Главная | Регистрация | Вход | RSS Воскресенье, 06.10.2024, 03:02
Приветствую Вас Гость

НИГОҲЕ ДИГАР

Главная » 2009 » Ноябрь » 19 » Маргу мири кудакон дар Осиёи Марказй
06:42
Маргу мири кудакон дар Осиёи Марказй
Ахиран дафтари Созмони милали муттахид (СММ) дар умури кудакон UNIСEF бо интишори гузорише чор кишвари Точикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Киргизистонро дар радифи кишвархои номусоид барои кудакон карор дод.Дар ин гузориш аз чумла омадааст, дар кишвархои мазкур ба далели набуди имконот ва барномахои давлатй,чойгохи модар ва кудак аз вазъи матлубе бархурдор нест ва дар бисёр мавридхо хукуки модар ва кудак поймол мешавад.

Гузориши дафтари кудаки СММ меафзояд, дар Точикистон аз як хазор кудак 64 нафар бештар аз 5 сол умр намебинанд. Ин рақам дар Туркманистон 48 ва дар Узбакистон ва Қирғизистон 38 нафарро ташкил медиҳад.Қазоқистон дар вазъи нисбатан матлубе бархурдор аст ва дар ин чумхурй аз як хазор навзод 30 нафар ба далоили мухталиф зери 5 сол чони худро аз даст медиҳанд.

Миёнгини маргу мири кудакони зери панч сол дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) аз як ҳазор кудак 23 кудак мабошад, ки ин шохис муодили омори мушобеҳ дар кишварҳои Амрикои Лотин ва ҳавзаи Кариб аст.

Дар идомаи гузориши UNIСEF омадааст, дар соли гузаштаи мелодй дар саросари чаҳон 8,8 млн. кудаки зери 5 сол чони худро аз даст доданд.93 дарсади марги кудакони зери 5 сол ба кишварҳои африқойи ва осиёи таалуқ мегирад, аммо 50 дар сади ин маргу мирҳо дар панч кишвари Ҳиндустон,Чумҳурии демократики Конго, Покистон ва Чин рух додааст.

Яке аз сабабҳои афзоиши маргу мири кудакон дар Осиёи Марказй набуди хаддамоти беҳдоштии лозим барои модарони бордор ва кудакони тоза ба дунё омада аст.Бар асоси оморҳои мунташира дар Қирғизистон ва Точикистон дар бисёре аз манотиқи дурафтода ба далели маҳрумиятҳои мавчуд на ҳамаи занон имкони истифода аз хаддамоти бемористон, ба вижа зоишгоҳҳоро доранд.Аз ин ру теъдоди қобили мулоҳизае аз таваллудҳо дар хона ва бидуни риояти меъёрҳои беҳдоштй сурат мегирад, ки ҳамин амр боиси ибтилои навзодон ва ҳамчунин модарони онҳо ба бемориҳои мухталиф шудааст.Ҳарчанд ин вазъ дар Туркманистон ва Узбакистон то ҳадде беҳтар аст, аммо омори марги кудакони зери панч сол дар ин ду кишвар низ нигаронкунанда аст. Набуди имконоти беҳдоштй ва иттилорасониҳои лозим, мучиб шудааст, ки бемории камхунй дар миёни модарон ва кудакон ба таври бесобиқае густариш ёбад.Мутаххассисон ҳамин бемориро аз чумлаи авомили марги беш аз ҳади кудакон ва модаронашон дар Осиёи Марказй медонанд.

Гузориши UNIСEF дар ҳоле мунташир шудааст, ки кишварҳои Осиёи Марказй дар мавриди истифода аз неруи кори кудакон низ мавриди интиқодҳои шадиди созмонҳои марбута ва кишварҳои аврупойи қарор доранд.Ин интиқододт бештар ба Узбакистон, Точикистон ва Туркманистон таалуқ мегирад, ки ҳамасола бо зери по гузоштани меъёрҳои байналмилалй садҳо ҳазор кудакро ба мавсими бардошти ҳосили панба басич мекунанд. Ин кори сангин дар шароите шабеҳи урдугоҳҳои кори ичборй анчом мешавад, ки маншаъи ибтилои кудакон ба амрози риявй ва кулявй маҳсуб мешавад. Ҳарчанд қавонини ин кишварҳо истифода аз неруи кори навчавононро мамнуъ эълом кардааст, аммо ҳокимони маҳаллй ба манзури чалби эътимоди мақомоти марказй, ки риволе бозмонда аз замони режими комунистй аст, бо таътил кардани мадорис шогирдҳоро ба манотиқи кишоварзй чиҳати бардошти ҳосили панба эъзом мекунанд.

Бино ба гузориши гуруҳҳои мудофеи ҳуқуқи башар истифода аз неруи кори навчавонон дар бардошти ҳосили пахта дар Узбакистон ба унвони сиёсати давлат дар омадааст.Узбакистон аз чумлаи кишварҳое дар Осиёи Марказй аст, ки донишомузон ба таври ичборй ба бардошти ҳосили пахта эъзом мешаванд ва дар ин амр иродаи бачаҳо ва волидайнашон дар назар гирифта намешавад.Дар мавсими бардошти ҳосили пахта садҳо мактаб таътил мешаванд ва бачаҳои синни 10-15 сол ба корҳои кишоварзй чалб мешаванд.

2 сентябри соли 1990 конвенсиюни СММ дар мавриди ҳуқуқи кудакон ба тасвиб расид ва Точикистон дар соли 1993 ба ин конвенсиюн пайваст. Аммо ҳануз ҳам теъдоди зиёде аз бачаҳо дар ин кишвар аз ҳаққи таҳсил маҳруманд.Аз чумла дар соли таҳсилии 2008-2009 дар устони Суғд болиғ бар 220 ҳазор нафар писар ва духтар ба омузиш фаро гирифта нашуданд.Яке аз сабабҳои ба мактабҳо чалб нашудани бачаҳо вазъи бади иқтисоди хонаводаҳо аст, ки бачаҳоро хеле зуд вориди бозори кор мекунад.Маҳз аз ҳамин чост, ки имруза дар ин кишвар, ҳамчунин дар дигар кишварҳои Осиёи Марказй садҳо навчавон машғули корҳое назири мошиншуйи, кишоварзй, каффошй ва ... мебошанд.

Солҳои ахир бисёре аз ниҳодҳои байналмилалй ва кишварҳои кумакрасон дар чиҳати ислоҳи вазъи беҳдоштй дар кишварҳои Осиёи Марказй сармоягузорй намудаанд. Аммо дар бисёре аз маворид аз ин кумакҳо ба таври матлуб истифода нашуда, фасоди молии мавчуд дар кишварҳои минтақа кумакҳои ироашударо беасар кардааст.Аз суи дигар камбуди пизишкони мутахассис бар вахомати авзоъ афзуда, заминаро барои шуюъи амрози мухталиф дар ин кишварҳо фароҳам намудааст. Яке аз иллали камбуди пизишкон мизони пойини ҳуқуқи пизишк дар Осиёи Марказй аст, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз мутахассисони ин риштаро роҳии кишварҳои хоричй, аз чумла Русия ва мамолики арабй намудааст.Бинобар ин ислоҳи вазъ эчоб мекунад, ки ҳамзамон бо тасвиби барномаҳои роҳбурдии давлатй дар ин чавомеъ, фарҳангсозй дар заминаи беҳдошти хонавода низ сурат гирад, то аз як су аз таваллудҳои беравия пешгирй шуда, танзими хонавода бар асоси ниёзҳои руз ба роҳ монда шавад.

Просмотров: 822 | Добавил: did | Рейтинг: 5.0/3
Всего комментариев: 0
Имя *:
Email *:
Код *:

Наш опрос

Оцените мой сайт
Всего ответов: 200

Форма входа

Поиск

Календарь

«  Ноябрь 2009  »
ПнВтСрЧтПтСбВс
      1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30

Архив записей

Друзья сайта

  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz