Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 06.10.2024, 03:34
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2010 » Октябрь » 29 » Каримов ва Медведев дар Ашкобод
12:39
Каримов ва Медведев дар Ашкобод
 
 Рузҳои 18-20 октябр Ислом Каримов, раиси чумҳури Узбакистон дуввумин сафари худ тайи даҳ моҳи ахир ба Туркманистонро анчом дод.Ин сафар бо таваччуҳ ба вижагиҳои хоси худ, дар меҳвари матолиби хабарй ва таҳлилии расонаҳои минтақа ва хорич аз он қарор дошт.Нахустин вижагии ин сафар он буд, ки чанд руз қабл аз сафари Димитрий Медведев, раиси чумҳури Русия ба Ашқобод, сурат гирифт.Ва аз ин чо маълум буд, ки масоили энержй дар маркази баррасиҳои Каримов ва Бердимуҳаммадов қарор дошт.Ҳарчанд содироти гози Туркманистон ба хорич аз минтақа, барои фаъолиятҳои бахши энержии Узбакистон аз аҳамияте хосе бархурдор аст, дар ин миён масъалаи ҳамсонсозии мавзеъхои ду кишвар дар масъалаи баҳрабардорй аз манобеи обии минтақа, дар шароити кунунй барои Тошканд дорои аҳамиятй роҳбурдй маҳсуб мешавад. Зеро Узбакистон қасд дорад чабҳаи кишварҳои поёноби Осиёи Марказиро(Узбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон) дар муқобили кишварҳои болооб(Қирғизистон ва Точикистон), бо истифода аз пуштибониҳои Маскав, тақвият кунад. Дар ин масъала агарчй Ашқобод ва Остона мавзеъхои чандон сахтгиронае дар қиболи барномаҳои гидроэнергетикии Кирғизистон ва Точикистон надоранд, аммо Тошканд ва шахси Ислом Каримов бо бузургнамойии ин мавзуъ дар пайи он аст, ки аз ҳар фурсате барои маҳкум кардани тарҳҳои сохтани неругоҳҳо дар Кирғизистон ва Точикистон, истифода кунад.Аммо масъалае, ки Тошкандро нигарон кардааст, рақобати вай бо Маскав дар заминаи содироти гази Туркманистон мебошад.Узбакистон шарики Туркманистон дар тарҳи хати лулаи гози Туркманистон-Узбакистон-Казоқистон-Чин, ки моҳи декабри соли 2009 мавриди баҳрабардорй қарор гирифт, мебошад.Русия талош дорад замонати кумаки Туркманистон барои таъмини гази мавриди ниёзи хати лулаи "Чануб"-ро касб кунад.Дар ин росто дар ҳоле ки Русия қасд дорад зимни афзоиши ҳачми хариди гази Туркманистон, қимати ин газро то ҳадди мумкин арзон кунад, Узбакистон бо наздикшавии дубора бо Туркманистон, бар он шудааст, ки дар мавриди қимати гази содиротй ба Русия, ҳамоҳнагиҳои лозимро бо Ашқобод анчом диҳад. Ба баёни дигар Узбакистон дар ҳоле ба пуштибониҳои Маскав аз мавзеъхои кишварҳои поёноби рудхонаҳои Осиёи Марказй умед бастааст, ки дар масъалаи содироти гази Туркманистон, рақиби Маскав маҳсуб мешавад. Аз суе Тошканд бо сиёсатҳои дугонаи худ дар бисёре аз масоили минтақаи стротегии Осиёи Марказй, аз муддатҳо қабл эътимоди бозигарони ин минтақаро аз даст додааст.Аммо қудратҳои шарқу ғарб бо огоҳии комил аз бозиҳои сиёсии Узбакистон, ба вижа раиси чумҳури ин кишвар, талош доранд аз давлати Тошканд ба унвони аҳрам дар рохи расидан ба аҳдофи хеш, кор гиранд.
 Ва аммо пушиши хабарии сафари ахири Ислом Каримов ба Туркманистон, ки тибқи маъмул дар расонаҳои расмии ду кишвар ҳамроҳ бо чумлабозиҳо ва умумигуйиҳо буд, баёнгар аз он аст, ки ду раиси чумҳур ба ҳам дуст шуданд.Ин руйдод аз он чҳат дорои аҳамият аст, ки дар пайи суиқасди нофарчом ба чони Сафармурод Ниёзов, раиси чумҳури фақиди Туркманистон дар моҳи ноябри соли 2002, ангушти иттиҳомот аз чумла ба суи Тошканд низ равона рафта буд.Аммо имруз ниёзи Тошканд ба ҳимоятҳои Ашқобод аз мавзеъхоии давлати Узбакистон дар қиболи бисёре аз масоили Осиёи Марказй, Ислом Каримовро водор кардааст, ки дар даҳ моҳи ахир барои дуввумин бор ба Туркманистон сафар кунад. Дар ҳамин ҳол, сафари раиси чумҳури Русия ба Туркманистон бо фосилаи чанд руз баъд аз сафари раиси чумҳури Узбакистон ба ин кишвар, тасдиқе бар ин дидгоҳ аст, ки дар мархалаи кунунй мавозеъ ва чойгоҳи Ишқобод дар муодилоти Осиёи Марказй аҳамияти бештаре касб кардааст.Дар соли 2009, баъд аз он ки хати лулаи интиқоли гази Туркманистон ба Русия дучори осебдидагй шуд ва ширкати "Газпром" хариди гази Туркманистонро қатъ кард, нуфузи Русия дар Туркманистон ба шиддат коҳиш ёфт.Дар канори ин, буҳрони иқтисодй мучиб шуд, ки гази туркман ба рақиби гази русй дар чиҳати вуруд ба бозорҳои Аврупо табдил шавад.Хамзамон бо ин, баъд аз он ки "Газпром" хариди гази туркманро аз 50 миллиард метри мукаъаб ба 12 миллиард метри мукааб коҳиш дод,Пекин вориди амал шуд ва бо ифтитоҳи хати лула, барои аввалин бор гази Туркманистонро вориди бозори Чин кард.Русия дар робита ба ин масъала вокунише нишон надод, зеро мутолиботи бозори Чин ба газро бештар аз инҳо арзёбй мекунад.
 Аммо масъалае, ки мучиботи нигаронии Маскавро фароҳам кардааст, мушорикати Ашқобод дар тарҳи Набуко мебошад, тарҳе ки бар асоси он гази Осиёи Марказй бо давр задани қаламрави Русия, ба Аврупо интиқол дода хоҳад шуд.Ин тарҳ бе мушорикати тарафи туркман, муваффақияте ба ҳамроҳ хахоҳад дошт.Албатта ҳануз Ашқобод ба таври расмй ба ин тарҳ ҳамроҳ нашудааст, аммо музокирот ва ройзаниҳо чараён доранд.
 Дар дидори ҳайатҳои русй ва туркман ҳамчунин масъалаи мушорикати Русия дар тарҳи ТАPI - сохти хати лулаи гози Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳинд, баррасй шуд. Ҳамзамон бо ин тарафи русй иттилоъ дод ки ширкати барқи Русия дар назар дорад хати интиқоли неруи барқ тавассути қаламрави Туркманистон ба Ирон, Афғонистон ва Покистон эҳдос намояд ва ҳозир аст Ашқободро дар ин тарҳ мушорикат диҳад. Бо нигоҳе ба натоичи сафари раисони чумҳури ду кишвари Узбакистон ва Русия ба Ашқобод, метавон ба ин натича расид, ки рақобати кишварҳои минтақа ва қудратҳои фароминтақайи барои нуфуз бар манобеи энержии Осиёи Марказй вориди марҳалаи чадиде шудааст.Дар чорчуби ин рақобат Қирғизистон ва Точикистон дар як чабҳаи муштарак дар муқобили Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон қарор гирифтаанд.Чунин вазъе боис шудааст то қудратҳои фароминтақаи барои истифодаи абзорй аз давлатҳои ин минтақаи стротегй барои дастёбй ба аҳдофи хеш, бар таҳаррукоти дипломатй биафзоянд.
Просмотров: 560 | Добавил: did | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Октябрь 2010  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
    123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz