Конфронси баррасии масоили Афғонистон дар Лондон дар ҳоле ба кори худ поён дод, ки ширкаткунандагон дар мавриди хуручи неруҳои низомии хоричй аз ин кишвар иттифоқи назар доштанд.Ба иборати дигар, дар ин нишаст стротегияи хуруч аз Афғонистон дар меҳвар қарор дошт.Аз суханрониҳо ва арзёбиҳо ба вузуҳ мушаххас буд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО стротегияи хуруч аз Афғонистон ва вогузории масъулиятҳо ба давлати Кобул зарфи панч соли ояндаро дар дастури кор қарор додаанд. Дар банди 10 эъломияи ниҳойии нишасти Лондон ба ҳукумати Афғонистон суфориш шудааст, ки зарфи се соли оянда дар тамоми манотиқи доғ масъулияти ичрои амалиёти низомиро бар душ гирад ва зарфи панч сол ҳузури физикии неруҳои худ дар ин манотиқро таъмин намояд. Дар ин робита Кай Эйде, сафири вижаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт:«Мо стротегияи гузарро дунбол мекунем ва ҳам ҳукумати Афғонистон ва ҳам чомеаи байналмилал аз ин ҳадаф чонибдорй мекунанд». Вай афзуд, мо то кунун ба Афғонистон ба унвони «сарзамини ҳеч кас» бархурд мекардем ва тасмимот дар мавриди ин кишвар ҳазорҳо мил хорич аз он гирифта мешуд.Акнун афғонҳо бар онанд, ки сарнавишти худро ба дасти худ рақам зананд. Дар мавриди хуруч аз Афғонистон Барак Обама, раиси чумҳури Амрико гуфта буд, ки мехоҳад хуручи низомиёни амрикойи аз ин кишварро аз тобистони соли 2011 оғоз кунад.Аммо Ҳилларй Клинтон, вазири умури хоричаи Амрико ба ширкаткунандагони конфронси Лондон гуфт, неруҳои афғон аз имсол масъулиятҳои бештареро бар уҳда хоҳанд гирифт ва ин кор ба тартиб аз як вилоят ба вилояти дигар сурат хоҳад гирифт. Дипломатҳои аврупойии ҳозир дар конфронси Лондон дар суханрониҳои худ таъкид бар он доштанд, ки давлати Кобул ибтикори амали бештаре нишон диҳад ва идораи умурро ба даст бигирад. Дар поёни дуввумин конфронси Лондон таҳти унвони «Раҳбарии афғонй,ҳамкории минтақайи ва мушорикати байналмилалй» эъломияи 34 моддайи ба тасвиб расид ва дар он масъулиятҳо ва тааҳудоти ҳукумати Афғонистон ва чомаеи чаҳонй баён шудааст.Дар ин санад талош барои амалй кардани оштии миллй, аз масъулиятҳои муҳими давлати Кобул унвон ва таъкид шудааст, ки чалби намояндагони қавмиятҳо ва гуруҳҳои мухталиф, аз чумла ба истилоҳ толибони миёнарав, бояд дар авлавияти фаъолиятҳои давлат қарор дошта бошад.Дар ин робита Девид Милибанд, вазири хоричаи Инглис гуфт, чомаеи чаҳонй фақат дар соли аввал барои барномаи оштии миллй ё идғоми миллй 140 миллион доллар ихтисос додааст ва боястй ҳукумати Афғонистон аз ин маблағ истифодаи лозим ба амал орад. Вазири хоричаи Инглис таъкид кард, раиси чумҳури Афғонистон дар мавриди ваъдаҳояш дар мавриди маҳори фарҳанги худкомагй ва фасоди идорй боястй бештар кушо бошад. Ҳарчанд ширкаткунандагони дуввумин конфронси Лондон натичаҳои онро муваффақиятомез арзёбй ва таъкид карданд, соири масоили мавриди баҳс дар конфронси Кобул, ки дар ояндаи наздик баргузор хоҳад шуд,мавриди баррасй қарор мегирад, аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ин нишаст чун дигар нишастҳои мушобеҳ таъсири чандоне бар раванди ҳаллу фасли масоили Афғонистон нахоҳад дошт. (Қобили зикр аст, ки конфронси аввали Лондон дар мавриди Афғонистон 31 январ - 1 феврали соли 2006 бо ҳузури намояндагони 70 кишвар ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи байналмилалй дар пойтахти Инглис баргузор шуда буд.)Аз мавзуъоти муҳими нишасти дуввуми Лондон баррасй ва тасвиби тарҳи мусолиҳа бо "толибони миёнарав" буд.Ба ин манзур дар назар гирифта шуд, ки 500 миллион доллар ихтисос дода шавад.Ин маблағ барои чалби он даста аз толибон, ки силоҳи худро канор мегузоранд ва ё ба чузву томҳои артиши миллии Афғонистон пайваст мешаванд, харч хоҳад шуд.Иқдоми мазкур зоҳиран ба ин маъност, ки давлатҳои ғарбй дар набард бо толибон шикаст хурда ва ба ин натича расиданд, қазияи АФғонистон роҳи ҳалли низомй надорад.Аммо ин савол матраҳ аст, ки оё бо чи меъёре метавон толиби тундравро аз толиби миёнарав чудо кард? Оё фақат гуфтани ин ки «ман толиби миёнарав ҳастам» кофист то тараф мавриди эътимод қарор гирад? Ба роҳатй наметавон ба ин пурсишҳо посух дод, зеро чунбиши толибон ба таври сохторй ташаккул наёфтааст ва хуручу вуруд ба бахшҳои он кори душворе нест. Ба илова ба чуз аз теъдоде аз сарони ин чунбиш, дигар аъзо дар ҳеч феҳристе, ки «тундрав» ё «миёнарав» будани онҳоро ташхис диҳад, шомил нестанд.Аз ин ру метавон натича гирифт, ки ҳар толибе метавонад бо муаррифии худ ба унвони «толиби миёнарав» маблағи лозимро дарёфт намояд ва дар мавриди дилхоҳ мучаддадан ба сафи чангчуён бипайвандад. Аз ин нигоҳ, тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» роҳ ба нокучост.Ва мантиқй ба назар намерасад, ки «толибони миёнарав» бо пайвастан ба давлат, дар муқобили «толибони тундрав» биистанд. Бо ин ҳол тарафи дигари ин тарҳ он аст, ки ба заъми қудратҳои ғарбй чунбиши толибон, ки парвардаи сарвисҳои вижаи ҳамин кишварҳои ғарбй аст, дар мақтаи кунунй рисолати худро то ҳадде анчом доданд.Яъне дар ҳашт соли пеш зуҳури ин гуруҳ баҳонае шуд барои лашкаркашии Ғарб ба Афғонистон ва истиқрори неруҳои низомии ин кишварҳо дар чавори рақибони аслиашон - Чин, Эрон ва Русия.Акнун давлатҳои ғарбй ниёз ба замон барои бозсозй ва сафоройии чадиди неруҳояшон дар минтақа доранд, то зимни маҳак задани вокунишҳои рақибони худ ва давлатҳои минтақа, барномаҳои ҳузури дарозмуддати худро тадвин кунанд.Ба назар мерасад Ғарб бо ироаи тарҳи мусолиҳа бо «толибони миёнарав» қасд дорад фаъолияти ин чунбишро дар минтақа густариш диҳад.Яъне бо пароканда кардани неруҳои толибон зимни фароҳам кардани заминаи шикасти ин неруҳо, нооромиҳоро ба Осиёи Марказй мунтақил ва аз ин тариқ ҳузури низомии худро афзоиш ва ҳамзамон хостаҳои худ ба давлатҳои ин минтақаро таҳмил кунанд.Фазосозиҳои Ғарб дар мавриди табдил шудани водии Фарғона ба конуни нооромиҳо аз ҳамин зовия қобили арзёбй аст. Дар мачмуъ конфронси Лондон собит намуд, ки Ғарб бо такрори иштибоҳи Шуравй, вижагиҳои қавмй ва сиёсии чомеаи Афғонистонро нодида гирифтааст.Аз ин чост, ки соҳибназарон ва шахсиятҳои Афғонистон ба созанда воқеъ гардидани натичаҳои нишасти Лондон ба дидаи шубҳа менигаранд.
|