Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 10:50
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Октябрь » 28 » Дар хошияи сафари раиси чумхури Точикистон ба Маскав
16:43
Дар хошияи сафари раиси чумхури Точикистон ба Маскав
Интизороти тарафҳо

 

 Сафари раиси чумҳури Точикистон ба Маскав дар равобити дипломатй миёни ду кишвар камназир буд.Зеро аз ин сафар Точикистон ва Русия интизороти худро доштанд.Дар ҳоле ки  Душанбе талош мекард иштибоҳоти қаблиро, ки дипломатияи точик дар тадвини тавофуқномаҳо бо Маскав муртакиб шуда буд, чуброн кунад,  тарафи русй бо барномарезии ин сафар ният дошт вонамуд созад, ки Точикистон барои Кремл кишваре боаҳамият дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй аст.

 Дар чунин шароите бахти тарафҳо дар дастёбй ба ҳадафҳои хеш яксон набуд.Агар рақобати қудратҳо ва талоши Амрико, Аврупо ва Чинро барои нуфузи бештар дар Осиёи Марказй ба унвони барги барандаи Душанбе тавсиф кунем, пас вучуди болиғ бар як миллион муҳочири кории точик дар Русия ва вобастагиҳои иқтисодии Точикистон аз Русия, мавридҳое буданд, ки ба нафъи Маскав кор мекараданд.

 

Музокирот ва масъалагузориҳо

 

 Ҳарчанд дар бораи масъалаҳои мавриди баррасй дар гуфтугуҳо миёни тарафҳои точик ва рус аз қабл ибрози назарҳое сурат гирифта буд, аммо тақвияти ҳамкориҳои иқтисодй дар меҳвар қарор дошт.Он чи коршиносон пешбинй мекарданд, яъне мушаххас намудани мақоми пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон ва бознигарй дар қарордодҳои марбут ба ҳамкориҳои низомй, ҳамчунин таъйини тарзи мушорикати Русия дар такмили неругоҳи «Роғун», тақрибан баррасй нашуд.Ба эътиқоди тарафи русй ҳеч зарурате дар ин замина вучуд надошт:қарордоди низомй ба муддати 10 сол (2004-2014) имзо шудааст ва консорсиюми сохти «Роғун», ки Русия ҳозир аст дар он мушорикат намояд, ҳануз шакл нагирифтааст.

 Дар мавриди ҳамкориҳои иқтисодй, раиси чумҳури Русия иттилоъ дод, ки муқаррароти чадидеро дар мавриди муҳочирати хоричиён чорй хоҳад кард, ки имкони ҳузури қонунии шаҳрвандони Точикистон дар қаламрави Русияро замонат хоҳанд кард.

  Ба эътиқоди ағлаби коршиносон ин изҳороти раиси чумҳури Русия бештар чанбаи ташрифотй дошт, ки солҳои ахир дар дидору гуфтугуҳои Душанбе - Маскав ба як падидаи маъмулй табдил шудааст.Маскав чунин ваъдаҳоеро борҳо додааст, аммо вазъияти муҳочирони кории Точикистон дар Русия ҳеч тағйире накардааст.

 

 

Пойгоҳи низомии Русия ва низомиёни рус дар Точикистон

 

 Бар асоси қарордоди соли 2004, ки ба имзои Владимир Путин, раиси чумҳури вақти Русия ва Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон расида буд, пойгоҳи низомии Русия дар Точикистон вучуд хоҳад дошт.

Фалсафаи таъсиси ин пойгоҳ, ҳамон гуна ки дар ҳуччатҳои марбута зикр шудааст, таъмини суботу амният дар Точикистон ва минтақа буда, тарафи русй уҳдадор шудааст, ки дар сурати таҳдид ба ҳукумати Точикистон, дар таъмини амнияти ин кишвар мусоидат хоҳад кард.Аммо имруз авзои минтақа тағйир кардааст ва дар баробари афзоиши таҳдидҳо, теъдоди кумаккунандагон ба амният низ афзудааст.Акнун кишварҳои аврупойи, Амрико, Чин, ҳатто Ҳиндустону Покистон вориди чархаи ҳамкориҳои низомй бо Точикистон шуда, имконияти интихоби шариконро барои Душанбе фароҳам намудаанд.Чунин вазъе ба ҳеч вачҳ ба нафъи Русия нест. Аз ин ру ҳарчанд Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия таъкид кард бознигарй дар қарордодҳои низомии байни Маскав - Душанбе ҳадди ақал то соли 2014 ғайриимкон хоҳад буд, аммо Русия ба хубй медонад, ки Точикистон барои касби даромад ҳамкориҳо бо кишварҳои ғарбиро густариш хоҳад дод. Дар шароите, ки Амрико эълом кардааст нируҳои вижаи худро барои мубориза бо зуҳуроти ноамниҳо дар Осиёи Марказй, дар кишварҳои ин минтақа чойгир хоҳад кард, нигарониҳои Маскав аз сарнавишти пойгоҳаш баъд аз поёни қарордод (соли 2014) беш аз ҳар замони дигаре афзудааст. Ба иборати дигар, дар Маскав ба хубй дарк кардаанд, ки Душанберо дигар наметавон бо ваъдаҳои пуч қонеъ кард, аз ин ру бархе фишангҳои фишорро руи даст гирифтаанд.

 

 

Манбаъҳои обй нуқоти заъф ё қувват?

 

 Дар шароити кунунй Точикистон шадидан ба неруи барқ ниёз дорад ва дастёбй ба ин ҳадаф танҳо бо сохтани неругоҳҳои обй имконпазир аст. Дар ибтидо Русия эъломи омодагй кард, ки дар такмили неругоҳи Роғун мушорикат хоҳад кард.Ин ваъда ҳамзамон бо ваъдаи сармоягузории 2 миллиарддоларй ба иқтисоди Точикистон дода шуд, ки то имруз ғайр аз талафи вақт ҳосили дигаре барои Точикистон надошт.Ба назар мерасад Русия фақат барои дар чорчуби сиёсатҳои хеш нигоҳ доштани давлати Душанбе даст ба чунин иқдоме зад.Сафари раиси чумҳури ин кишвар дар январи имсол ба Тошканд ва ваъдаи Маскав дар бораи ҳимояти Кремл аз манофеи Узбакистон дар масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй, пасипардаи сиёсатҳои Маскавро дар қиболи Душанбе ифшо кард.Яъне собит шуд, ки Русия дунболи ҳадафҳо ва манофеи бузургтаре дар Осиёи Марказй ҳаст, ба иборати дигар Маскав манобеи газу нафти Узбакистонро аз манобеи обии Точикистон бартар шумурд ва Душанберо ба ҳошияи сиёсатҳои хеш ронд.Дар ростои чунин иқдоме Маскав руи он ҳисоб кардааст, ки Точикистони маҳрум аз роҳҳои иртиботии мустақим ба чаҳони хорич, чорае чуз тан  додан ба хостаҳои Русия надорад.Аз ин ру ҳарчанд Русия эълом кардааст, ки дар такмили неругоҳи «Роғун» ширкат хоҳад кард, аммо ба таври ҳатм манофеи Узбакистонро дар назар хоҳад гирифт. Зеро дар Маскав бар ин боваранд, ки Узбакистон дар интиқоли гази Осиёи Марказй ба Аврупо аз нақш ва чойгоҳи муҳиме бархурдор аст. Дар чунин шароите Точикистон дарк кардааст, ки Русия барояш аҳамият ва чойгоҳе, ки дар шаъни як давлати мустақил бошад, қоил нест.

 

 

....Ва аммо баъд

 

 Сарфи назар аз натичаҳо ва пайомадҳо, сафари роҳбарияти Точикистон ба Маскав ин нуктаро собит намуд, ки Душанбе нақш ва чойгоҳи хеш дар минтақаро ба хубй дарк кардааст.Дар ҳоле ки довталабони ҳузури фаъолтар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ичтимойи, сиёсй, иқтисодй, низомй ва фарҳангии ин кишвар афзудаанд, ба Маскав ру овард, то барномаҳои шарики стротегии худро бори дигар маҳак занад.Ин нукта мусаллам аст, ки Точикистон дигар ба умеди ваъдаҳои Русия нахоҳад шуд ва бо тавсаъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Шарқу Ғарб, иқдом ба ҳалли масъалаҳои ичтимойи ва иқтисодии хеш хоҳад кард.

 Ин нукта ғайри қобили инкор аст, ки афзоиши сафархои мақомоти аврупойи ва амрикойи ба Осиёи Марказй, аз чумла Точикистон, нишони ғамхории ин кишварҳо нисбат ба мардумон ва ё давлатхои минтақа нест, балки авзои минтақа ва чахон қудратхои ғарбиро мухточи хамкорихои кишвархои Осиёи Марказй кардааст. Акнун қудратхои ғарбй дар ростои амалй кардани стротегияхои худ дар минтака, ру ба кишвархои Осиёи Марказй овардаанд, то бо истифода аз сардии робитахои ин кишвархо бо Маскав, ба хадафхои хеш осонтар даст ёбанд. Хамин мавзуъ аз чумла боиси он шудааст, ки гарбихо дар руйкарди худ бо кишвархои ин минтака бознигарй кунанд ва хамаи конуншиканихои макомоти ин кишвархо дар риояти озодихои шахрвандиро нодида гиранд. Икдоми Иттиходияи Аврупо дар заминаи бекор кардани тахримхои таслихотии Узбакистон факат бахше аз ин руйкард аст. Чунин вазъе имкониятҳои тозаеро барои кишварҳои Осиёи Марказй фароҳам кардааст, то он чиро, ки аз Русия интизор доштанд ва доранд, тавассути кишвархои ғарбй ба он даст ёбанд.

 Агар Русия дар руйкарди хеш бо Точикистон тачдиди назар накунад, ба тадрич чойгоҳ ва нуфузи худро дар ин кишвар аз даст хоҳад дод. Дар идомаи ин раванд ҳузури низомиёни рус дар қаламрави Точикистон таҳти савол қарор хоҳад гирифт.

Просмотров: 1287 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz