Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 06.10.2024, 03:58
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Май » 27 » Душанбе мизбони Созмони конфронси исломй
06:39
Душанбе мизбони Созмони конфронси исломй
 Сиюҳафтумин нишасти Шурои вазирони умури хоричаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломй(СКИ) дар шаҳри Душанбе бо суханронии Эмомалй Раҳмон, раиси чумҳури Точикистон ва раиси давраии созмони мазкур ифтитоҳ шуд.Тайи ин суханронй Эмомалй Раҳмон аз чумла гуфт:"Ичлосияи имруз, ки дар замони буҳрони молиявию иқтисодии чаҳонй ва зуҳуроти гуногуни хатару таҳдидҳои чаҳони муосир чараён мегирад, моро ба ваҳдату ҳамраъйии беш аз пеш водор месозад. Нақши Созмони конфронси исломй метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрчониба дар миёни кишварҳои исломй, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор хеле муҳим ва муассир бошад." Раиси чумҳури Точикистон ба нақш ва чойгоҳи кишвараш дар Созмони конфронси исломй ишора намуд ва масоили доғи чаҳони исломро чунин баршумурд:" Точикистон ҳамоно ба болоравии нақши Созмони конфронси исломйдар баррасй ва ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рузи чаҳони ислом, густариши ҳамоҳангй ва ҳамкорй дар мубориза бо хатароти чаҳони муосир, аз чумла терроризм ва ифротгароӣ чонибдор буд ва хоҳад монд.Зимни ин раванд ибрози таваччуҳи бештар ва ҳадафманд ба "нуқтаҳои доғи” олами ислом аз чумлаи тақозоҳои руз аст.Ҳоло мардуми азияткашидаи Ироқ орзуманди ҳаёти орому осоишта ва истиқрори ҳарчи сареъи оромиш, яъне ниёзманди зиндагии одии инсонй аст, ки дар ин чода нақши Созмони мо метавонад фаъолтар ва муассиртар бошад. Мушкилоти тулонии мардуми Фаластин, ки беш аз ним қарн аз давлати худ маҳрум ва бахши аъзами аҳолиаш дар муҳосират ба сар мебарад, аз чониби ҳама гуна миёнаравҳо мавзўи баррасӣ мебошад, вале нақши Созмони конфронси исломйдар ҳалли чунин масъалаи ҳаётии ислом, сарфи назар аз нишастҳову ҳамоишҳои мухталиф, ҳануз қотеъ ва ҳалкунанда ба назар намерасад. Ба ҳамин монанд аз як силсила мушкилоти дигари даҳсолаҳо ҳалношудаи Уммат низ метавон ном бурд.Мо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвари ҳамсояву дусту бародар – Афғонистон ҳамеша манфиатдорем. Кумакҳои зарурй ва ҳадафманд ба Афғонистон метавонад ба унвони яке аз руйкардҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мухталифи ҳоким дар он кишвар, муассир воқеъ шавад." Эмомалй Раҳмон дар идома ба густариши нуфуз ва чойгоҳи дини мубини Ислом дар дунёи имруз ва суиистифодаҳои қудратҳо аз Ислом ва тамаъчуйии бархе маҳофил дар кишварҳои исломй ишора кард ва афзуд: "Дар сиёсати муосири чаҳонй "омили исломй" ҳамвора мавқеи созанда касб мекунад. Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсй дар арсаи байналмилалй омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кушиш ба харч медиҳанд, ки назарияи "бархурди тамаддунҳоро" дар муҳақақ намоянд. Истифодаи ғаразнок аз номи поки ислом ва таҳрифу таҳқири арзишҳои волои дини мубини мо намунаи боризи чунин кушишҳост. Бояд таъкид кард, ки равандҳои нигаронкунандаи густариши аъмоли муқобили ҳамдигар қарор додани дину тамаддунҳо билохира метавонанд ба бесарусомонӣ ва фачоё на фақат дар минтақаҳои чудогона, аз чумла Осиёи Марказй ва ё Ховари Миёна, балки дар миқёси умумичаҳонй мунчар шавад.Аз ин рў, густариши исломситезй чун яке аз намудҳои нажодпарастй Точикистонро мисли кишварҳои дигари мусулмонй нигарон сохтааст. Дар чунин вазъият моро мебояд, ки ба таври муштарак талошҳои худро барои аз нигарониву ташвишҳои худ огоҳ намудани чомеаи чаҳонй дар сатҳҳои мухталиф идома дода, чиҳати пешгирии муассири ин гуна падидаҳои номатлуб иқдомоти мушаххас анчом диҳем". Қобили зикр аст ки дар нишасти Душанбе намояндагони радаҳои мухталиф аз 100 кишвари чаҳон ҳузур доштанд.Судури баёния дар мавриди истифода аз зарфиятҳои тронзитии кишварҳои узв ва баҳрабардории одилона ва оқилона аз манобеи обии чаҳони ислом дар сиюҳафтумин нишасти Шурои ввазирони хорича дар пойтахти Точикистон, аз чумлаи дастовардҳои ин кишвар ба унвони мизбони ичлоси мазкур арзёбй мешавад. Ба иборати дигар, акнун дар маҳофили коршиносй бар ин умеданд, ки Созмони конфронси исломй битавонад дар рафъи суитафоҳумот миёни кишварҳои Осиёи Марказй, ки солҳои ахир дар мавриди истифода аз манобеи обии ин минтақа ба миён омада аст, нақши муассир ичро кунад.Суханони Акмалиддин Эҳсонуғлу, дабири кулли Созмони конфронси исломй, ки гуфт:Худованд табиати зебо ва боигариҳои фаровоне барои минтақаи Осиёи Марказй арзонй доштааст, ки боястй аз ин неъматҳои Илоҳй барои пешрафту тараққии ҳамаи кишварҳои ин минтақа истифода кард, умедҳо дар ин заминаро тақвият кардааст. Дар ҳамин ҳол гуруҳе аз таҳлилгарон муътақиданд, Созмони конфронси исломй наметавонад ихтилофоти мавчуд миёни кишварҳои Осиёи Марказй дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақаро ҳаллу фасл кунад.Аз нигоҳи ин даста аз таҳлилгарон Созмони конфронси исломй ҳануз ин мушкилро ба таври лозим дарк накардааст.Ба иборати дигар дар ин масъала заъфи иттилорасонии дастгоҳҳои дипломатии Точикистон бармало шудааст, мавзуе ки бо гузашти наздик ба 20 сол аз замони касби истиқлоли ин кишвар, ҳамчунон дар заминаҳои мухталиф матраҳ будааст. Ҳамин заъф боис шудааст, ки Точикистон дар бисёре аз масоили минтақайи ва байналмилалй имтиёзоти хеле арзишмандро аз даст диҳад. Заъфи дастгоҳи дипломатии давлати Душанбе, ки ёру ошнобозй дар таъйини сафирон аз чумлаи авомили он аст ва ин падидаи номатлуб боиси дар ҳошия қарор гирифтани бисёре аз кодрҳои варзида ва зубда шудааст,Точикистонро дар бисёре аз масъалаҳои муҳим ноком ва аз ҳаққи мусаллами хеш бенасиб мондааст. Дар сафари дабири кулли Созмони милали муттаҳид ба Осиёи Марказй ин масъала ба таври бесобиқа ошкор шуд.Душанбе натавонист Бон Ки Мунро мутақоид созад, ки неругоҳи Роғун на танҳо ба зарари ҳеч кишваре нест, балки манофеи фаровоне барои тамоми кишварҳои минтақа ба ҳамроҳ дорад, ҳатто ба ичрои тарҳҳои СММ дар Афғонистон суръати қобили мулоҳизае мебахшад. Албатта бетаваччуҳй ё камтаваччуҳии СММ ба мушкилоти Точикистон ба аҳамияти ин кишвар барои ин ниҳоди байналмилалй низ бармегардад ва дар марҳалаи кунунй палаи тарозу ба нафъи Узбакистон аст, яъне барои СММ беҳтар он аст,ки аз манофеи Тошканд ҳимоят кунад, то битавонад Узбакистонро дар тарҳҳои хеш дар минтақаи муҳим ва стротегии Осиёи Марказй ҳамсу кунад.Чунин руйкард чеҳраи воқеии СММро барои чомеи Точикистон ошкор кард. Аммо музокироти Манучеҳри Муттакй, вазири умури хоричаи Чумҳурии Исломии Эрон бо намояндаи вазорати хоричаи Узбакистон дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони хоричаи Созмони конфронси исломй дар Душанбе ва таъкиди у дар мавриди ин ки таваққуфи вагонҳои тачҳизоти Эрон ба Точикистон хилофи муқаррароти байналмилал аст,ин интизорро доман задааст, ки Созмони конфронси исломй бо ибтикори кишварҳои дуст, назири Чумҳурии Исломии Эрон битавонад ҳусни тафоҳумро ба фазои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказй бозгардонад. Дар ҳошияи нишасти Душанбе мақомоти баландпояи Эрон ва Точикистон дар мавриди сохтани роҳи оҳан аз Эрон то Точикистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ба тавофуқҳои аввалия даст ёфтанд. Ин иқдом яке дигар аз кумак ва мусоидатҳои Эрони исломй дар чиҳати рафъи мушкилоти Точикистон мебошад, ки мардуми точик онро аҳамияти зиёде қоиланд. Точикистон дар соли 1992 ба Созмони конфронси исломй пайваст шуд, аммо барои ҳамкорй бо кишварҳои исломй тамоили чандоне аз худ нишон намедод. Яке аз омилҳои ин амр он буд, ки давлати Душанбе бим дошт бо наздик шудан ба кишварҳои мусалмон, чойгоҳи ҳизби наҳзати исломй - аслитарин рақиби худро тақвият мекунад ва исломгарои дар кишвар густариш меёбад.Ҳамин бим боис шуд, давлати Душанбе бисёр фурсатҳои чалби сармояи кишварҳои арабй ба иқтисоди худро аз даст диҳад. Албатта тайи ин муддат Точикистон гули ваъдаҳои дуруғи Русия ва кишварҳои ғарбиро низ хурд ва ҳосили ин руйкард он аст, ки имруз Точикистон аз фақиртарин кишварҳои қаламрави Шуравии собиқ ба ҳисоб меравад ва болиғ бар 60 дарсади аҳолии қариб ҳашт милён нафарааш зери хати фақр зиндагй мекунад. Акнун Точикистон бо дарки воқеиятҳои мавчуд дар чаҳон, ба ин натича расидааст, ки фақат ба умеди як кишвар (Русия) шудан иштибоҳи маҳз аст, аз ин ру бо пеш гирифтани сиёсатҳои чандсамтй бар он шудааст, ки равобит ва ҳамкориҳоро дар тамоми заминаҳо бо кишварҳои мусалмон низ густариш диҳад. Акнун дар фазои баъд аз нишасти Шурои вазирони хоричаи кишварҳои узви Созмони конфронси исломй дар Душанбе, интизор меравад, ки руйкарди Точикистон ба тавсаъаи ҳамкориҳо бо кишварҳои узви ин созмон беш аз пеш афзоиш хоҳад ёфт.
Просмотров: 1081 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Май 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
     12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz