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон ва ташдиди нооромиҳо дар минтақа, кишварҳои Осиёи Марказй нохоста аз майлу иродаи худ вориди бозии қудратҳои Шарқу Ғарб барои нуфуз дар ин минтақаи стротегй шуданд.Ин кишварҳо бо танаввуъ бахшидан дар дастаи шарикони худ, ба тадрич чойгоҳи Русияро ба унвони ба истилоҳ танҳо молики минтақа тазъиф намуданд.Дар ибтидои ин раванд, ки бидуни шак бо чароғи сабзи Кремл оғоз шуд, Маскав бо гирифтани мавзеи инфиолй назорагари ин раванд буд. Дар Кохи Кремл бар ин бовар буданд, ки ҳалқаҳои иртиботии бозмонда аз замони Шуравй ба кишварҳои Осиёи Марказй ичоза нахоҳад дод, ки фосилаи худ бо Маскавро афзоиш диҳанд ва Маскав дар ҳар замони лозим метавонад ин кишварҳоро вориди чархаи сиёсатҳои худ кунад. Оғози чанги дохилй дар Точикистон (1992-1997), раванд ва поёни он то ҳадде ин интизороти Маскавро бароварда намуд. Русия бо истифода аз нуқоти заъфу қуввати тарафҳои мутахосими точик тавонист то ҳадди зиёде сулҳи точиконро мутобиқи майлу иродаи хеш рақам занад. Аз нооромиҳои Узбакистон ва Қирғизистон низ дар ростои аҳдофи роҳбурдии хеш кор гирифт ва Ислом Каримови «маскавгурез»-ро борҳо ба зери чатри амниятии худ боз гардонд. Ҳамчунин фосилаи давлати Бишкекро бо Маскавро коҳиш дод. Ҳамин муваффақиятҳо дар бахши низомй - амниятй мучиб шуд, Маскав бар он шавад, ки бо таҳкими ҳузури низомии худ дар Осиёи Марказй, давлатҳои ин минтақаро дар чорчуби сиёсатҳои хеш ва дур аз дахолатҳои кишварҳои ғарбй нигоҳ дорад. Маскав мутмаъин буд,ки аз раҳгузари низомй - амниятй мешавад осонтар ба аҳдофи худ дар минтақа даст ёфт. Пойгоҳи низомии Русия дар «Кант»(Қирғизистон), озмоишгоҳи аждарҳо(мушакҳои зидди киштй) ва талош барои таъсиси пойгоҳи дигаре дар ин кишвар дар ҳамин росто қобили арзёбй аст. Албатта дар айни ҳол Русия дар қламрави Точикистон 4 пружаи низомй (дар Душанбе, Кулоб ва Қурғонтеппе, ҳамчунин афсарони эъзомй ба воҳидҳои марзбонии Точикистон)дорад. Ба илова Маскав қасд дорад пойгоҳи ҳавойии худро дар фурудгоҳи «Айнй» дар ин чумҳурй таъсис диҳад. Дар Қазоқистон низ 4 таъсисоти низомии Русия (дар наздикии дарёчаи Балхаш, Саришогон, Эмба ва «Байконур») мустақар мебошанд. Ба назар мерасад ин ҳама ҳузури қудратманди низомй барои таҳти контрол доштани фаъолиятҳои давлатҳои минтақа бо чаҳони хорич, шакл дода шудааст, ки баргирифта аз шеваи тафаккури даврони Шуравй аст. Гузашти замон нишон дод, ки Маскав дар сиёсатҳои Осиёимиёнагии худ муваффақ набудааст. Зеро гирифтани мавозеи дусуя дар қиболи масоили муҳими минтақайи, назири баҳрабардорй аз манобеии гидроэнергетикй, эътиқоди давлатҳои Осиёи Марказиро ба садоқати Кремл ба таври бесобаиқае коҳиш дод.Русия дар замони раёсати Владимир Путин ба таври фаъол вориди масоили энержй дар Точикистон шуд ва миёни ду кишвар қарордодҳо дар мавриди сохти неругоҳи Роғун ба имзо расид. Аммо Димитрий Медведев дар сафар ба Узбакистон ошкоро эълом кард, ки дар масъалаи сохтани Роғун ва умуман баҳрабардорй аз оби рудхонаҳои фаромарзй, аз манофеи Тошканд ҳимоят хоҳад кард.Каме баъдтар аз ин бо тағйири мавзеъ, Русия вориди раванди сохти неругоҳи Қамбарота, ки мавзуи ихтилоф дар равобити Тошканд - Бишкек аст, шуд. Натича он аст, ки фосила миёни Русия ва давлатҳои Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре афзуда, чойгоҳи Маскав дар ин минтақаи стротегй дар ҳоли заъиф шудан аст. Дар ҳоле ки Маскав саргарми таъсиси пойгоҳҳои низомй, ё ба иборати дигар «пойгоҳбозй» дар Осиёи Марказй будааст, рақибони Русия бо фаъол шудан дар бахшҳои иқтисодй, ки ниёзи аслии кишварҳои Осиёи Марказй дар марҳалаи кунунй дар меҳвари он мечархад,ҳузури худро пуррангтар намуда, дар мавориде арсаро барои Русия танг намудаанд. Имруз Чин бо фаъол шудан дар шабакаҳои роҳсозй ва энержии Точикистон ва сармоягузориҳои калон дар тарҳҳои иқтисодии ин кишвар, зимни касби эътимоди раҳбарони Душанбе, дар ин бахшҳо аз Русия пешй гирифтааст.Дар Қирғизистон ва Узбакистон низ шоҳиди чунин саҳнаҳое ҳастем. Албатта, бахши энержии минтақа зоҳиран ҳамчунон дар инҳисори Маскав қарор дорад ва ширкати «Газпром» дар ҳоли пайгирии барномаҳои чиддй дар ин замина аст.Аммо ҳамзамон дар бахши иктишоф ва истихрочи нафту гази Осиёи Марказй дигар ширкатҳо аз кишварҳои мухталиф низ фаъоланд ва ҳар муваффақияти онҳо метавонад ба унвони нокомии «Газпром» арзёбй шавад. Русия саргарми таҳкими ҳузури низомии худ дар минтақа, уҳдадориҳояш дар қиболи шариконашро, ки қарордодҳои дучониба ва узвият дар ниҳодҳои минтақайи, рақам зада буданд, фаромуш кард. Ҳамин амр боис шудааст, ки Иттиҳоди давлатҳои мустақил, ниҳоде ки Маскав онро ба навъе чойгузини Шуравии собиқ карданй буд, тақрибан дар маърази фурупошй қарор гирифтааст. Паймони амнияти чамъй низ он гуна ки Димитрий Медведев гуфта буд, то кунун натавонистааст ба унвони рақибе дар баробари НАТО қад алам кунад. Ангезаҳои низомигарии Русия дар ҳолатҳое мучиби ихтилоф дар равобити кишварҳои минтақа низ шудааст. Аз чумла талоши Маскав барои таъсиси пойгоҳи дуввум дар Қирғизистон, эътирозоти шадиди Узбакистонро дар пай дошт ва ин масъала ҳамчунон ба унвони омили бесуботй дар минтақа боқй аст. Дар шароити кунунй, ки фазосозиҳо дар мавриди сирояти нооромиҳо аз Афғонистон ба Осиёи Марказй беш аз ҳар замони дигаре ташдид шудааст, давлатҳои ин минтақа ба ҳузури низомии қудратҳо ба унвони зомини амнияту субот менигаранд.Аммо воқеият он аст, ки чунин ҳузуре омили аслии бесуботиҳо дар минтақа хоҳад буд ва авзои Афғонистон далеле бар ҳамин гуфтаҳост.
|