Главная | Регистрация | Вход | RSS Пятница, 11.10.2024, 12:24
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Октябрь » 7 » Истикболи Точикистон аз пешниходи раиси чумхури Туркманистон ва чойгохи Русия дар ин масъала
08:33
Истикболи Точикистон аз пешниходи раиси чумхури Туркманистон ва чойгохи Русия дар ин масъала
 Раиси чумҳури Туркманистон аз Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизситон даъват кард, ки чиҳати ҳифзи чараёни об аз рудхонаҳои Точикистон ба қаламравашон, ба таври муштарак ба давлати Душанбе чубронпулй пардохт намоянд.

 Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, раиси чумҳури Туркманистон, ки дар як нишасти хабарй ба пурсишҳои хабарнигорон посух мегуфт, дар ин замина афзуд, кишварҳои «поёноб» вазифадоранд зарару зиёнҳои бархоста аз  туғёни рудхонаҳоро ба Точикистон пардохт намоянд ва ба ин кишвар дар ҳалли масоли энержй кумак ва мусоидат намоянд.Қурбонгулй Бердимуҳаммадов таъкид кард, Точикистон, ки аслитарин таъминкунандаи оби бахши кишоварзй дар минтақа маҳсуб мешавад, ба камбуди шадиди энержй ру ба ру аст ва танҳо роҳи ҳалли ин мавзуъро дар сохти неругоҳҳои барқи обй мебинад.Вай афзуд  ин иқдом метавонад ба чараёни об ба дигар кишварҳо таъсири манфй расонад ва бахши кишоварзии кишварҳои «поёноб»-ро то ҳадде  ба камбуди шадиди об мувочеҳ кунад ва ин мавзуъ метавонад дар равобити кишварҳои Осиёи Марказй соя афканад ва минтақаро дастхуши ҳаводисе ғайриқобили пешбинй кунад.

 Бо таваччуҳ ба ин, раиси чумҳури Туркманистон аз кишварҳои минтақа даъват кард, ки ба таври муштарак ба Точикистон кумак кунанд, то битавонад масоили гидроэнергетикии худро ҳал намояд ва аз ин тариқ хатари буҳрони об дар минтақа бартараф шавад.

 Раиси чумҳури Туркманистон дар шароите давлатҳои минтақаро ба расидагй ба мушкилоти гидроэнергетикии Точикистон даъват кардааст, ки бино ба бароварди коршиносон тайи 5-10 соли оянда таъмини бархе аз манотиқи замин бо энержй ба масъалаи чиддй табдил хоҳад шуд.

  Мақомоти Точикистон аз пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон истиқбол карданд.Давлат Назрй, сухангуи вазорати хоричаи Точикистон зимни тамчид аз мавзеи Қурбонгулй Бердимуҳаммадов, онро иқдоме мантиқй тавсиф кард.Профессор Холназар Муҳаббатов муътақид аст, ки агар чораҳо ва тадбирҳои судманд андешида нашаванд, дар оянадае на чандон дур минтақа бо буҳрони шадиди об мувочеҳ хоҳад шуд.Вай мегуяд, идомаи ихтилофот миёни кишварҳо фақат боиси печидагии бештари масъалаи об хоҳад шуд.

 Аммо воқеият ин аст, ки масъалаи истифода аз рудхонаҳои фаромарзй дар Осиёи Марказй бо ангеза ва ғаразҳои сиёсии кишварҳо гиреҳ хурда, дар ҳолатҳое ба аҳрами фишор низ табдил шудааст.Дар ҳамин замина Константин Симонов, мудири бунёди амнияти энержии раёсати чумҳурии Русия мегуяд: ҳар аз гоҳе қатъ шудани интиқоли гази Узбакистон ба Точикистон ва Қирғизистон низ ба масъалаи об бастагй дорад ва Тошканд аз ин тариқ мехоҳад қудратнамойи кунад ва ду кишвари «боло об» - Точикистон ва Қирғизистонро мутақоид кунад, ки тарҳҳои гидроэнергетикии худро дар чорчуби манофеи Узбакистон таҳия ва ичро кунанд.Вай меафзояд, 18 млн. долларй, ки Душанбе ва Бишкек бобати гази масрафй напардохтаанд, чизе нест, ки онро ба рухи равобити байни кишварҳо кашид.

 Дигар коршиносон низ бар ин боваранд, ки идомаи ихтилоф бар сари истифода аз рудхонаҳои фаромарзй зимни ба буҳрон кашидани равобити кишварҳои минтақа, фурсати тозаеро дар ихтиёри қудратҳои мудайии нуфуз дар Осиёи Мраказй медиҳад, то бо дахолат дар умури дохилии кишварҳои ин минтақа, раванди таҳаввулотро тибқи майлу иродаи хеш пеш бибаранд. Аз ин ру пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон он иқдомест, ки дар ростои ҳалли масоили гидроэнергетикии Осиёи Марказй корсоз воқеъ хоҳад шуд.Аммо ин мавзуъ боясти бо ибтикори амали кишварҳои минтақа сурат гирад, зеро ҳар гунаи иқдоми миёнчигарона метавонад ҳамроҳ бо мавзеъгириҳои судчуёна бошад. Амре ки боиси боз ҳам печидатар шудани масъала хоҳад шуд.Дар ин росто бархе доираҳои расонайи аз миёнчигарии Маскав дар ҳалли баҳси об миёни кишварҳои Осиёи Марказй сухан ба миён овардаанд. Аммо руйкарди Русия ба ин мавзуъ тайи солҳои охир нишон медиҳад, ки ин кишвар ҳамеша дар чорчуби аҳдофи геостратегй ва геополитикии худ ба ин масъала бархурд кардааст. Кремл бо таваччуҳ ба авзои минтақа мавзеъ гирифта, гоҳе аз Душанбе чонибдорй намудааст ва гоҳе аз Тошканд.Ин мавзеъгириҳои «калавандаи» Маскав дар аксари мавридҳо ба зиёни Душанбе тамом шудаанд.Ҳатто ба назар чунин мерасад, ки Русия дар ташдиди ихтилофот миёни кишварҳои Осиёи Марказй нақш дорад ва бо доман задан ба ин ихтилофот роҳро барои дастёбй ба аҳдофи роҳбурдии худ ҳамвортар мекунад.Бо ин ҳол амалкарди Русия тайи солҳои баъд аз фурупошии Шуравй баёнгар аз он аст, ки Маскав дар қиболи кишварҳои ин минтақа сиёсати мушаххасе надорад ва ҳамин амр боис шудааст, ки тамоили кишварҳои Осиёи Марказй ба тавсаъаи равобит бо дигар кишварҳои Ғарбу Шарқ беш аз ҳар замони дигаре афзоиш пайдо кунад.

 Ҳануз кишварҳои минтақа дар қиболи пешниҳоди раиси чумҳури Туркманистон вокунише аз худ нишон надодаанд, аммо ин мавзуъ метавонад ба унвони барги баранда дар хидмати дипломатияи Душанбе бошад, зеро танҳо роҳи раҳойии Точикистон аз буҳрони энержй, баҳрабардорй аз манобеи гидроэнергетикй мебошад.Гузашта аз ин, мақомоти точик қабл аз ин борҳо дар мавриди мушорикати молии кишварҳои «поёноб» дар рафъи хисороти бархоста аз туғёни рудхонаҳо дархостҳо ироа намудаанд. Дархостҳое, ки ҳеч гоҳ мавриди таваччуҳи кишварҳои «поёноб», ки масрафкунандагони аслии оби рудхонаҳои Точикистон мебошанд, воқеъ нашудаанд.
Просмотров: 846 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
   1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz