Маркази мутолеоти байналмилалй ва стротегии Вашингтон таҳти унвони "Аз дарраи Фарғона то Вазиристони чанубй" гузоришеро мунташир намуд, ки дар он дидгоҳи муҳаққиқони амрикойи дар мавриди дурнамои амният дар ин минтақа ироа шудааст.Бар пояи ин гузориш муҳаққиқони амрикойи муътақиданд, ки дар пайи фишори давлатҳои Осиёи Марказй, гуруҳҳои чиҳодии ин кишварҳо ба Афғонистон фирор намуда, фаъолиятҳои худро идома медиҳанд.Ҳамин гузориш меафзояд, ҳатто баъд аз суқути режими Толибон дар Афғонистон, ин гуруҳҳо ҳамчунон фаъол боқй мондаанд. Муҳаққиқони амрикойи дурнамои амният дар кишварҳои ҳамчавор бо Афғонистон, аз чумла Точикистон, Узбакистон ва Қирғизистонро печида пешбинй мекунанд ва бар ин боваранд, ки бидуни кумаки Иёлоти муттаҳидаи Амрико ин кишварҳо нахоҳанд тавонист суботу амнияти пойдорро дар марзҳо ва дохили қаламрави худ таъмин кунанд. Гузориши маркази мутелеоти истротежики Вашингтон пешниҳод мекунад, ки бояд сиёсати Амрико дар мавриди Афғонистону Покистон тавсеъа ёфта, давлатҳои дарраи Фарғонаро низ дар бар гирад. Зеро масири қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави се кишвари ин дарра гузар мекунад ва ин минтақа ба киштзорҳои хашхош дар Афғонистон наздик аст ва дар айни ҳол чангиён аз Покистон ба самти ин минтақаи стротегй дар ҳаракат мебошанд.Бино ба омори ироашуда дар гузориши мазкур, теъдоди чангиёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки дар Покистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд, ҳудуди 1500 нафарро ташкил медиҳад. Ин барои нахустин бор нест, ки қудратҳои ғарбй, ба вижа Амрико, аз тариқи марказҳои таҳқиқотй печида шудани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Марказиро пешгуйи ва аз ин тариқ сояи таҳдидро бар давлатҳои ин минтақа ба навъе таҳмил мекунанд.Вижагии гузориши ахири маркази мутелеоти стротегии Вашингтон он аст, ки ин бор ба таври мушаххас аз водии Фарғона ба унвони маркази нооромиҳои оянда дар Осиёи Марказй ёд шудааст.Ҳамин мавзуъ ақидаро дар мавриди талош қудратҳои шарқу ғарб барои тавсаъа ва таҳкими нуфуз ва чойгоҳи худ дар ин минтақа беш аз ҳар замони дигаре тақвият кардааст.Ба иборати дигар, имруз водии Фарғона майдони аслии рақобат миёни қудратҳои Шарқ ва Ғарб маҳсуб мешавад.Ташдиди ин рақобат бо руйдодҳои Қирғизистон дар баҳори соли гузашта, вориди марҳалаи тозае шуда, акнун бо вуқуи нооромиҳои пароканда дар Точикистон , дар ҳоли табдил шудан ба як нуқтаи доғи чадид дар минтақа мебошад. Дар ҳоле ки оғози нооромиҳо дар Точикистон, давлатмардони ин кишварро ба як буҳрони амниятй мувочеҳ кардааст ва дар афкори умумй як навъ беэътимодй ба давлати Душанберо доман задааст, муҳаққиқони амрикойи ҳадафи аслии чангиёни мустақар дар Афғонистон ва Покистонро, ки бахши умдаи онҳоро аъзои ҳаракати исломии Узбакистон ташкил медиҳад, давлати Ислом Каримов талақй мекунанд. Бо таваччуҳ ба тачрибаи чунин гузоришҳо ва ба занни мақомоти Кохи сафед, "нигаронии Вашингтон аз вуқуъи нооромиҳо дар Узбакистон", метавон натича гирифт, ки дар марҳалаи кунунй аҳдофи Вашингтон дар Осиёи Марказй, бештар марбут ба ҳузури ин кишвар дар қаламрави Узбакистон аст.Ба баёни дигар, дар айни замон Узбакистон меҳвари хадафхои дарозмуддати Амрико дар Осиёи Марказй маҳсуб мешавад, аз ин ру Кохи сафед бо ҳар роҳи мумкин талош дорад худро ба давлати Тошканд наздик кунад. Қарори маьлум, амният ва бақои қудрат аслитарин нигаронй ва ташвиши Каримов ва дигар ҳамтоёни вай маҳсуб мешавад ва қудратҳои аз ин нуқтаи заъф хеле устодона кор гирифтаанд. Хамин фазосозиҳои Вашингтон буд, ки Ислом Каримов дар моҳи феврияи соли чорй карори раками 1258 - барномаи таҳкими ҳамкориҳои дучонибаи Узбакистон ва Амрикоро имзо кард. Ин барнома аз чумла дарбаргирандаи ҳамкориҳои низомй мебошад, ки бар асоси он Амрико дар амри тачҳизондани артиши Узбакистон бо таслиҳоти чадид ва омузиши афсарони узбак кумак хоҳад намуд .Ҳамкориҳои Тошканд - Вашингтон дар Афғонистон, аз бахшҳои аслии санади мазкур мебошад, ки дар чорчуби он ду тараф дар интиқоли тачҳизот ва коло барои неруҳои низомии кишварҳои ғарбии вокеъ дар манотиқи мухталифи Афғонистон, ҳамкорй мекунанд. Ин бахш аз ҳамкориҳои ду тараф дар ҳоле ки интиқоли коло ва тачҳизот аз тариқи қаламрави Покистон ба мушкил ру ба ру шуд, бештар аҳамият пайдо кард. Узбакистон бо истифода аз фурсат вориди бозиҳои сиёсии маъмулии худ шуд ва бо фосила гирифтан аз Маскав, равобит бо Вошингтанро тавсаъа дод. Бо ин кор Тошканд тавонист бо истифода аз пуштибониҳои Амрико ичрои тарҳҳои муҳими иқтисодй дар қаламрави Афғонистонро бар уҳда бигирад. Сохтани роҳи оҳани Хайратон - Мазори Шариф ва интиқоли барқ ба Афғонистон аз ҳамин чумлаанд.Дар ин миён, ҳамон гуна ки бархе манобеъ гузориш доданд, Амрико ба Ислом Каримов ин ваъдаро додааст, ки бар асоси хостаи Тошканд, аз вогузор кардани макомҳои калидй ба намояндагони миллати точик дар Афғонистон, пешгирй хоҳад кард. Ба эътиқоди ағлаби соҳибназарон ин мавзуъ бархоста аз сиёсатҳои тавсаъаталабонаи Ислом Каримов дар минтақа мебошад, зеро вай аз таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои форсизабон бим дорад ва намехоҳд, ки ин ҳамкориҳо мучиби раҳойии Точикистон аз вобастагиҳои энергетикй ва иртиботии Узбакистон шаванд. Бо ин руйкард, метавон гуфт, гузориши маркази мутолеоти стротегии Вашингтон, як навъ муаррифии барномаҳои ҳузури ояндаи Амрико дар минтақаи стротегии Осиёи Марказй мебошад.
|