Рузи 21 декабри соли 1991 дар шаҳри Алмато, пойтахти вақти Қазоқистон сарони 11 кишвари тозаистиқлол ёфта аз Шуравй(ба истиснои се чумҳурии назди Балтик ва Гурчистон), протоколи таъсиси ниҳоди чадид - Иттиҳоди давлатҳои мусстақилро имзо карданд.Ба ҳамин тартиб баъди 69 сол мавчудият, умри императории кумунистй ба поён расид ва абарқудрате ба номи Иттиҳоди чамоҳири шуравии сотсиалистй ба таърих пайваст.Дар протоколи мазкур аз чумла тазаккур дода шудааст, ки ҳамаи аъзо аз ҳуқуқ ва салоҳиятҳои мусовй бархурдор ҳастанд.Дар банди 3 қарордоди ташкили Иттиҳоди давлатҳои мустақил таъкид шуда, ки аъзои Иттиҳод бо ворид кардани тағйир дар қонунҳои марбутаи худ, воҳидҳои артиши Шуравии воқеъ дар кишварҳояшонро ба артиши миллии худ пайваст кунанд ва ин артишҳо ба таври муштарак аз суботу амнияти қаламрави Иттиҳод ҳифозат хоҳанд кард.Ойинномаи Иттиҳоди давлатҳои мустақил 22 январи соли 1993 тавсиб шуд, аммо то ҳануз Украина ин ойинномаро имзо накардааст ва узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди мазкур бар асоси санаде аст, ки миёни ин кишвар, Русия ва Белорус дар таърихи 8 декабри соли 1991 дар қароргоҳи ҳукумати чумҳурии Белорус, дар вилояти Брести ин кишвар, ба имзо расида буд. Дар соли 1993 Гурчистон низ ба ин Иттиҳод пайваст, аммо дар соли 2009 дар пайи даргирии мусаллаҳона бо Русия, ин иттиҳодро тарк кард ва дар айни ҳол Иттиҳоди давлатҳои мустақил 11 узв дорад.
Инак аз таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақил 19 сол сипарй мешавад ва тайи ин муддат ин ниҳод дастхуши мушкилоту масоили зиёде буд.Дар ибтидои зуҳури Иттиҳоди мазкур, интизороти аъзо аз фаъолиятҳо ва дар кулл фалсафаи вучуди он мутафовут буданд.Русия ба унвони ташаббускори аслй бар он буд, ки тасаллути Маскав бар чумҳуриҳои қаламрави императории собиқро тавассути ин ниҳод ҳифз кунад ва набзи фаъолиятҳо дар тамомии бахшҳо дар ин минтақаи бузургро дар ихтиёр дошта бошад.Кишварҳое мисли Украина ва Белорус, ки дар баробари Русия худро аз ҳеч чизе кам намедиданд, ин интизорро доштанд, дар қолаби ин иттиҳод истиқлоли амали бештаре касб ва битавонанд яккатозиҳои Маскав дар ин заминаро камранг кунанд.Ба илова, Киев ва Минск, ки дар замони Шуравй низ танҳо чумҳуриҳое буданд, ки дар Созмони Милали Муттаҳид намоянда ва ҳаққи раъй доштанд, мехостанд чойгоҳи мустақили худ дар Аврупойи шарқиро касб ва сиёсатҳои мустақилтаре аз Маскавро дунбол кунанд ва ҳатто дар ростои расидан ба ҳадафҳои худ, ба унвони рақиби Русия дар саҳна ҳозир шаванд.Чумҳуриҳои Қафқоз саъй бар он доштанд, бо камранг кардани чойгоҳ ва нуфузи Русия дар қаламрави худ, сиёсате комилан мустақил дошта бошанд, ба баёни дигар сарнавишти худро худ таъйин кунанд. Чунин талошҳое дар Осиёи Марказй низ чой дошт ва кишварҳои ин минтақа истиқлоли воқеи аз Маскавро дар садри сиёсатҳои худ қарор дода буданд, аммо чунин руйкарде дар Қирғизистон, Туркманистон ва Точикистон хеле эҳтиёткорона шакл мегирифт.Албатта Туркманистон бо эъломи бетарафй, як сиёсати комилан мутафовутеро дунбол мекард.Бо ин ҳол натичаи 19 сол мавчудияти Иттиҳоди давлатҳои мустақил собит мекунад, ки ин Иттиҳод натавонист ба унвони як ниҳоди таъсиргузор дар муодилоти минтақайи ва чаҳонй, шакл гирад.Ҳарчанд Русия талошҳои зиёде барои коройи кардани Иттиҳоди мазкур ба харч дод, аммо ин талошҳо тақрибан бе натича будаанд. Маскав аз абзорҳои мухталифе барои тақвияти равобити дарунсозмонй ва таҳкими ҳамгаройи дар миёни аъзо кор гирифт, вале набудани тамойили кишварҳо, ин талошҳоро нақш бар об кардааст.Аз суе, ҳарчанд бо пайравй аз мустамараҳои собиқи Англис, ниҳоди ба вучудомада баъд аз фурупошии Шуравиро "Чомеъаи кишварҳои муштаракулманофеъ" ё "Ҳамсуд" меноманд, аммо аввал ин ки ин тарчумаи нодурусти СНГ - Иттиҳоди давлатҳои мустақил аст ва дуввум, ин кишварҳо бе ҳеч вачҳ манофеи муштарак надоштанд ва нахоҳанд дошт.Дар ҳоле ки Озарбойчон ва Арманистон барои Қарабоғи куҳй мечанганд, оё метавон онҳоро муштаракулманофеъ гуфт? Ё кишварҳои Осиёи Марказй дар баҳси манобеи обии ин минтақа, манфиатҳои муштаракро дунбол мекунанд? Бо ин ҳол Русия бо таъсиси зермачмуъаҳое назири Иттиҳоди гумрукй, Паймони амнияти чамъй, созмони ҳамкории Шонгҳой, саъй кардааст ба унвони бародари бузург раҳбарии худро дар Иттиҳоди мазкур бар дигарон таҳмил кунад.Вале бо вуруди Ғарб ба қаламрави Шуравии собиқ, аз Қафқоз то Осиёи Марказй ва басту густариши ҳамкориҳои ду ва чандчониба миёни кишварҳои ғарбй ва чумҳуриҳои Шуравии собиқ, таъсиргузории Маскав дар таҳаввулоти қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил беш аз ҳар замони дигаре заъиф шудааст ва ин раванд ҳамчунон идома дорад.Нотавонии ин ниҳод дар расидагй ба мушкилоти мавчуд дар равобити аъзо, тамоили масъулони кишварҳо барои ширкат дар барномаҳои онро коҳиш додааст.Бо таваччуҳ ба ин, Русия баъд аз он ки натавонист бо аҳрамҳои иқтисодй нуфузи худро дар қаламрави Шуравии собиқ ба таври лозим ҳифз кунад, бар он шуд, ки аз абзорҳои амниятй кор гирад.Ташдиди фаъолиятҳои гуруҳҳои тундрав дар Афғонистон ва фазосозй дар мавриди таҳдиди ин гуруҳҳо ба амнияти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, фурсате ба вучуд овард, ки Маскав зарурати чойгиркунии пойгоҳҳои низомии худ дар Осиёи Марказй ва тақвияти ҳамкориҳои амниятии аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро бар шарикони худ илқо ва таҳмил кунад.Дар ҳамин росто Паймони амнияти чамъй шакл гирифт, ки таъсиси неруҳои вокуниши сареъ дар чорчуби ҳамин паймон, тасдиқе бар чиддияти Русия дар ин замина буд.Дар шароити кунунй Маскав бо ташдиди иқдомоти расонайи дар мавриди фаъолшавии ифротгароёни исломй, дар Осиёи Марказй, ба вижа дар водии Фарғона, бар он аст, ки барномаҳои амниятии худро ба кишварҳои минтақа таҳмил кунад ва бо аҳрамҳои амниятй - низомй нуфузи худро дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳифз кунад ва тавсаъа бахшад.Албатта бахши энержй аз дигар нигарониҳои Маскав дар идора кардани умури қаламрави пасошуравй аст, ки низ ҳамроҳ бо дастаи азиме аз масоил ва вижагиҳост. Аз чумлаи омилҳое ки монеъ аз мувафаққияти Русия дар пешбурди барномаҳояш дар дохили Иттиҳоди давлатҳои мустақил шуда, ташдиди рақобат миёни қудратҳои Ғарб ва Шарқ дар ин қаламрав мебошад.Ҳамин мавзуъ ва дар канори он коҳиши эътимоди кишварҳои узв ба садоқати Маскав дар пойбандй ба уҳдадориҳояш, фарзияҳоро дар мавриди фурупошии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, беш аз ҳар замони дигаре ба воқеият наздик кардааст.Амре ки ба гумони ғолиб идомаи он, сарнавиште назири Иттиҳоди шуравиро барои Иттиҳоди давлатҳои мустақил рақам хоҳад зад.
|